Салимпур маккор ё гумроҳ

Асосноккунии падидаи хиёнат ва дар зери чатри рамзҳои озодиву демократия баромад кардани Мирзо Салимпур, барои ҳар як шаҳрванди огоҳ ошност ва он заминаи таърихӣ дорад. Дар шароити геополитикӣ, набардҳои иттилоотӣ ва ҷангҳои усулан нав, он муқовимати созгори манофеи миллӣ ва вокуниши саривақтиро тақозо мекунад.
Ҳамлаҳои нотавонбинона, ки дар бештари замон аз ҷониби гардонандаи сиёсати иттилоотии зиддитоҷикӣ - Мирзо Салимпур дар шароити Аврупои Шарқӣ роҳандозӣ мешавад, дар навъи худ беҳамтост.
Коре, ки Мирзо Салимпур дар сомонаи «Ахбор.ком» иттилоот медиҳад ва намедонад, ки ҳар коре ки бидуни меҳру ихлос ба сомон мерасад, бесомон хоҳад буд.
Сатҳнигарӣ ва камчинии иттилооти касбӣ ба Салимпур иҷозат намедиҳад, ки ҳолати кишварҳои исломиро бубинад, ба ҷузъ аз баъзе мисоли истисноӣ, ки ҳама дар ботлоқи ҷангу хунрезӣ ва дурӣ аз дастовардҳои илму технология мадҳушанд ва наметавонанд аз анбӯҳи мушкилот сар берун биёваранд.
Худшефтагӣ ва ангезаҳои мансабпарастии Салимпур, ки барои ҳизби наҳзати исломӣ, ки собиқаи ҷангҷӯйи ғанӣ ва тавтаиандозии таърихӣ дорад, минбар ва шароит фароҳам овардааст, дар чанд ангезаи калидӣ маҳдуд мешавад. Якум, манфиатталабӣ ва ҳамчун абзори таблиғотӣ истифода кардани мавзӯи наҳзат ҳамчун «созмони ранҷдида». Дуюм, беасос доғ нишон додани масъалаи «ҳуқуқи инсон» ва дар ин замина, ба чолиш кашидани раҳбарияти радиои «Озодӣ» ҳамчун ҳамкори ниҳодҳои ҳукуматӣ. Аз бозе ки грантҳои вофир ва бебаркаш ба суратҳисоби Салимпур сарозер мешавад, бар ин фарзия ишора мекунад.
Магар Мирзо Салимпур фикр мекарда бошад, ки думрави наҳзатӣ шудан ба кадом ҳадаф аст? Магар ӯ ғайримустақим заминаи як инқилоби исломиро ба сони кишвари форсизабон мусоид намесозад? Инқилобе, ки 5 млн. муҳоҷири равшанфикр дошту даҳҳо ҳазор қурбонӣ. То куҷо як бор хиёнати равшанфикрон, ки ба ҷабҳаи муллоҳо часпиданд, раво буд, ки Салимпул боз ҳамон кореро мекунад, ҳеҷ одами оқил онро намекунад.
Салимпур аз ҷумлаи чунин афродест, ки танҳо пазириши арзишҳои ботил ва хоми ифротиро дораду худхоҳу мағрур аст, ба инсонҳо нафрати беандоза дорад, ҷанҷолдӯстдору пархошгар аст.
Амалан Салимпур бори дуюм аст, ки ба миллат хиёнат мекунад. Солҳои 90-ум дар авҷу шӯри ҷавонӣ ба майдони хатарноки сиёсат пой ниҳод. Чун пойгоҳи илмӣ ва шуурии мустаҳкам надошт, мафтуни ақидаҳои митингбозӣ ва беҳокимиятӣ гардид. Ҳамин буд, ки чун тарафдорони исломи сиёсӣ аксаран аз ҳаммаҳалҳояш буданд, дар асоси ваҷҳи муштараки марази ҳамешабедори маҳаллӣ ба ин ҷабҳа пайваст. Вале мехост, демократӣ будани худро дар ботлоқи тундгароён ҳифз кунад, ки бинобар мутлақандешии доираҳои мутаассиб номумкин буд.
Дар охир ба Мирзо Салимпур, гуфтанием, ки марди оқил дарро пӯшад, панҷараро барои рӯзи мабодо боз мемонад.
Комментарии (0)