Хадамоти матбуотии раисҷумҳури навишт, ки имрӯз, дар ин маросим бо фармони раисҷумҳур ба бархе аз кормандони сохторҳои қудратӣ рутбаи навбатии ҳарбӣ, аз ҷумла, рутбаҳои сипаҳсолор (генерал-полковник), лашкарсолор (генерал-лейтенант), гундсолор (генерал-майор) ва дигар рутбаҳо тақдим шудааст.
Номи онҳое, ки унвону мукофот ва рутбаи нав гирифтаанд, расман нашр нашудааст.
Вале тибқи иттилои дарёфтии «Азия-Плюс» аз ҷумла, Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳамзамон муовини вазири адлияи Тоҷикистон рутбаи генерал-полковник гирифтааст. Ӯ то ин дам генерал-лейтенант буд. Миралӣ Абдураҳмонзода бо Рамазон Раҳимзода. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ Ҳамчунин, Миралӣ Абдураҳмонзода, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД), ки то ин дам полковник (сарҳанг) буд, рутбаи генерал-майори милитсия гирифтааст. Суҳроб Рауфзода, фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД низ рутбаи генерал — лейтенант гирифтааст. Ӯ то ин дам генерал- майор буд. Илҳомиддин Вализода, сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, ки то ин дам полковник (сарҳанг)-и пулис буд, рутбаи генерал-майори милитсия гирифтааст.
Ҳамчунин, Хуршед Вализода, сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ки то ин дам полковник (сарҳанг) буд, рутбаи генерал — майор гирифтааст.
" "
Ҳамчунин, имрӯз аз ҷумла, ба чанде аз низомиён ва як гурӯҳ собиқадорон унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, нишон (ордени) Спитамен дараҷаи I, нишони Спитамен дараҷаи II, нишони Шараф дараҷаи I, нишони Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали Хидмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷоъ, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлол тақдим шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар охир аз роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб кардааст, ки бо сарбозон чун фарзандони худ муносибат карда, аз онҳо кадрҳои аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаро тарбия кунанд. Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ ба чанде аз мансабдорони пешину имрӯзи тоҷик ва кормандони касбу кори гуногун, мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ дода буд.
Комментарии (0)