< Нарендра Модӣ мегӯяд бо Эмомалӣ Раҳмон “суҳбати хуб” доштааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нарендра Модӣ мегӯяд бо Эмомалӣ Раҳмон “суҳбати хуб” доштааст

Нарендра Модӣ мегӯяд бо Эмомалӣ Раҳмон “суҳбати хуб” доштааст
​Мулоқоти ду раҳбар рӯзи 1-уми сентябр дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд. Ин дидор дар доираи барномаи мулоқотҳои дуҷонибаи раҳбарони кишварҳо дар ҳошияи 26-умин нишасти СҲШ сурат гирифт. Нарендра Модӣ баъд аз мулоқот гуфт, ки Ҳиндустон барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф манфиатдор аст. Вай дар шабакаи иҷтимоии «X» мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонро «суҳбати хуб» арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки Деҳлӣ мехоҳад ҳамкориҳои дуҷониба бо Душанбе бештар шавад.

Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар солҳои охир дар бахшҳое аз қабили тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, маориф ва амният ҳамкорӣ доранд. Масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъи амниятӣ ва роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодӣ, аз мавзуъҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар ба шумор мераванд.

Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле баргузор шуд, ки Нарендра Модӣ дар ҷаласаи сарони СҲШ аз кишварҳои узви ин созмон хост, ки ҳамкориҳои худро ба натиҷаҳои мушаххас табдил диҳанд. Ӯ гуфт, ки дар шароити номуайянӣ ва ноустувории байналмилалӣ кишварҳои узви СҲШ бояд имкониятҳои мавҷудаи худро барои рушди иқтисодӣ ва беҳтар кардани зиндагии мардум истифода баранд. Ба гуфтаи сарвазири Ҳиндустон, се самти асосӣ — амният, пайвастагии минтақавӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав бояд дар маркази фаъолияти СҲШ қарор дошта бошанд. Нарендра Модӣ ҳамчунин, мубориза бо терроризмро яке аз вазифаҳои муҳимми созмон номид ва хост, ки кишварҳои узв бо маблағгузорӣ, ҷалб ва радикализатсияи гурӯҳҳои террористӣ муборизаи бештар баранд. Ӯ таъкид кард, кишварҳое, ки ба гурӯҳҳои террористӣ паноҳгоҳ ё пуштибонӣ медиҳанд, набояд терроризмро ҳамчун василаи сиёсӣ истифода кунанд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий