< Куштаву захмӣ шудани даҳҳо кас. Идомаи табодули оташ миёни Амрико ва Эрон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Куштаву захмӣ шудани даҳҳо кас. Идомаи табодули оташ миёни Амрико ва Эрон

Куштаву захмӣ шудани даҳҳо кас. Идомаи табодули оташ миёни Амрико ва Эрон
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) шаби 1-уми сентябр ба нуқоте дар Эрон ҳамлаи ҳавоии худро идома дод ва он бо посӯхи нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар чанде аз кишварҳои Ховари Миёна нҷом ёфт. Расонаҳои эронӣ аз кушта шудани даҳҳо кас дар пайи ин ҳамлаҳо хабар медиҳанд.

Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) иддао кард, ки дар даври нави ҳамлаҳои худ, «мавзеъҳои Сипоҳи посдорон, аз ҷумла сомонаҳои дифои ҳавоӣ, радарҳо, таҷҳизоти дарёӣ, тавонмандиҳои минагузорӣ ва марказҳои иртиботиро» ҳадаф қарор додааст.
СЕНТКОМ эълом кард, ки ин ҳамлаҳо пас аз талошҳои ахири Сипоҳи посдорон барои ҳамла ба киштиҳои тиҷорӣ дар Тангаи Ҳурмуз ва ҳамлаҳо алайҳи нерӯҳои амрикоӣ анҷом шудааст.

Намогирифт аз навори «Сентком», ки иддао кард ба пойгои Сипоҳ ҳамла кардааст
                                    "                                          
Тибқи иттилои мақомоти Эрон, дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоии шаби 1-уми сентябри Амрико ба ҷашни арусӣ дар яке аз рустоҳои ҷазираи Сирик, дастикам 5 ғайринизомӣ кушта ва наздики 70 тани дигар захмӣ шудаанд, ки дар байнашон занону кӯдакон ҳам ҳастанд.
                                         
Ба гузориши расонаҳои Эрон, дар ҳамла ба се нуқта дар вилояти Хузистони Эрон низ 7 кас кушта ва 8 тани дигар захмӣ шудааст.
Би-Би-Сӣ аз қавли сухангӯи СЕНТКОМ навишт, ки ин марказ аз гузоришҳо дар бораи «ҳадаф қарор гирифтан ва кушта шудани ғайринизомиён» дар рустои Кӯҳастак огоҳ аст, аммо дар ин баробар иддао кардааст, ки «нерӯҳои низомии Амрико ҳаргиз ба ғайринизомиён ҳамла намекунанд».

Хабаргузории Садо ва Симои Эрон ҳамчунин, аз ҳамлаи ҳавоӣ ба фурудгоҳи вилояти Кирмон хабар дод.
Ҳамчунин, хабаргузории «Форс» бо такя ба Сипоҳи посдорон хабар додааст, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба вилояти Кирмоншоҳ 4 низомии ин сохтор кушта шудааст.

Осори ҳамлаи Амрико ба ҷашни арусӣ дар Сирик.


Дар посух ба ин ҳамлаҳо, шаби сешанбе ва соате пас аз оғози ҳамлаи ҳавоии Амрико ба соҳилҳои ҷанубии Эрон, Сипоҳи посдорон ва артиши ин кишвар ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Урдун, Баҳрайн ва Ироқ ҳамлаи мушакӣ ва паҳподӣ анҷом доданд.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, ба ҳамлаҳои Амрико посух дода, ба «як маркази таъмирӣ ва анборҳои таҷҳизоти фаннӣ"-и артиши Иёлоти Муттаҳида ва «системаи раҳбарии ҷосусӣ"-и ин кишвар дар Арбил ҳамла карда, онҳоро нобуд кардааст.
Ҳамзамон, Сипоҳи посдорон хабар дод, ки пойгоҳи нерӯҳои баҳрии Амрико дар Урдун ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст.
Ба ҷуз ин, субҳи 2-юми сентябр Сипоҳ гуфт, ба пойгоҳи «Алӣ-ас-Салом"-и Амрико дар Кувайт ҳам ҳамла анҷом додааст.
                                                                    
Артиши Эрон эълом кард, ки ҳамчунин, ба пойгоҳи Шайх Исои Амрико дар Баҳрайн, ки яке аз муҳимтарин ва ҳассостарин пойгоҳҳои Амрико дар минтақаи Халиҷи Форс ва аз марказҳои муҳими таъмир ва нигаҳдории чархболҳо ва қисмҳои паҳподҳо ва мизбони ҳавопаймоҳои шиносоӣ ба ҳисоб меравад, ҳамлаи паҳподӣ анҷом додааст.
                                                             
Амрико расман дар бораи ин ҳамлаҳо изҳори назар накардааст.

Сипоҳи посдорон ҳушдор додааст, ки ҳамалоти нави Амрико «қулфи тангаи Ҳурмузро маҳкамтар» кард.
Артиши Урдун эълом кард, ки аз 13 мушаки аз самти Эрон партобшуда 10 адади онро раҳгирӣ ва нобуд кардааст.
Артиши Кувайт субҳи чоршанбе аз фаъол шудани сомонаҳои зиддиҳавоӣ хабар дод ва ба сокинони ин кишвар дастури амниятӣ содир кард.



Дар ҳамин ҳол, Амрико дар пайи «боло гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна», барои шаҳрвандонаш «ҳушдори амниятӣ» дода, гуфтааст, аз паёмҳои лағв ё таъхири парвозҳо ва баста шудани фазои ҳавоии кишварҳо огоҳ бошанд.
Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар саҳифаи «Х-"и худ навишт, ки «Эрон ва гурӯҳҳои ҳомии ин кишвар мумкин аст манофеи Амрико дар хориҷ аз кишвар ё маконҳои марбут ба Амрико ва амрикоиҳо дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла касбу корҳоро ҳадаф қарор диҳанд».
                                                                    
Бо оғози мавҷи нави даргириҳо миёни Амрико ва Эрон, ки шаби 30 ва 31-уми август дубора оғоз шуд, сатҳи танишҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар минтақаи Ховари Миёна низ афзоиш ёфтааст.       
                                                       
Қароргоҳи «Хотам-ум-анбиё», ки мудирияти ҷанг дар Эронро ба уҳда дорад, ба кишварҳои минтақа ҳушдор дод, агар бо артиши Амрико ҳамкорӣ кунанд, мунтазири оқибатҳои хатарноки он бошанд.
Шаби 31-уми август ба 1-уми сентябр миёни Амрико ва Эрон табодули оташ сурат гирифт, ки ҷузъиёти онро метавонед инҷо хонед.
Сарчашмаи баҳси ин ду кишвар чист ва чаро онҳо ба ҳамдигар ҳамла мекунанд? Дар ин пайванд хонед.




Сарчашма: asiaplus.news 

Комментарии (0)

Оставить комментарий