Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти СҲШ ба Қирғизистон рафт
Имрӯз, 31-уми август, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти сарони кившарҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон парвоз кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми сарвазири кишвар, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар бахши масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энержӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қарор аст, нишасти сарони СҲШ фардо, 1-уми сентябр, дар шаҳри Бишкек бо иштироки сарони кишварҳои узв ва нозир баргузор шавад.
Тибқи иттилои расонаҳои Қирғизистон, дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой иштироки роҳбарони 10 кишвари узви ин созмон ва ҳамчунин сарони якчанд кишвари шарик ва меҳмонони вижа дар назар аст.
Аз ҷумла, дар қатори Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ин нишаст роҳбарони кишварҳои зерин ба Қирғизистон рафтаанд:
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия,
Си Ҷинпин, роҳбари Чин,
Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон,
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон,
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон,
Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд,
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон,
Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус.

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон,
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон,
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия,
Ухнаагийн Хурэлсух, раисҷумҳури Муғулистон,
Тхонглун Сисулит, раисҷумҳури Лаос,
Во Тхи Ан Суан, ноиби раисҷумҳури Ветнам,
Ҳусейн Исо, муовини нахуствазири Миср,
Фор Эссозимна Гнассингбе, раиси Шӯрои вазирони Того,
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид.
Ин нишаст 26-умин ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ буда, зери раёсати Қирғизистон сурат мегирад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)