Ҳамлаи Амрико ба ҷазираи Лорак ва посухи Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Урдуну Иморот. Ду ҷониб воқеаро чӣ гуна шарҳ медиҳанд?
Нерӯҳои Амрико шаби гузашта ба ҷазираи Лорак дар Халиҷи Форс зарба задаанд ва дар посух ба он Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Артиши Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Араб мушак ва паҳпод партофтаанд. Ҳамзамон Теҳрон эълон кард, ки як ҳавопаймои бесарнишини амрикоии MQ-9-ро дар болои гулӯгоҳи Ҳурмуз сарнагун кардааст.
Теҳрон чӣ мегӯяд?Расонаҳои Эрон бо истинод ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ навиштанд, ки шаби гузашта як ҳавопаймои бесарнишини амрикоии MQ-9 дар болои гулӯгоҳи Ҳурмуз сарнагун шудааст.
Хабаргузории «Форс» бо такя ба иттилои Сипоҳ менависад, ки паҳпод аз ҷониби «сомонаи муосири дифоъи ҳавоии Сипоҳ» зада шуда, ба обҳои Халиҷи Форс суқут кардааст.
Сипоҳи посдорони инқилоб эълон кард, ки дар посух ба ҳамлаи Амрико ба ҷазираи Лорак ду пойгоҳи амрикоиро дар Урдун бо мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳадаф қарор додааст. Сипоҳ иддао кардааст, ки дар натиҷаи ин ҳамла «чанд сарбоз ва шаҳрванд» кушта ё маҷрӯҳ шудаанд ва «посух ва муҷозот» идома хоҳад ёфт.
Артиши Эрон низ гуфтааст, ки «макони чархболҳо ва нерӯҳои амрикоиро дар пойгоҳи Ал-Манҳод дар Имороти Муттаҳидаи Араб» ҳадаф қарор додааст. Ба гузориши телевизиони давлатии Эрон, ин ҳамла субҳи барвақт бо «даҳҳо паҳпод» анҷом шудааст.
Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамлаи шаби гузаштаи Амрикоро маҳкум карда, гуфтааст, ки он нақзи ошкори банди 4-и моддаи 2-и Оинномаи Созмони милали муттаҳид (СММ) аст. Ин ниҳод аз Шӯрои амнияти СММ ва Дабири кулли он хост, ки ҷиҳати посдошти сулҳу амнияти байналмилалӣ чора андешанд ва таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба ҳар таҷовузи низомии душман қотеъона посух хоҳанд дод.

Акс аз Google Maps Вашингтон чӣ мегӯяд?Фармондеҳии марказии артиши Амрико (CENTCOM), тавре «Ройтерз» менависад, тасдиқ кардааст, ки ду партобгари мушаки Эронро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор додааст ва сабаби онро таҳдид ба киштигардӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз номидааст.
«Нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳангоми омодагӣ ба партоби мушакҳо бо минаҳои баҳрӣ ба гулӯгоҳи Ҳурмуз мушоҳида шуданд», — гуфт Тим Ҳокинс, афсари Нерӯи баҳрӣ ва сухангӯи CENTCOM.
Ба гуфтаи ӯ, «нерӯҳои Амрико минтақаро аз наздик зери назорат доранд ва барои ҳифзи ҳаракати озоди тиҷорат тавассути ин роҳи обии муҳим омодаанд». Ҳокинс афзуд, ки ҳафтаи гузашта CENTCOM поксозии минаҳои баҳриро аз хатсайрҳои байналмилалии киштигардии гулӯгоҳ ба анҷом расонида буд.
CENTCOM баъдтар баҳои Теҳронро, ки ин зарбаро «таҷовуз» номида буд, рад карда, гуфт, «нерӯҳои Амрико амали маҳдуд ва дақиқро алайҳи нерӯҳои минагузори Сипоҳ, ки дар гулӯгоҳи Ҳурмуз таҳдиди фаврӣ эҷод карда буданд, анҷом доданд».
Ҷониби амрикоӣ то ҳол сарнагун шудани паҳподи MQ-9-ро тасдиқ накардааст.
Урдун ва Аморат чӣ гуфтанд?Артиши Урдун гуфтааст, ки низоми дифои ҳавоии ин кишвар субҳи имрӯз, 31-уми август, 8 мушакеро, ки ба ҳарими ҳавоии подшоҳӣ ворид шуда буданд, дар ҳаво нобуд кардааст. Ин иттилоъро сухангӯи Нерӯҳои ҳавоии Урдун ба хабаргузории расмии ин кишвар «Петра» додааст.
Имороти Муттаҳидаи Араб ба ҳамлаҳои Эрон вокуниш нишон надодааст.
Бояд гуфт, ки ҳам Урдун ва ҳам Имороти Муттаҳидаи Араб ба Амрико иҷоза додаанд, ки дар қаламравашон пойгоҳҳои низомӣ сохта, аз он ҷо ба ҳадафҳояш дар минтақа, аз ҷумла ба Эрон ҳамла кунад. Аз ин сабаб, пас аз ҳар ҳамлаи Амрико ба Эрон, қаламрави ин ду кишвар ва чанд давлати дигари арабии Ховари Миёна мавриди ҳамлаи мушакиву паҳподии Теҳрон қарор мегиранд.
Маълум нест, ки хисороти ин ҳамлаҳо аз ду ҷониб чӣ қадар аст. Изҳороти Эрон ҳам дар бораи талафот дар пойгоҳҳои Урдун ва ҳам дар бораи кушташудагон дар ҷазираи Лорак аз ҷониби манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст.
Ҳамлаи дуюми Амрико ба Эрон дар моҳи августИн бори аввал нест, ки Эрон аз сарнагун кардани паҳподи амрикоӣ дар Халиҷи Форс хабар медиҳад. Рӯзи 3-юми август низ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълон карда буд, ки як ҳавопаймои бесарнишини MQ-9 Reaper-и Амрикоро дар болои гулӯгоҳи Ҳурмуз зада, сарнагун кардааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон охири моҳи феврали соли 2026 оғоз шуд ва аз он вақт то кунун чанд маротиба оташбас эълон ва вайрон шудааст. Рӯзи 8-уми апрел тарафҳо ба оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат карданд, рӯзи 15-уми июн Теҳрону Вашингтон аз хотима ёфтани ҷанг хабар доданд ва пас аз он ёддошти тафоҳум барои 60 рӯзи музокира ба имзо расид.
Вале ин тавофуқ дер давом накард. Рӯзи 8-уми июл Фармондеҳии марказии артиши Амрико (CENTCOM) эълон кард, ки ба беш аз 80 ҳадаф дар ҷазираҳои Эрон зарба задааст ва Сипоҳ дар посух пойгоҳҳои амрикоиро дар Баҳрайну Кувайт ҳадаф қарор дод.
Рӯзи 15-уми июл Эрон гулӯгоҳи Ҳурмузро баст ва Амрико муҳосираи дарёии бандарҳои Эронро аз сар гирифт. Он замон нархи нафт беш аз 9 дарсад боло рафт. Рӯзи 1-уми август Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфта буд, ки ҳамлаҳои навро ба Эрон мавқуф мегузорад, вале рӯзи 18-уми август эълон кард, ки ҳеҷ музокирае бо Теҳрон ба нақша гирифта нашудааст ва аз тавофуқи Эрону Уммон дар бораи бозгушоии Ҳурмуз норозигӣ кард.
Сарчашмаи баҳси ин ду кишвар чист ва чаро онҳо ба ҳамдигар ҳамла мекунанд? Дар ин пайванд хонед.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)