< “Дарси сулҳ” 31-уми август баргузор мешавад. Дар ин рӯз киҳо бояд ба мактабу донишгоҳ раванд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Дарси сулҳ” 31-уми август баргузор мешавад. Дар ин рӯз киҳо бояд ба мактабу донишгоҳ раванд?

“Дарси сулҳ” 31-уми август баргузор мешавад. Дар ин рӯз киҳо бояд ба мактабу донишгоҳ раванд?
Имсол низ «Дарси сулҳ», ки қаблан рӯзи 1-уми сентябр доир мешуд, 31-уми август баргузор мешавад. Дар ин рӯз хонандагони синфҳои аз 8 то 11 ва донишҷӯёни макотиби олӣ бояд ба мактабу донишгоҳҳо ҳозир шуда, суханронии раисҷумҳурро тариқи телевизион мустақим тамошо кунанд.

Дар ин бора рӯзи 27-уми август аз Вазорати маориф ва илм ба «Азия-Плюс» хабар доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки рӯзи 31-уми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бинои нави мактаби рақами 105 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро ифтитоҳ карда, дар он ҷо бо кормандони соҳаи маориф мулоқот мекунад.

Манбаъ афзуд, ки рӯзи 31-уми август хонандагони то синфи 8 ба мактаб намераванд ва таҳсил рӯзи сешанбе — 1-уми сентябр мувофиқи барномаи мактабӣ оғоз мешавад.

«Танҳо хонандагони синфҳои 8, 9, 10, 11 ва донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилотӣ ва донишгоҳҳо ҳозир шуда, суханронии роҳбари давлатро тариқи шабакаҳои телевизионӣ мустақим тамошо мекунанд», — изҳор доштанд дар вазорат.

Сабаби як рӯз пеш аз оғози соли хониш баргузор шудани «Дарси сулҳ» дар иттилои расмӣ гуфта нашудааст. Эҳтимол дорад, ин ба ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Қирғизистон, ки баргузории он рӯзҳои 31-уми август — 1-уми сентябр дар назар аст, рабт дошта бошад. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман маълумот надодаанд, аммо хабаргузориҳои кишвари ҳамсоя бо такя ба сухангӯи раисҷумҳури Қирғизистон навиштаанд, ки дар ин ҳамоиш раисҷумҳури Тоҷикистон низ иштирок мекунад.

Бояд гуфт, чандин сол аст баргузории «Дарси сулҳ» дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Зимни он раисҷумҳури кишвар бо хонандагони мактабу донишҷӯён ва масъалини бахши маориф мулоқот карда, бурду бохти соҳаи маорифро баррасӣ мекунад ва барои рушди ин соҳа ба масъулин супоришҳо медиҳад. Соли гузашта «Дарси сулҳ» ду рӯз пеш аз оғози соли хониш, 30-юми август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир шуд. Дар он раисҷумҳур дар бораи чӣ гуфт, дар ин пайванд хонед.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий