Нархи низоъҳои бегона. Ҷанг дар Украина ва Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонанд?
Ҳоло интиқоли маблағҳо иқтисоди Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад, вале мушкилӣ дар таъминоти сӯзишворӣ аз Русия, хавфҳои таҳрим ва вайрон шудани масирҳои нақлиётии ҷанубӣ, аллакай ба нархҳо ва фаъолияти корхонаҳо таъсир расонидаанд.
Ҳарчанд низоъҳои мусаллаҳона берун аз ҳудуди кишвар рух медиҳанд, аммо паёмадҳои онҳо дар дохили ҷумҳурӣ торафт бештар эҳсос мешаванд. Хусусан рӯйдодҳои атрофи Русия ва Эрон, давлатҳое, ки даромади муҳоҷирон, таъминоти сӯзишворӣ, содироти пахта ва ҳамлу нақли байналмилалӣ аз онҳо вобастаанд, ҳассос мебошанд.
Русия ҳамоно бозори асосии меҳнат барои муҳоҷирони тоҷик ва бузургтарин таъминкунандаи маҳсулоти нафтӣ боқӣ мемонад. Эрон ба харидори муҳими пахтаи Тоҷикистон ва яке аз самтҳои асосии транзитӣ ба бандарҳои баҳрӣ табдил ёфтааст.
Рушд зери фишорҲоло буҳронҳои беруна ба таназзули умумии иқтисод оварда нарасондаанд. Дар моҳҳои январ–июни соли 2026 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 8,2% афзуда, ба 81,7 млрд сомонӣ расид.
Гардиши савдои хориҷӣ 44,2% зиёд шуда, ба 6,82 млрд $ расид. Содирот 1,58 млрд $ ва воридот 5,24 млрд $ро ташкил дод. Касри тавозуни савдо ба 3,66 млрд $ наздик шуд.
Кишвари мо ҳамоно нисбат ба он ки ба хориҷ мефурӯшад, беш аз се баробар зиёдтар мол ворид мекунад. Аз ин рӯ, таъхир дар таҳвил, гарон шудани ҳамлу нақл ё мушкилот дар ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ зуд ба бозори дохилӣ таъсир мерасонанд.
Шарики бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввал, Чин бо гардиши мол ба маблағи 1,78 млрд $ боқӣ монд. Русия бо 1,32 млрд $ дар ҷойи дуюм қарор дошт. Ҳаҷми савдо бо Эрон ба 254,3 млн $ расид.
Аммо аҳаммияти ин кишварҳо танҳо бо ҳаҷми савдо муайян намешавад. Русия пеш аз ҳама ба даромади аҳолӣ ва бозори сӯзишворӣ таъсир мерасонад, Эрон бошад — ба таъминоти корхонаҳо, содироти пахта ва дастрасӣ ба долонҳои нақлиётии ҷанубӣ.
Интиқоли маблағҳо талаботро нигоҳ медорадМуҳимтарин самти таъсири Русия, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, дар панҷ соли охир онҳо ба ҳисоби миёна тақрибан 41%-и ММД-и Тоҷикистонро ташкил дода, асосан аз Русия ворид мешуданд. Дар соли 2025 ҳаҷми интиқоли маблағҳо 30,5% афзуда, ба 46%-и ММД расид. Бонк инро ба болоравии маош дар Русия ва таҳкими қурби рубл рабт медиҳад.

Акс аз торнамои росмигрант. рф
Пас аз оғози ҷанг алайҳи Украина интизор мерафт, ки таҳримҳо, заиф шудани иқтисоди Русия ва коҳиши қурби рубл боиси коҳиш ёфтани шуғли муҳоҷирон мешаванд. Аммо норасоии нерӯи корӣ дар Русия боиси боло рафтани маош гардид.
Интиқоли маблағҳо истеъмол, савдои чакана, сохтмон, воридот, пасандозҳои бонкӣ ва қурби сомониро дастгирӣ карданд. Аммо ҳамзамон вобастагӣ аз бозори Русия боз ҳам бештар шуд. Даромади бисёр оилаҳо мустақиман ба вазъи иқтисоди Русия, қурби рубл ва қарорҳои Маскав дар соҳаи муҳоҷират вобаста аст.
Бонки ҷаҳонӣ интизор дорад, ки бинобар суст шудани рушди иқтисод дар Русия ва сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират, то соли 2028 ҳиссаи интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик метавонад то ба 30,3%-и ММД коҳиш ёбад.
Ҳатто чунин сатҳ ҳам хеле баланд боқӣ хоҳад монд. Коҳиши интиқоли маблағҳо метавонад савдо, сохтмони манзил, воридоти автомобилҳо ва техникаи маишӣ, инчунин воридшавии маблағҳоро ба низоми бонкӣ суст кунад.
Мушкили камчинии сӯзишворӣПаёмади аз ҳама назарраси низоъҳои беруна вазъ дар бозори маҳсулоти нафтӣ гардид. Дар шаш моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон 927,5 ҳазор тонна сӯзишворӣ, гази моеъ ва дигар маҳсулоти сӯзишворӣ ворид ва истеҳсол карда шуд. Аз Русия 72,3%, Қазоқистон 20,3% ва корхонаҳои коркарди нафти дохилӣ ҳамагӣ тақрибан 0,5%.
Соли 2026 соҳаи коркарди нафти Русия бо коҳиши истеҳсол ва маҳдудиятҳои содирот рӯ ба рӯ шуд. Таъминот ба Тоҷикистон тибқи созишномаи байниҳукуматӣ қисман ҳифз шудааст, аммо имкони харидани ҳаҷмҳои иловагии тиҷоратӣ коҳиш ёфтааст.
Дар моҳи июн Тоҷикистон нисбат ба апрел тақрибан 65 ҳазор тонна ва нисбат ба май 50 ҳазор тонна камтар сӯзишворӣ ворид кард.
Коҳиши таъминот зуд ба бозор таъсир расонд. Дар моҳи июл нархи 1 литр сӯзишвории дизелӣ дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе то 17–18 сомонӣ боло рафт. Дар ҷойҳое, ки он ҳанӯз мавҷуд буд, фурӯш баъзан то 20 литр барои як мошин маҳдуд карда мешуд. То 30-юми июл бензини АИ-92 -юм 13 сомонӣ арзиш дошта, дар аксари нуқтаҳо сӯзишвории дизелӣ мавҷуд набуд.
Афзоиши нархи сӯзишвории дизелӣ махсусан барои кишоварзӣ, сохтмон, ҳамлу нақли бор ва саноати кӯҳкорӣ ҳассос аст. Хароҷоти сӯзишворӣ ба арзиши шудгор, ҷамъоварии ҳосил, расонидани маҳсулот ва масолеҳи сохтмон дохил мешавад.

Нарх дпр яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзившории Душанбе, 1 августи соли 2026. Акс аз asia+
Дар баробари ин, камбудиро танҳо ба ҷанг рабт додан мумкин нест. Ба таъминот инчунин, гармии ҳаво, ҳолати роҳҳо, маҳдудиятҳои ҳаракати мошинҳои боркаш ва сатҳи захираҳои дохилӣ таъсир мерасонанд. Аммо низоъҳои беруна паёмадҳои вобастагӣ аз як таъминкунандаро шадидтар мекунанд.
Нархҳои ҷаҳонӣ боло меравандНа танҳо вазъ дар корхонаҳои коркарди нафти Русия, балки гароншавии ҷаҳонии захираҳои энергетикӣ низба Тоҷикистон таъсир мерасонад.
Бонки Ҷаҳонӣ тахмин мекунад, ки низоъ дар Ховари Миёна метавонад боиси халалдоршавии муваққатии таъминоти энергия гардад. Тибқи пешгӯии бонк, дар соли 2026 нархи миёнаи нафти «Brent» метавонад 36%, гази табиӣ — 67% ва нуриҳо — 20% афзоиш ёбад.
Тибқи пешгӯии ин ниҳоди байналмилалӣ, таваррум дар Тоҷикистон метавонад аз 3,4% дар соли 2025 то 4,8% дар соли 2026 суръат гирад.
Ҳатто агар сӯзишворӣ асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид шавад ҳам, нархҳои ҷаҳонӣ ба арзиши харид таъсир мерасонанд. Гароншавии нуриҳо ҳамзамон хароҷоти деҳқононро зиёд карда, баъдан ба нархи маҳсулоти озуқаворӣ таъсир мерасонад.
Паёмади таҳримҳоБоз як роҳи таъсири ҷанг — маҳдудиятҳои байналмилалӣ алайҳи ширкатҳо ва бонкҳои марбут ба низоми молиявии Русия мебошад.

Акси марбута аз торнамои istockphoto.com
Дар моҳи январи соли 2025 ИМА алайҳи «Газпром нефт» ва сохторҳои марбут ба он таҳримҳо ҷорӣ кард. Ширкати «Газпромнефт Тоҷикистон», ки дар ҷумҳурӣ фаъолият мекунад, низ таҳти ин маҳдудиятҳо қарор гирифт.
Тирамоҳи соли 2025 Иттиҳоди Аврупо «Dushanbe City Bank», «Спитамен Бонк» ва «Коммерсбонк Тоҷикистон"-ро ба бастаи 19-уми таҳримҳо алайҳи Русия ворид кард. Бонки ҷаҳонӣ зикр карда буд, ки маҳдудиятҳо, амалиёти байналмилалии бонкҳои Тоҷикистонро мушкил карданд.
Моҳи апрели соли 2026 се бонк аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шуданд. Бо вуҷуди ин, ин вазъ нишон дод, ки низоми молиявии Тоҷикистон дигар аз муқовимати байналмилалии таҳримӣ дар канор нест.
"
Роҳи Эрон тангтар мешавадТо ҷҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон, н кишвар аҳаммияти худро барои иқтисоди Тоҷикистон босуръат тақвият медод. Дар соли 2025 гардиши мол миёни ду кишвар 28% афзуда, ба 483,9 млн $ расид. Содироти Тоҷикистон ба 112,8 млн $ ва воридот ба 371,2 млн $ расид.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 савдои дуҷониба ба 254,3 млн $ расид. Низоъ то ҳол гардиши молро ба таври ҷиддӣ коҳиш надода, аммо таъминотро гаронтар ва номунтазам кардааст.
Дар моҳи март савдои миёни ду кишвар нисбат ба феврал 9,8% коҳиш ёфта, ба 40,6 млн $ расид. Содироти Тоҷикистон қариб се баробар коҳиш ёфт: аз 10,6 млн $ то 3,9 млн $. Воридот аз Эрон, баръакс, аз 34 млн $ то 36,7 млн $ афзуд.
Ҳамлу нақл бештар осеб дид. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, интиқоли мол аз кишварҳои сеюм тавассути Эрон амалан қатъ шудааст. Қаблан тавассути бандари Бандар-Аббос ба Тоҷикистон аз бисёр кишварҳо бор ворид мешуд.

Бандари Бандар-Аббос. Акс аз манбаъҳои боз
Ҳоло як қисми молҳо тавассути Қафқоз, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон ва баҳри Хазар интиқол дода мешаванд. Муҳлати таҳвил ба ҷойи 10–15 рӯзи қаблӣ дар баъзе ҳолатҳо то як моҳ мерасад.
Масири тӯлонитар маънои хароҷоти иловагӣ барои ҳамлу нақл, азнавборкунӣ, суғурта ва нигоҳдориро дорад. Ба ширкатҳо маблағҳои гардишии бештар лозим мешаванд, зеро мол аллакай пардохт шудааст, аммо чанд ҳафтаи дигар дар роҳ мемонад.
Пахта зери хатар
Эрон на танҳо ҳамчун кишвари транзитӣ, балки ҳамчун бозори фурӯш низ муҳим аст. Дар моҳҳои январ–июни соли 2026 Тоҷикистон ба маблағи 73,5 млн $ нахи пахта содир кард. Ба Эрон 61,8% аз ҳаҷми интиқол, ба Туркия — 25,5%, Чин — 8%, Русия — 3% рост омад.
Чунин тамаркуз хатари ҷиддиро ба вуҷуд меорад. Мушкилоти саноати нассоҷии Эрон, ҳисоббаробаркуниҳои бонкӣ ё ҳамлу нақл метавонанд даромади истеҳсолкунандагони тоҷикро мустақиман коҳиш диҳанд.
Дар баробари ин, Тоҷикистон асосан ашёи хом содир мекунад. Истеҳсоли ришта, матоъ ва либоси тайёр имкон медод, ки маҳсулот ба доираи васеътари харидорон фурӯхта шуда, вобастагӣ аз як бозори хориҷӣ камтар гардад.

Халалдоршавӣ дар масирҳои нақлиётии ҷанубӣ муҳлат ва арзиши интиқоли борҳоро ба Тоҷикистон зиёд кард. Акс: asia+
То ташаннуҷи вазъ, Тоҷикистон ва Эрон масъалаи таъсиси маҷмааҳоии нассоҷиро дар заминаи пахтаи тоҷикӣ ва технологияҳои эронӣ баррасӣ мекарданд. Ҷанги тӯлонӣ метавонад татбиқи чунин лоиҳаҳоро ба таъхир андозад.
Саноат суръатро аз даст медиҳадМушкилоти марбут ба масирҳо аллакай ба истеҳсолот таъсир мерасонанд. Шералӣ Кабир, вазири саноат хабар дод, ки ноустуворӣ дар атрофи Эрон, Афғонистон ва Покистон воридоти ашёи хом ва содироти маҳсулоти тайёрро мушкил кардааст.
Интиқол тавассути бандарҳои Покистон — Қарочӣ ва Гвадар — одатан 7–10 рӯзро дар бар мегирифт. Масирҳо тавассути Русия ё бандарҳои Гурҷистон 25–30 рӯзро талаб мекунанд, дар ҳоле ки ҳамлу нақл тавассути бандарҳои Эрон на камтар аз ду ҳафта тӯл мекашид.
Бахусус саноати чармгарӣ сахт осеб дид, ки дар он истеҳсолот 65% коҳиш ёфт. Харидори асосии ашёи хом Покистон буд, аммо бинобар баста шудани масир соҳибкорон натавонистанд маҳсулотро сари вақт интиқол диҳанд.
Халалҳо ҳамчунин ба истеҳсолкунандагони қолин ва мебел таъсир расонданд. Корхонаҳо бо зарбаи дукарата рӯ ба рӯ шуданд: онҳо наметавонанд ашёи хомро сари вақт дастрас кунанд ва баъдан дар содироти маҳсулоти тайёр ба мушкилӣ дучор мешаванд.
Сармоягузорӣ бидуни суқутМуайян кардани он ки Тоҷикистон бевосита бар асари ҷангҳо ва таҳримҳо чӣ қадар сармоягузориро аз даст додааст, ғайриимкон аст. Омори расмӣ лоиҳаҳоеро, ки бинобар баста шудани масирҳо ва мушкилоти пардохтҳо бекор ё ба таъхир гузошта шудаанд, алоҳида ба ҳисоб намегирад.
Дар баробари ин, то ҳол суқути умумии сармояи хориҷӣ сурат нагирифтааст.

Акси бо ёрии ҳуши маснӯӣ таҳияшуда
Дар соли 2025 Тоҷикистон тақрибан 6,93 млрд $ сармоягузории хориҷӣ ҷалб кард, ки 35,1% бештар нисбат ба як соли пеш аст.
Дар семоҳаи аввали соли 2026 воридоти сармоя ба 1,898 млрд $ расида, 23,2% афзоиш ёфт. Аммо сармоягузориҳои мустақим ҳамагӣ 187,7 млн $ — камтар аз 10% ҳаҷми умумиро ташкил доданд. Дар ин давра мақомот ҳамчунин шаш созишномаи сармоягузориро ба маблағи 1,455 млрд $ ба имзо расониданд, ки таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи кориро пешбинӣ мекунанд.
Аммо воридоти умумии сармояи хориҷиро наметавон бо сармоягузориҳои мустақим баробар донист. Ба он метавонанд қарзҳо, маблағгузории тиҷоратӣ ва дигар воситаҳое дохил шаванд, ки ҳатман барои таъсиси корхонаҳои нав равона нашудаанд.
Бонки ҷаҳонӣ воридоти холиси сармоягузориҳои мустақими хориҷиро дар соли 2025 ҳамагӣ 0,2% ММД арзёбӣ мекунад. Барои соли 2026 барқароршавии он то 1,1% пешбинӣ мешавад.
Сармоягузор метавонад расман аз лоиҳа даст накашад, аммо онро ба таъхир гузорад, ҳаҷми сармоягузориро коҳиш диҳад ё кафолатҳои иловагӣ талаб кунад. Аз ин рӯ, таъсири муноқишаҳо аксар вақт дар омор бо таъхир зоҳир мешавад.
Чӣ гуна хавфҳоро коҳиш додан мумкин аст?Дар дурнамои кӯтоҳмуддат ба Тоҷикистон зарур аст захираҳои сӯзишворӣ ва дигар молҳои ҳаётан муҳимро афзоиш диҳад, инчунин пешакӣ бо таъминкунандагони алтернативӣ шартномаҳо бандад.
Эҳтимол меравад, ки Русия нақши асосиро дар бозори сӯзишворӣ нигоҳ дорад, аммо ҳаҷмҳои иловагиро метавон аз Қазоқистон, Туркманистон, Чин, Эрон ва Ироқ ҷустуҷӯ кард. Чунин интиқолҳо бинобар логистикаи мураккабтар метавонанд гаронтар бошанд.
Ҳамзамон зарур аст якчанд самти нақлиётӣ рушд дода шавад. Масири Эрон барои баромадан ба баҳр муҳим аст, аммо он набояд ягона алтернатива ба долони шимолӣ боқӣ монад.

Интиқоли нафт аз Русия. Акс аз торнамои gazprom.ru
Дар бахши бонкӣ густариш додани муносибатҳои муросилотӣ ва ба назар гирифтани хавфҳои таҳримӣ муҳим аст. Ширкатҳо бояд контрагентҳо, пайдоиши молҳо ва гирандагони ниҳоии пардохтҳоро бодиққаттар санҷанд.
Роҳи асосии ҳалли дарозмуддат рушди истеҳсолоти дохилӣ боқӣ мемонад. Коркарди пахта ба ришта, матоъ ва либос имкон медиҳад доираи харидорон васеъ карда шавад. Истеҳсоли дохилии маҳсулоти озуқаворӣ, масолеҳи сохтмон ва ашёи хоми саноатӣ вобастагӣ аз воридотро коҳиш медиҳад.
Нархи вобастагӣТо ҳол интиқоли маблағ, талаботи дохилӣ, сохтмон ва рушди тиҷорат ба иқтисоди Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки суръати баланди рушдро нигоҳ дорад. Воридоти сармояи хориҷӣ низ нишон медиҳад, ки кишвар дар инзивои молиявӣ қарор нагирифтааст. Аммо ин устуворӣ аз бисёр ҷиҳат ба бозорҳои хориҷӣ, таъминкунандагон, ҳисоббаробаркуниҳои бонкӣ ва масирҳои нақлиётӣ вобаста аст.
Таҳдиди асосиро на як муноқишаи алоҳида, балки халалдоршавии ҳамзамони чандин самтҳо ба вуҷуд меорад. Коҳиши интиқоли маблағ метавонад бо норасоии сӯзишворӣ ва таъхири воридот тавъам гардад. Дар ин ҳолат даромади аҳолӣ маҳз замоне коҳиш меёбад, ки молҳо ва ҳамлу нақл гаронтар мешаванд.
Устувории иқтисодӣ на танҳо бо ҳаҷми воридот ва содирот, балки бо он низ муайян мешавад, ки кишвар то чӣ андоза зуд метавонад таъминкунанда, бонк, бозори фурӯш ё масири нақлиётиро иваз кунад. Бидуни чунин имкон, ҷангҳои бегона метавонанд барои Тоҷикистон ба болоравии нархҳо, коҳиши даромадҳо ва сустшавии истеҳсолот оварда расонанд.
Сарчашма: asiaplus.news

Ҳатто маҳдудиятҳои муваққатӣ метавонанд ба санҷишҳои иловагии пардохтҳо, таъхир дар ҳисоббаробаркуниҳо ва даст кашидани бонкҳои муросилотӣ аз ҳамкорӣ боис шаванд. Ин маънои онро дорад, ки танҳо сармоягузорӣ кардани маблағ кофӣ нест, балки бояд имкони пардохти таҷҳизот, ҳисоббаробаркунӣ бо таъминкунандагон ва берун баровардани фоида низ мавҷуд бошад.

Комментарии (0)