< Артиши ИМА аз кушта шудани як фармондеҳи ДОИШ хабар дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Артиши ИМА аз кушта шудани як фармондеҳи ДОИШ хабар дод

Артиши ИМА аз кушта шудани як фармондеҳи ДОИШ хабар дод
​СЕНТКОМ рӯзи чоршанбе дар шабакаи Х навишт, ки ин ҳамла 19 июн анҷом шуд ва дар ҷараёни он, Алӣ Ҳусейн Ал-Улайвӣ, аз раҳбарони баландпояи ин гурӯҳ кушта шуд.

Бар пояи баёнияи артиши Амрико, ин ҳамла бахше аз талошҳои Амрико барои аз байн бурдани гурӯҳҳои террористӣ аст, ки дар пайи ҳамла ба шаҳрвандони амрикоӣ дар хоки ИМА ҳастанд.

Брэд Купер, фармондеҳи СЕНТКОМ дар ин бора гуфт, нерӯҳои амрикоӣ ва шарикони минтақаии онҳо ҳамчунин ба мубориза бо боқимондаҳои ДОИШ идома хоҳанд дод, то итминон ҳосил кунанд, ки ин гурӯҳ шикаст хӯрдааст.

Ӯ афзуд, ки Амрико ба дифоъ аз хоки худ, нерӯҳои низомиаш ва муттаҳидонаш дар минтақа, идома хоҳад дод.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий