Мақомҳои Иттиҳоди Аврупо бо вуҷуди эътирозҳо бо Толибон дидор карданд
Комиссияи Аврупо рӯзи 23 июн эълон кард, ки ин музокирот бо як ҳайати панҷнафара бо раёсати Абдулқаҳҳори Балхӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон баргузор шуд ва меҳвари он, бозгардонидан ва қабули нави шаҳрвандони афғон буд.
Ин нахустин мулоқоти расмии мақомҳои Иттиҳоди Аврупо бо ҳайате аз Толибон аз замони бозгашти ин гурӯҳ ба қудрат дар Афғонистон дар соли 2021 ба шумор меравад.
ТОЛИБОН: ГУФТУГӮҲО «СОЗАНДА» БУД
Хабаргузории «Франс-пресс» ба нақл аз як мақоми ҳукумати Толибон гузориш дод, ки гуфтугӯҳо «созанда» буда, ду тараф умедворанд, ки натиҷаҳои мусбате ба даст хоҳад омад.
Комиссияи Аврупо моҳи гузашта пас аз дархости 20 кишвари узви ин иттиҳодия барои гуфтугӯ бо Толибон дар бораи бозгардонидани муҳоҷирони афғон, аз мақомҳои ин гурӯҳ барои ҳузур дар Брюссел даъват кард.
Маркус Ламмерт, сухангӯи Комиссияи Аврупо пеш аз оғози нишастҳо гуфта буд, таваҷҷуҳи кишварҳои узв бар бозгардонидани афроде аст, ки бинобар содир кардани ҷиноятҳои ҷиддӣ ё сабабҳои амниятӣ, имкони идомаи иқомат дар Аврупоро надоранд.
Дар муқобил, Абдулқаҳҳор Балхӣ дар баёнияе эълон кард, ки мавзӯъҳое, аз ҷумла, оғози дигарбораи хадамоти консулӣ барои шаҳрвандони афғон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ҳузури консулии Толибон ва чораҳои эътимодсоз, дар дастури кори музокирот будааст.
Ӯ ишорае ба мавзӯи бозгардонидани муҳоҷирон накард, аммо гуфт, ин гуфтугӯҳо метавонанд ба беҳбуди ироаи хадамоти консулӣ ба афғонҳои муқими Аврупо кӯмак кунад.
Насруллоҳ Станакзай, устоди пешини факултаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул, ба Радиои Озодӣ гуфт, Толибон аз тариқи густариши фаъолиятҳои консулӣ дар кишварҳои аврупоӣ дар пайи тақвияти ҳузури дипломатии худ ҳастанд.
Ба гуфтаи ӯ, Толибон талош мекунанд аз ин масир ба шакли ғайримустақим мавқеияти худро дар арсаи байналмилалӣ устувор кунанд ва ин равандро як дастоварди муҳими сиёсӣ медонанд.
ВОКУНИШИ САХТИ ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚ
Ин сафар бо вокуниши сахти мудофеони ҳуқуқи башар рӯбарӯ шудааст. Мунтақидон мегӯянд, гуфтугӯ бо Толибон дар шароите анҷом мешавад. ки ин гурӯҳ ҳамчунон ба нақзи густурдаи ҳуқуқи занон ва духтарон идома медиҳад.
Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, дар вокуниш ба ин дидор гуфт, Толибон занон ва духтаронро аз зиндагии умумӣ ҳазф кардаанд ва даъвати ин гурӯҳ ба Брюссел, ӯро «бисёр нигарон ва ҳайратзада» кардааст.
Фаришта Аббосӣ, пажӯҳишгари Афғонистон дар Созмони Дидбони ҳуқуқи башар, низ гуфт, кишварҳои аврупоӣ бо маҳкум кардани нақзи ҳуқуқи башар аз сӯи Толибон аз як сӯ ва ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ барои бозгардонидани иҷбории афғонҳо аз сӯи дигар, ба обрӯи худ латма мезананд.
Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, кишварҳои аврупоӣ сафоратҳои худро дар Кобул бастанд. Бо вуҷуди ин, дар бархе кишварҳо, аз ҷумла, Олмон ва Ҳоланд дипломатҳои таъйиншуда аз сӯи Толибон дар намояндагиҳои Афғонистон хадамоти консулӣ ироа мекунанд.
Толибон аз замони бозгашт ба қудрат маҳдудиятҳои густурдае алайҳи занон ҷорӣ кардаанд. Духтарон аз таҳсили болотар аз давраи ибтидоӣ маҳрум шудаанд ва занон низ аз ҳузур дар бисёре аз маконҳои умумӣ, аз ҷумла, паркҳо ва марказҳои варзишӣ, манъ шудаанд.
«РОҲЕ ҶУЗ ГУФТУГӮ ВУҶУД НАДОРАД»
Магнес Бруннер, Комиссари умури муҳоҷирати Иттиҳоди Аврупо, аввалҳои моҳи ҷорӣ аз ҳамкорӣ бо Толибон ҳимоят кард ва гуфт, Брюссел барои расидагӣ ба масъалаи бозгардонидани муҳоҷирони афғон, роҳе ҷуз гуфтугӯ бо мақомҳои ҳоким бар Афғонистон надорад.
Бар асоси омори Иттиҳоди Аврупо, байни солҳои 2013 то 2024 ҳудуди як миллион шаҳрванди Афғонистон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дархости паноҳандагӣ додаанд, ки наздик ба ниме аз ин дархостҳо пазируфта шудааст.
Ҳудуди 20 кишвар аз 27 узви Иттиҳоди Аврупо хоҳони бозгардонидани бахше аз афғонҳои бе санади иқомат ҳастанд. Олмон аз соли 2024 то кунун беш аз 100 шаҳрванди Афғонистонро, ки ҷиноятҳои гуногун содир кардаанд, бо ҳамкории Қатар ва аз тариқи парвозҳои чартерӣ ба Афғонистон бозгардонидааст. Австрия ҳам чунин иқдомеро анҷом додааст.
ҲУШДОР АЗ ИХРОҶИ АФРОД БА АФҒОНИСТОН
Созмонҳои ҳуқуқи башар ҳушдор медиҳанд, ки бозгардонидани афрод ба Афғонистон, дар ҳоле, ки ин кишвар бо бӯҳрони инсонии густурда рӯбарӯ аст, нигарониҳои ҷиддии ҳуқуқӣ ва ахлоқиро эҷод мекунад. СММ мегӯяд, миллионҳо нафар дар Афғонистон бо фақр ва мушкилоти сахти иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунанд.
Эве Геддие, раиси Дафтари ниҳодҳои аврупоии Созмони Афви байнулмилал гуфтааст, аксҳои фирори мардум аз Афғонистон дар соли 2021 аз ҷумла, афроде, ки бо ниҳодҳои аврупоӣ ҳамкорӣ доштанд, ҳанӯз дар хотираи умумӣ боқӣ мондааст ва талош барои бозгардонидани мардум ба Афғонистон дар шароити кунунӣ қобили дарк нест.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)