Ҷабҳаи озодии Афғонистон муддаии ҳамла ба Толибон дар Нуристон шуд
Ҷабҳаи озодӣ рӯзи 24-уми июн дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии «Х» навиштааст, ки ин ҳамла бомдоди рӯзи гузашта сурат гирифтааст.
Ҷабҳаи озодӣ гуфтааст, ки ин ҳамла ба Толибон ҳудуди 20 дақиқа бо силоҳҳои сабук ва сангин идома доштааст.
Ҷабҳаи озодии Афғонистон ҳамчунин, навиштааст, ки дар ин амалиёт талафот ва хисороти сангине ба Толибон ворид шудааст.
Тибқи иддаои Ҷабҳаи озодӣ, дар ин амалиёт ба неруҳои ин ҷабҳа осебе нарасидааст.
Ҷабҳаи озодӣ рӯзи гузашта низ аз ҳамлаи худ ба намояндагони амр ба маъруфи гурӯҳи террористии Толибон дар Кобул хабар дода буд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)