Ҷойгузини Алишер Мирзонабот. Дар фазои иҷтимоӣ аз кӣ ба ҳайси раиси нави ВМКБ ном мебаранд?
Пас аз даргузашти фоҷеабори Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтои Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), дар фазои иҷтимоӣ ҷойгузини ӯ баррасӣ мешавад. Мо номзадҳои эҳтимолиеро, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз онҳо ном мебаранд, гирд овардем. Таъкид бояд кард, ки номзадҳои эҳтимолиро манбаъҳои расмиву коршиносон зикр накардаанд.
Айни замон роҳбарии ВМКБ-ро муваққатан муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода бар дӯш дорад. Маълум нест, ки ӯ дар ниҳояти кор раиси вилоят мешавад ё не. Дар баробари ӯ номзадҳои дигар ҳам зикр мешавад.
Аз киҳо ном бурда мешавад?Шарифхон Сафарзода, Суризода Носир Мародбек — раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, Азиз Гиёзода — вакили палатаи поёнии пурлумон ва собиқ раиси ноҳияи Шуғнон, Рамзӣ Меҳрихудозода — роҳбари раёсати минтақавии Хадамоти гумрук дар ВМКБ, Некрӯз Худоёров — роҳбари департаменти роҳҳои ВМКБ.
Дар бораи номзадҳо чӣ маълум аст?Дар бораи чанде аз номзадҳо маълумот дар расонаҳо кофист, вале дар бораи бархе қариб ҳеҷ иттилое нест.

Алишер Мирзонабот. Акс аз манобеи боз
Ҳама он маълумоте, ки мо дастрас кардем, дар ин матлаб аст.
Суризода Носир МародбекӮ 24-уми майи соли 1984 дар ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст. Маълумоти олӣ дорад. Соли 2006 Донишгоҳи давлатии Хоруғро аз рӯи ихтисоси «шарқшинос» хатм карда, соли 2014 бо ихтисоси «иқтисодчӣ» ғоибона дар ҳамин донишгоҳ таҳсили илм кардааст. Забонҳои русӣ, англисӣ, форсӣ ва арабиро медонад. Рутбаи илмӣ надорад. Оиладор.
Фаъолияти кориашро соли 2006 ба ҳайси омӯзгории мактаби № 38-и ноҳияи Шуғнон оғоз кардааст. Давоми солҳои 2008-2009 дар ташкилоти ҷамъиятии «Сурӣ"-и ҷамоати деҳоти Вери ноҳия ба сифати муҳосиб кор кардааст. Солҳои 2009-2010 дар ташкилоти қарзии хурди «Рушди Помир» ба ҳайси мутахассиси дар самти пешниҳоди қарз ифои вазифа кардааст. Солҳои 2010 сармутахассиси шуъбаи умури дин, танзими ҷашну маросими миллии ноҳияи Шуғнон таъин шуда, то соли 2013 дар замин мансаб фаъолият доштааст.
Аз соли 2013 то 2022 вазифаи раиси ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнонро ба уҳда дошт.

Суризода Носир
Аз 21-уми январи соли 2022 ба ҳайси муовини раиси шаҳри Хоруғ ифоаи вазифа кардааст.
Соли 2024 Суризода Носир Мародбек раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таъин шуд.
Азиз ГиёзодаСанаи 7-уми октябри соли 1969 дар ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст.
Соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва соли 2011 — Академияи хидмати давлатии назди раисҷумҳури Русиро хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро дар сохторҳои давлатӣ дар соҳаи молия оғоз кардааст. Давоми солҳои 1997-2001 ба ҳайси нозир-санҷишгари Раёсати тафтишоти Вазорати молияи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ кор кардааст.
Солҳои 2001-2002 — сармуҳосиби шуъбаи молияи шаҳри Хоруғ.
Солҳои 2002-2003 — мутахассиси пешбари назорати дохилӣ ва ҳисобраси Маркази хазинадории раёсати молияи ВМКБ.
Солҳои 2003-2005 — роҳбари департаменти молияи ВМКБ.
Солҳои 2003-2005 сармутахассиси раёсати Кумитаи назорати давлатии молиявии ВМКБ.
Солҳои 2006-2013 — муовини раиси ВМКБ.

Азиз Гиёзода. Аз сомонаи парлумони Тоҷикистон
Солҳои 2013-2020 — раиси ноҳияи Шуғнон.
Аз 1 — уми марти соли 2020 то 1-уми марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум.
Аз 3-юми марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум.
Рӯзи 19-уми марти соли 2025 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум Азиз Гиёзода муовини раиси палатаи поёнии парлумон интихоб шуд.
Шарифхон СафарзодаСоли 2023 Сафарзода Шарифхон Нураҳмад муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуд.
Сафарзода аз 25-уми июли соли 2022 роҳбарии ноҳияи Варзобро ба уҳда дошт. Аз ин вазифа Сафарзода 1-уми майи соли 2023 дар робита ба гузаштан ба кори дигар озод карда шуд.

Шарифхон Сафарзода
Тарҷумаи ҳоли муфассал бо соли таваллуд, маълумот ва ҳамаи давраи фаъолияти корӣ дар дастрасии кушод нест.
Некрӯз ХудоёровНекрӯз Худоёров, зодаи ВКМБ, соли таваллуд 1989, роҳбари раёсати минтақавии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ мебошад.
Тарҷуми ҳоли муфассали Худоёров дар дастрасии кушод ғайриқобили дарёфт аст.
Тибқи маълумоти манбаъҳои «Азия-Плюс», ӯ писари вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода мебошад.
Рамзӣ МеҳрихудозодаРамзӣ Меҳрихудозода — роҳбари раёсати минтақавии Хадамоти гумрук дар ВМКБ мебошад. Соли 1977 таваллуд шуда, зодаи ВМКБ аст. Тарҷумаи ҳоли муфассал дар дастрасии кушод дарёфт нашуд.
Бояд таъкид кард, чеҳраҳое, ки чун номзад дар фазои иҷтимоӣ ва ё миёни коршиносон ёдоварӣ мешаванд, на ҳамеша бо интихоби роҳбари давлат мувофиқат мекунад.

Акс аз КҲФ
Ҷустуҷӯи фавтидагон идома дорадЁдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 17 июн дар роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз автомашинае, ки дар дохили он раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, ҳамсар ва духтарӣ ӯ, ёвари раис ва ронанда қарор доштанд, ба садама дучор шуда, ба дарёи Панҷ сарозер рафт.
Ҷустуҷӯи ҷасади онҳо то ҳол идома дорад. Дар корҳои ҷустуҷӯ 100 нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иштирок доранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти КҲФ Ориф Нозимиён хабар дод.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)