< Амрико таҳрими нафти Эронро барои 60 рӯз бекор кард. Трамп гуфт, бахше аз пули масдудшудаи Теҳрон озод шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Амрико таҳрими нафти Эронро барои 60 рӯз бекор кард. Трамп гуфт, бахше аз пули масдудшудаи Теҳрон озод шуд

Амрико таҳрими нафти Эронро барои 60 рӯз бекор кард. Трамп гуфт, бахше аз пули масдудшудаи Теҳрон озод шуд
​Дар ҳоле ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тасдиқ кард, ки бахше аз дороиҳои масдудшуда (блокшуда)-и Эрон озод шудаанд, Вазорати хазонадории Иёлоти Муттаҳида аз судури иҷозатномае хабар дод, ки фурӯши нафти Эронро барои 60 рӯз мумкин мекунад.

Трамп дирӯз зимни ибрози ризоият аз натиҷаҳои музокироти Амрикову Эрон дар Суис, тасдиқ кард, ки бахше аз пули масдудшудаи Теҳрон озод шудааст. Ӯ миқдори мушаххаси ин дороиҳоро ном набурд, вале Козим Ғарибободӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон изҳор доштааст, ки кишвараш ба 12 миллиард доллари масдудшудааш дастрасӣ пайдо мекунад.

Раисҷумҳури Амрико таъкид кард, ки пулҳои озодшудаи Эрон барои хариди маводи ғизоӣ истифода шуда, «танҳо аз кишоварзони амрикоӣ харидорӣ мешавад».

Дар ҳамин ҳол, Абдунносир Ҳимматӣ, раиси Бонки марказии Эрон, дар посух ба ин гуфтаҳои Трамп изҳор доштааст, ки «бар асоси ёддоштҳои имзошуда, мо ҳеҷ уҳдадорие барои харидани маводи кишоварзӣ аз Иёлоти Муттаҳида надорем».

Ҳамчунин, Вазорати хазинадории Амрико бо содир кардани иҷозатномае фурӯшу содироти нафти хом ва маҳсулоти нафтии Эронро то 21 август аз таҳримҳои нисбаташон ҷоришуда озод кард. Дар ин муддат Эрон метавонад нафти худро бидуни монеа фурӯшад ва аз он даромад ба даст орад.

Бояд гуфт, ки ин ҳама бекор кардани таҳримҳо ва озод кардани пулҳои масдудшуда дар пайи музокироти давомдоре, ки байни Эрон ва Амрико дар Покистон оғоз шудаву баъди имзоия як Ёддошти тафоҳуми ибораи аз 14 банд, ҳамакнун, дар Суис идома дорад, имконпазир шуд. Ду кишвар пас аз 39 рӯзи ҷанг оташбас эълон карданд ва бо миёнҷигии Покистону Қатар сари мизи музокирот нишастанд.
Ҳоло талаби аслии Амрико аз Эрон даст кашидан аз ғанисозии уран ва ба ин васила, худдорӣ аз пешбурди барномаи ҳастаӣ ва боз кардани тангаи Ҳурмуз аст.

Бар иваз Амрико омодагии худро барои раҳо кардани пули масдудшудаи ин кишвар, бекор кардани таҳримҳо ва фароҳам овардани шароит барои сармоягузории бузург ба Эронро пешниҳод дорад.

Пас аз аввалин рӯзи музокирот дар Суис, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфта буд, ки дар музокирот бар сари озодсозии бархе пулҳои масдудшудаи Эрон ва боздошти таҳримҳо ба содироти нафти ин кишвар бо Амрико созиш ба даст омадааст.
Ин музокирот чӣ гуна оғоз шуд ва рӯзи аввали он бо чӣ анҷомид, дар ин пайванд хонед.

Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий