< Баъди имзои Путин муҳлати ташхиси муҳоҷирон кам шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Баъди имзои Путин муҳлати ташхиси муҳоҷирон кам шуд

Баъди имзои Путин муҳлати ташхиси муҳоҷирон кам шуд
​Бар асоси ин қонун, муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷирон аз 90 ба 30 рӯз кам карда мешавад.

Муҳоҷирон то ин вақт баъди ворид шудан ба Русия вазифадор буданд то 90 рӯз аз муоинаи ҳатмии пизишкон гузаранд, то маълум шавад, ки гирифтори бемориҳои хатарнок нестанд.

Аммо тибқи қонуни нав, муҳлати гузаштан аз ташхиси тиббӣ то 30 рӯз муқаррар шуд. Натиҷаи ташхис барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия зарур аст.

Ин қоида аз 1-уми сентябри имсол иҷроӣ мешавад.

Қонуни нав ҳамчунин барои саркашӣ аз супоридани ташхиси ҳатмӣ аз 25 то 50 ҳазор рубл ҷарима ва ихроҷ аз Русияро пешбинӣ кардааст.
Ғайр аз ин, барои сохтакорӣ ва фурӯши маълумотномаҳои қалбакӣ то 1 миллион рубл ҷарима ва ё то чор сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик хостааст, минбаъд ҳангоми ворид шудан ба Русия талаботи нав дар бораи гузаштан аз ташхиси ҳатмиро риоя кунанд.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий