< Зеленский ба Путин нома навишт ва хостори мулоқот ва хотимаи ҷанг шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Зеленский ба Путин нома навишт ва хостори мулоқот ва хотимаи ҷанг шуд

Зеленский ба Путин нома навишт ва хостори мулоқот ва хотимаи ҷанг шуд
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, бо ирсоли нома ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бори дигар аз ӯ хост барои мулоқоти рӯбарӯ ва хотимаи ҷанг розӣ шавад.

Ин номаи Зеленский дирӯз, 4-уми июн расонаӣ шуд ва дар он раисҷумҳури Украина навиштааст, ки кишвараш метавонад «хароҷоти ҷангро барои Русия ба таври назаррас афзоиш диҳад» ва сокинони Русия аз «ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои мо, норасоии бензин, маҳдудиятҳои доимӣ ва сафарбаркунии тарҳрезишуда норозӣ ҳастанд».

Зеленский аз Путин даъват кардааст, ки дар кишвари бетараф музокироти рӯ ба рӯ анҷом диҳанд, аммо дидор дар Маскаву Киевро рад кард: «Ҳама шунид, ки намояндагони шумо бо табассум гуфтанд, ки ман гӯё метавонам ба Маскав биёям. Аммо пас аз 26 сол, раҳбари Украина дар пойтахти шумо коре надорад, мисли раҳбари Русия дар Киев», — навиштааст Зеленский.

Раисҷумҳури Украина ҳамчунин, навиштааст, «мо мебинем, ки Иёлоти Муттаҳида тамоми таваҷҷӯҳи худро ба масъалаи Эрон равона мекунад ва интизор шудани фарорасии навбат ба ҷанг дар Аврупо нодуруст аст».

Аз ин лиҳоз, Зеленский ба Путин пешниҳод кардааст, ки «ҷанги байни мо ва шумо хотима дода шавад» ва хати ҷабҳаро нуктаи оғози дипломатия гуфта, зикр кардааст, ки Украина омода аст, давоми музокирот оташбасро пурра риоя кунад.
 «Суис (Швейтсария), Туркия, ҷаҳони араб — бисёриҳо ҳастанд, ки метавонанд ва мехоҳанд ин ҷаласаро баргузор кунанд», — навиштааст Зеленский.

«Шумо метавонед ҷанги худро боздоред», — хулоса кардааст ӯ.

Вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Сибига гуфтааст, ки ин нома тавассути каналҳои дипломатӣ фиристода мешавад.
Кремл тасдиқ кард, ки номаи ҷаноби Зеленскийро гирифтааст ва мундариҷаи он бо Путин мубодила хоҳад шуд.

Доналд Трамп, президенти ИМА, низ рӯзи панҷшанбе, 4 июн, гуфт: «Агар ин ду раҳбар бо ҳам мулоқот кунанд, ин хеле хуб хоҳад буд».


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий