< Амрико эълон кард, ки Исроилу Лубнон бар сари иҷрои оташбас ба созиш расидаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Амрико эълон кард, ки Исроилу Лубнон бар сари иҷрои оташбас ба созиш расидаанд

Амрико эълон кард, ки Исроилу Лубнон бар сари иҷрои оташбас ба созиш расидаанд
Ин тавофуқ пас аз ду рӯзи музокира дар нишасти сеҷонибае бо ширкати намояндаҳои Исроил, Лубнон ва Амрико дар Вашингтон ба даст омадааст.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, ки иҷрои ин созиш ба чанд шарт, аз ҷумла, «ба қатъи пурра"-и ҳамлаҳои «Ҳизбуллоҳ» ба Исроил ва «хуруҷи комил"-и нерӯҳои ин гурӯҳ аз минтақае, ки таҳти назорати Исроил дар ҷануби Лубнон қарор дорад, вобаста аст. Минтақае байни дарёи Литонӣ ва марзи Исроил, ки дар баёнияи Вазорати хориҷаи Амрико аз он ҳамчун «бахши ҷанубии Литонӣ» ёд шудааст.
                                    "                                          
»Ҳамаи ҷонибҳо бори дигар таъкид карданд, ки ояндаи муносибатҳои байни Исроил ва Лубнон бояд аз ҷониби ду давлати мустақил ва соҳибихтиёр муайян карда шавад. Онҳо ҳама гуна кӯшиши давлатҳо ё бозигарони ғайридавлатӣ барои гаравгон гирифтани ояндаи Лубнонро рад карданд», — гуфта мешавад дар хабари расмӣ.
                                         
Созиши иҷрои оташбас миёни Исроил ва Лубнон пас аз оташбаси маҳдудтаре, ки рӯзи душанбе эълон шуда буд, ба даст омадааст. Лубнон гуфта буд, ки мувофиқи ин тавофуқ Исроил дар ивази қатъи ҳамлаҳои «Ҳизбуллоҳ» ба қаламраваш аз ҳамла ба Байрут худдорӣ мекунад.

Вазорати умумри хориҷаи Амрико, ҳамчунин, итилоъ додааст, ки намояндагони Исроил ва Лубнон бояд рӯзи 22-юми июн бори дигар мулоқот кунанд, то «бо мақсади ба даст овардани як созишномаи ҳамаҷониба» музокироти бештаре анҷом диҳанд.

»Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ҳанӯз расман дар бораи тавофуқи кишвараш бо Исроил изҳори назар накардааст.
                                                                    Оташбаси ҷадид миёни ду тараф пас бетаъсир мондани оташбаси қаблӣ, ки дар моҳи апрел миёни ду кишвар эълону чанд маротиба тамдид шуда буд, ба даст омад. Вале бо ин вуҷуд, дар ду рӯзи гузашта ҳамлаҳои маргбори Исроил ба Лубнон ва партоби мушаку паҳподи «Ҳизбуллоҳ» ба Исроил идома дошт.                                                              
Ёдрас мешавем, ки «Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон пас аз кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон аз сӯйи Амрико, рӯзи 2-юми март дар ҳамбастагӣ бо Теҳрон ба даргириҳо дар Ховари Миёна пайваст ва ба Исроил ҳамла кард. Пас аз ин, Исроил вориди хоки Лубнон шуд ва он ҷо ҳамлаҳои ҳавоиву заминиро роҳандозӣ кард, ки боиси куштани шудани беш аз 2 ҳазор нафар ва овора гардидани беш аз 1 миллион тани дигар шуд.

»Ҳизбуллоҳ» гуфт, дар даргириҳо бо Исроил дасти кам 13 сарбози ин кишварро куштааст.
Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий