< Нетаняҳу: "Ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ба поён нарасидааст" » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нетаняҳу: "Ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ба поён нарасидааст"

Нетаняҳу: "Ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ба поён нарасидааст"
​"Ал-Ҷазира« рӯзи 3-уми июн гузориш додааст, ки Нетаняҳу бо ишора ба идомаи танишҳо дар минтақа иддао кардааст, ки Теҳрон дар натиҷаи даргириҳо „заиф шудааст“.

Ӯ афзудааст, ки ҳар ду рӯз як бор бо Доналд Трамп гуфтугӯ мекунад ва миёни ду тараф баъзан „ихтилофоти тактикӣ“ вуҷуд дорад, аммо ба гуфтаи ӯ ин ихтилофҳо дар ниҳоят ҳал мешаванд.

Нахуствазири Исроил гуфтааст, ки бо вуҷуди баъзе ихтилофот, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ миёни ду тараф идома дорад.

Ин изҳорот пас аз он садо додааст, ки бар асоси гузоришҳои нашршуда, Трамп дар як тамоси дипломатӣ, Нетаняҳуро ба далели таҳдид ба бомбборони Бейрут, пойтахти Лубнон сахт танқид кардааст.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий