Трамп: "Агар ман намебудам, ҳоло Исроиле вуҷуд намедошт"
"Ал-Ҷазира« рӯзи чаҳоршанбе, 3-уми июн, гузориш дода, ки Трамп гуфтумонҳои марбут ба ин, ки Бинёмин Нетаняҳу ӯро барои оғози ҷанг бо Эрон таҳти таъсир қарор додааст, рад кардааст.
Трамп гуфтааст, ки иқдоми ҳамла алайҳи Эрон комилан мутааллиқ ба худаш буда, ӯ бо далели ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ чунин корро иҷро кардааст.
Ӯ ҳамчунин, мухолифони сиёсии худро тавҳин карда, гуфтааст, ки онҳо дарки дурусте аз вазъият надоранд.
Раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, ки нигаронии ӯ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ба даврони нахусти раёсатиҷумҳуриаш бармегардад.
Трамп гуфтааст: „Ин мавзуъ ба Исроил ҳам марбут мешавад, чун эҳтимол дошт Исроил аввалин ҳадаф бошад. Ба шумо мегӯям, агар ман набудам, ҳоло Исроиле вуҷуд намедошт“.
Ин дар ҳолест, ки танишҳо миёни Эрон ва Амрико то кунун роҳи ҳалли худро наёфтааст ва чанде пеш Трамп гуфта буд, ки тамоюл дорад бо Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари Эрон, дидор кунад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)