< Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд
Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нархи семент дар ҷумҳурӣ тақрибан 16-20 сомонӣ ё худ ба андозаи 23% поин рафтааст. Он давоми чанд вақти охир якбора боло рафта, боиси нигаронии ҷомеа ва интиқоди раисҷумҳур дар ҷаласаи ҳукумат шуда буд.

Бино ба маълумоти Хадамот, пас аз супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28 май дар ҷаласаи ҳукумат садо дод, гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Он дар бозори истеъмол ва фурӯши семент дар ҳудуди ҷумҳурӣ мониторинг гузаронида, инчунин ҷиҳати пешгирии афзоиши «беасос"-и нархи семент корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

Рӯзи 28 май гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба бозорҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон сафарбар шудаанд.

Дар Хадамот зикр мекунанд, ки аз нимаи дуюми моҳи май дар бозорҳои кишвар норасоии семент ба мушоҳида расида, бар асари он нархи он боло рафтааст ва як халтаи семент (50 кг) бо арзиши 70-85 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Гуфта мешавад, пас аз тадбирҳои андешидашудаи якҷояи кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва корхонаҳои истеҳсоли семент, вазъияти бамиёномада «дар як шабонарӯз ба эътидол оварда шуд».
                                    "                                         
 «Рафти мониторинги гузаронидашуда дар санаи 29 майи соли ҷорӣ нишон дод, ки нархи як халта семент дар шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ аз 54 то 60 сомонӣ ва дар баъзан ҳолатҳо бо назардошти хароҷоти ҳамлу нақл ва бурда расонидани мол то минтақаи муайяншуда то 65 сомонӣ ва дар шаҳри Душанбе аз 54 то 60 сомонӣ ба фуруш гузошта шудааст», — омадааст дар хабари Хадамот.                                         
 Дар вилояти Суғд нархи як халта семент аз 60 то 65 сомонӣ ва вилояти Хатлон аз 54 то 63 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Акс аз asia+

Ба иттилои манбаъ, корхонаҳои истеҳсолкунанда нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳоро бо ин масолеҳи сохтмон таъмин карда, нархи семент муътадил мешавад.

Зикр мешавад, ки сарфи назар аз ин, гурӯҳи кории Хадамот фаъолияти худро идома дода, то пурра ба эътидол омадани вазъ ҷиҳати ба танзим даровардани нарх тамоми чораҳои заруриро амалӣ ва маълумоти иловагӣ манзур мекунад.

Аммо мушаххасан гуфта намешавад, ки ғайр аз «мониторинги бозор» ва «корҳои фаҳмонидадиҳӣ» боз кадом чораҳои пешгирикунандаи афзоиши нархи семент рӯйи даст гирифта шудааст. Ҳамчунин, номаълум аст, ки кадом корхонаи истеҳсолкунандаи семент ва ё фурӯшандагон ва бо таъсири кадом омил нархи сементро гарон кардаанд. 

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон норасоии семент ба миён омада, нархи он боло рафт.
Сарфи назар аз афзоиши истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон дар кишвар, бозори дохилӣ бо камбуди он, мушкили интиқол ва босуръат болоравии нархи он дучор шуд.

Дар шаҳри Душанбе нархи як халта семент (50 кг) аз 50 сомонӣ то ба 70-75 сомонӣ боло рафт.

Дар вилоятҳои Хатлону Суғд нархи як халта семент ба 75-85 сомонӣ расида, дар Хоруғ ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, муддати қариб як моҳ дар бозорҳо семент набуд ва арзиши он метавонист то ба 90 сомонӣ (1 халта) расад.

Дар маҷлиси ҳукумат охири моҳи май зикр шуд, ки семент барои рушди зерсохтор, саноат ва сохтмон яке аз масолеҳи калидӣ маҳсуб ёфта, дастрасии доимӣ ва устувор ба он дар бозорҳо аҳаммияти муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад.

Маҷлиси ҳукумат. Акс аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Аз ҷумлаи сабабҳое, ки барои ба вуҷуд омадани чунин вазъият боис гардиданд, камбудиҳо дар ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳои ин соҳа, нопурра истифода шудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, танзими начандон кофии бозор ва назорати нокофӣ аз болои фаъолияти шабакаҳои савдо номбар шуданд.
Аз ҷумла зикр шуд, ки дар давраи фаъоли мавсими сохтмон фаъолияти баъзе корхонаҳи барои таъмир мутаваққиф шуд. Ғайр аз ин, дар баъзе ҳолатҳои ҷудогона ба болоравии нарх фаъолияти миёнаравон таъсир расонид.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки гароншавии семент метавонад ба суръати сохтмон, арзиши манзил, амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ расонад. Ӯ дастур дод, ки дар муддати як ҳафта ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар бозори семент тадбирҳо рӯйи даст гирифта шаванд.

Ҳамчунин сарвари давлат дастур дод, ки дар мавриди пурра бо сементи истеҳсоли ватанӣ таъмин кардани бозори дохилӣ чораҳо дида шаванд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки 4 корхонаи нави истеҳсоли семент сохта шавад.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий