Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи болобарии нархи семент баррасӣ шуд
Таъкид гардид, ки семент имрӯз яке аз маҳсулоти муҳими рушди инфрасохтор, саноат ва сохтмон ба ҳисоб рафта, таъмини устувори бозори дохилӣ бо он аҳамияти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ дорад.
Сарвари давлат ба вазъи кунунии бозори семент, аз ҷумла болоравии нарх ва камчинии маҳсулот дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Гуфта шуд, ки сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар фаъолияти якчанд сохтори соҳавӣ вобаста ба ҳамоҳангсозии фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи иқтидор, танзими бозор ва назорати фаъолияти шабакаҳои фурӯш камбудиҳо ҷой доранд. Баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон барои таъмир боздошта шуда, инчунин фаъолияти миёнаравҳо ва дилерҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расонидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки болоравии нархи семент метавонад ба суръати корҳои сохтмонӣ, арзиши манзил, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсир расонад. Ба вазорату идораҳои масъул барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини бозори дохилӣ бо семент супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки вазорату идораҳои масъул бояд барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи бозори семент, ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва таъмини рушди устувори соҳаи сохтмон тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ба роҳбарони Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ҷамъияти «Тоҷикматлубот» дастур дода шуд, ки хариди сементро аз истеҳсолкунандагон ва фурӯши онро дар минтақаҳои дурдаст ба роҳ монанд.
Дар робита ба вазъи бозори дохилӣ ба роҳбарони ширкатҳои истеҳсолкунандаи семент барои ба низом даровардани корҳои таъмириву истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода шуданд.
Масъулини соҳа супориш гирифтанд, ки вазъи бозори сементро пурра таҳлилу баррасӣ намуда, дар муддати як ҳафта ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод манзур намоянд.
Таъкид гардид, ки аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ болобарии нархи семент, ки аз ҷониби баъзе миёнаравону тоҷирон ба хотири даромади муфт ба миён оварда мешавад, ҷиддан пешгирӣ карда шавад.
Тавре дар маҷлиси Ҳукумат иброз гардид, солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат иқтидори истеҳсолии соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли семент аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)