< Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад» » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»

Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
солҳои 2018-2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки кишвари мо тавассути ташаббусҳо дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош меварзад. Ҷавҳари ин талошҳои мо аз масъалаҳои баланд бардоштани мақому манзалати об — сарвати бебаҳои ҳаёт иборат аст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамоно ҷонибдори бархурди мутавозин, фарогир ва ба самараи амалӣ нигаронида мебошад. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштараки мо дар ин самт аст.

Илова бар ин, баргузории муваффақонаи Конфронси таърихии оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 таҳти мизбонии Тоҷикистону Нидерланд зарурати уҳдадориҳои ҷаҳониро барои тезонидани амалҳо дар соҳаи об возеҳан нишон дод.

»Мо дар доираи Раванди оби Душанбе ба талошҳоямон дар самти ташкили платформаи байналмилалии фарогир ва шаффоф идома дода, имрӯз, чун анъана, ҳукуматҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро аз саросари ҷаҳон барои дар амал татбиқ намудани уҳдадориҳои марбут ба об гирди ҳам овардаем», — изҳор доштанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат изҳори нигаронӣ намуданд, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар мавзуи об ҷаҳон ҳанӯз ҳам бо якчанд мушкилоте рӯ ба рӯ мебошад, ки раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устуворро душвор кардаанд.

»Ҳоло миллиардҳо одамон ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд, қариб 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди ақалл як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд. Тамоюлҳои ҷорӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мушкилиҳо дар оянда ба таври назаррас афзоиш хоҳанд ёфт. Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл то ба 25 фоиз зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд. Ҳамзамон бо ин, қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гардад», — изҳори нигаронӣ намуданд Президенти Тоҷикистон.
Ба таъкиди Сарвари давлат, соҳаҳои нав ва босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати «сабз», шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард. Ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро дучанд месозад.

»Илова бар ин, таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр вазъи ҷориро дучанд шиддат мебахшад. Воқеияти гуфташуда барои низомҳои аллакай осебпазир фишори иловагӣ эҷод мекунад. Ин нишондиҳандаҳо танҳо пешгӯӣ нестанд, балки ҳушдори ҷиддӣ ва даъват ба амал ба ҳар яки мо мебошанд», — иброз доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд барои мусоидат ба пешрафт дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» доир мегардад.

Дар конфронс намояндагони сатҳи баланди ҳукуматҳо ва кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, молиявӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин созмонҳои занон, ҷавонон ва кӯдакон иштирок доранд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий