Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад
Чин барои лоиҳаи навсозии зерсохтҳои бандари Қулма ба Тоҷикистон коршиносони худро мефиристад. Қариб 2 миллион сомонӣ харҷи он низ аз ҷониби Чин ройгон пардохт хоҳад шуд. Лоиҳаи ёддошти табодулӣ дар ин бора байни ду кишвар рӯзи 12-уми май ба имзо расид.
Тибқи лоиҳа, ки «Азия-Плюс» бо он шинос шуд, Чин бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ризоият додааст, ки омӯзиши техникӣ-иқтисодии лоиҳаи навсозии зерсохтҳои бандари Қулмаро анҷом диҳад.
Тибқи лоиҳа, Чин гурӯҳи коршиносии худро барои таҳқиқоти саҳроӣ ба Тоҷикистон мефиристад.
" Дар лоиҳа гуфта шудааст, ки барои ин кор харҷи 1,42 миллион юани чинӣ (қариб 2 миллион сомонӣ) пешбинӣ шуда, он пурра аз ҷониби Чин ҳамчун кӯмаки бебозгашт пардохта мешавад.
Ин маблағ тавассути Бонки давлатии рушди Чин ба Бонки миллии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Тоҷикистон бошад уҳдадор шудааст, ки бехатарии коршиносони чиниро таъмин карда, раванди вуруд ва хуруҷи коршиносон ва таҷҳизотро осон кунад.
Ҳамчунин, Тоҷикистон масъул шудааст, ки тамоми маълумоти барои омӯзиши техникӣ-иқтисодии бандари Қулма марбутро ба коршиносон пешниҳод карда, барои кӯмак ёварони техникирро дар теъдоди зарурӣ ҷалб кунад.
Иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон аз ҳисоби худи кишвар пешбинӣ шудааст.
Акс аз сомонаи childrenoftheworld.ru
Ёдрас мешавем, ки бозсозии гузаргоҳи Қулма соли 2023 дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ма Синжуй, котиби якуми Ҳизби коммунисти Чин дар ноҳияи Синзян-Уйғур садо дода буд.
Бандари Қулма ё гузаргоҳи марзии Қулма ягона гузаргоҳи расмии заминӣ миёни Тоҷикистон ва Чин аст, ки дар ноҳияи Мурғоб ҷойгир шудааст. Ин гузаргоҳ дар қисми шарқии кӯҳистони Помир, дар наздикии марзи вилояти Шинҷони Чин қарор дорад.
Ин бандар барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад, зеро қисми зиёди молу маҳсулоти воридотӣ аз Чин аз он мегузарад. Он расман соли 2004 боз шудааст.
1,3 миллион сомонӣ грант барои хариди таҷҳизоти озмоишӣТибқи лоиҳаи дигаре, ки дар доираи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин ба имзо расид, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ барои назорати сифат дар Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион сомонӣ грант ҷудо мекунад.
Чин ба дархости ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати хариди моддаҳои реактивӣ ва дигар маводи зарурӣ барои «Лоиҳаи таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ҷиҳати муайян ва назорати сифат дар Тоҷикистон» ризоият дода, 1 миллион юани чинӣ (беш аз 1 миллиону 360 ҳазор осомнӣ) маблағи бебозгашт медиҳад.
" Дар лоиҳа гуфта мешавад, ки Чин ин маблағро ба суратҳисоби бонкии махсуси Тоҷикистон, ки ҳукумат пешниҳод мекунад, интиқол медиҳад ва баъди интиқоли маблағ ҷонибҳо «ҳадафҳои мушаххаси истифодаи маблағро муайян мекунанд».
Тибқи лоиҳа, Тоҷикистон бояд ин харидро мустақилона анҷом диҳад.
Тоҷикистон ҳамчунин уҳдадор мешавад, ки ин маблағро танҳо барои хариди моддаҳои реактивӣ ва дигар маводи зарурии лоиҳаи зикршуда истифода барад.
Ҳамчунин, ҳукумати кишвар бояд низоми махсуси назоратӣ барои татбиқи лоиҳа ва истифодаи ин маблағ таъсис дода, ба ҷониби Чин дар бораи корҳои анҷомдодааш мунтазам ҳисобот пешниҳод кунад.
Бояд гуфт, дар сафари охири раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин беш аз 80 созишномаи нави ҳакмкорӣ дар бахшҳои гуногун ба маблағи 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид. Лоиҳаи баъзе номаҳои табодулӣ аллакай нашр шудаанд.
Аз ҷумла, Чин ба дархости ҳукумати Тоҷикистон ба Тоҷикистон 34 таҷҳизоти иктишофӣ ва дигар маводу лавозимоти пулис пешниҳод мекунад, ки арзиши онҳо 52 миллион юани чинӣ (беш аз 72 миллион сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Сарчашма: asiaplus.news
Тибқи лоиҳа, ки «Азия-Плюс» бо он шинос шуд, Чин бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ризоият додааст, ки омӯзиши техникӣ-иқтисодии лоиҳаи навсозии зерсохтҳои бандари Қулмаро анҷом диҳад.
Тибқи лоиҳа, Чин гурӯҳи коршиносии худро барои таҳқиқоти саҳроӣ ба Тоҷикистон мефиристад.
" Дар лоиҳа гуфта шудааст, ки барои ин кор харҷи 1,42 миллион юани чинӣ (қариб 2 миллион сомонӣ) пешбинӣ шуда, он пурра аз ҷониби Чин ҳамчун кӯмаки бебозгашт пардохта мешавад.
Ин маблағ тавассути Бонки давлатии рушди Чин ба Бонки миллии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Тоҷикистон бошад уҳдадор шудааст, ки бехатарии коршиносони чиниро таъмин карда, раванди вуруд ва хуруҷи коршиносон ва таҷҳизотро осон кунад.
Ҳамчунин, Тоҷикистон масъул шудааст, ки тамоми маълумоти барои омӯзиши техникӣ-иқтисодии бандари Қулма марбутро ба коршиносон пешниҳод карда, барои кӯмак ёварони техникирро дар теъдоди зарурӣ ҷалб кунад.
Иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон аз ҳисоби худи кишвар пешбинӣ шудааст.
Акс аз сомонаи childrenoftheworld.ru Ёдрас мешавем, ки бозсозии гузаргоҳи Қулма соли 2023 дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ма Синжуй, котиби якуми Ҳизби коммунисти Чин дар ноҳияи Синзян-Уйғур садо дода буд.
Бандари Қулма ё гузаргоҳи марзии Қулма ягона гузаргоҳи расмии заминӣ миёни Тоҷикистон ва Чин аст, ки дар ноҳияи Мурғоб ҷойгир шудааст. Ин гузаргоҳ дар қисми шарқии кӯҳистони Помир, дар наздикии марзи вилояти Шинҷони Чин қарор дорад.
Ин бандар барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад, зеро қисми зиёди молу маҳсулоти воридотӣ аз Чин аз он мегузарад. Он расман соли 2004 боз шудааст.
1,3 миллион сомонӣ грант барои хариди таҷҳизоти озмоишӣТибқи лоиҳаи дигаре, ки дар доираи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин ба имзо расид, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ барои назорати сифат дар Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион сомонӣ грант ҷудо мекунад.
Чин ба дархости ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати хариди моддаҳои реактивӣ ва дигар маводи зарурӣ барои «Лоиҳаи таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ҷиҳати муайян ва назорати сифат дар Тоҷикистон» ризоият дода, 1 миллион юани чинӣ (беш аз 1 миллиону 360 ҳазор осомнӣ) маблағи бебозгашт медиҳад.
" Дар лоиҳа гуфта мешавад, ки Чин ин маблағро ба суратҳисоби бонкии махсуси Тоҷикистон, ки ҳукумат пешниҳод мекунад, интиқол медиҳад ва баъди интиқоли маблағ ҷонибҳо «ҳадафҳои мушаххаси истифодаи маблағро муайян мекунанд».
Тибқи лоиҳа, Тоҷикистон бояд ин харидро мустақилона анҷом диҳад.
Тоҷикистон ҳамчунин уҳдадор мешавад, ки ин маблағро танҳо барои хариди моддаҳои реактивӣ ва дигар маводи зарурии лоиҳаи зикршуда истифода барад.
Ҳамчунин, ҳукумати кишвар бояд низоми махсуси назоратӣ барои татбиқи лоиҳа ва истифодаи ин маблағ таъсис дода, ба ҷониби Чин дар бораи корҳои анҷомдодааш мунтазам ҳисобот пешниҳод кунад.
Бояд гуфт, дар сафари охири раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин беш аз 80 созишномаи нави ҳакмкорӣ дар бахшҳои гуногун ба маблағи 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид. Лоиҳаи баъзе номаҳои табодулӣ аллакай нашр шудаанд.
Аз ҷумла, Чин ба дархости ҳукумати Тоҷикистон ба Тоҷикистон 34 таҷҳизоти иктишофӣ ва дигар маводу лавозимоти пулис пешниҳод мекунад, ки арзиши онҳо 52 миллион юани чинӣ (беш аз 72 миллион сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)