Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Дар ин росто, зимни суҳбати телефонӣ ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои ду кишвар таъкид гардид. Ҳамчунин, ба аҳамияти идомаи татбиқи фаъолонаи мувофиқаҳои байнидавлатии қаблан ҳосилшуда таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Манбаъ меафзояд, ки сарони ду давлат ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистодаро дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ карда, аз ҷумла масоили омодагӣ ба ҳамоиши ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхайро, ки 31-уми август — 1-уми сентябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад, муҳокима намуданд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)