< Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
​Ёддошти тафоҳум 26 март зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарони давлатҳо табодул карда шуд.

Тибқи иттилои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Ёддошти тафоҳум ҳамчун санади муҳими ҳамкорӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти касбӣ заминаи устувор мегузорад. Тарафҳо бо назардошти аҳамияти мубодилаи таҷриба, татбиқи усулҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир ба тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.

Дар асоси муқаррароти санад ҷонибҳо мақсад доранд, ки ҳамкориро дар самти баланд бардоштани сифати барномаҳои таълимӣ, мутобиқ намудани онҳо ба талаботи бозори меҳнат ва рушди захираҳои инсонӣ густариш диҳанд. Ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, ба табодули иттилоот, таҷриба ва амалияи пешқадам, инчунин татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ равона мегардад.
Ҳамчунин дар доираи санад ташкили мубодилаи омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳассилин пешбинӣ гардида, ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи тахассус ва малакаи касбии онҳо мусоидат хоҳад намуд.

Тарафҳо ба таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, мубодилаи маводи илмӣ ва методӣ, инчунин таҳияи манобеи нави таълимӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Аз ҷумла, баргузории таҳқиқоти муштараки илмӣ ва лоиҳаҳои таълимӣ, ки ба рушди таҳсилоти касбӣ нигаронида шудаанд, аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ мегардад. Ташкил ва гузаронидани конфронсҳо, машваратҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои муштарак барои тақвияти робитаҳои касбӣ ва илмӣ дар назар дошта шудааст.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии самараноки ҳамкорӣ таъсиси гурӯҳи кории муштарак пешбинӣ гардидааст, ки он аз намояндагони ҳарду ҷониб иборат буда, нақшаҳои чорабиниҳоро таҳия ва татбиқи онҳоро ҳамоҳанг месозад. Ҳамзамон мубодилаи мунтазами иттилоот оид ба раванди иҷрои барномаҳо ва натиҷаҳои бадастомада таъмин карда мешавад.

Ёддошти тафоҳум барои ҷонибҳо уҳдадории молиявӣ пешбинӣ намекунад ва тамоми масъалаҳои вобаста ба маблағгузории чорабиниҳо дар алоҳидагӣ баррасӣ ва мувофиқа карда мешаванд. Ҳамзамон ин санад хусусияти ҳамкорӣ дошта, уҳдадориҳои ҳуқуқии ҳатмиро барои давлатҳо ба миён намеорад.

Ба имзо расидани ин санади муҳим бозгӯи сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон буда, қадами устувор дар роҳи рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ маҳсуб мешавад.

Ёддошти тафоҳумро Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Конгратбай Шарипов ба имзо расониданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий