Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Закот — яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом аст. Ҳар сол ҳазорон мусулмони тоҷик дар бораи он саволҳо доранд: Аз чӣ миқдор маблағ закот дода мешавад? Ба кӣ додан лозим? Аз тилло ва нуқра чӣ гуна ҳисоб мекунанд? Дар ин матлаб тибқи посухҳои расмии Шӯрои уламои Тоҷикистон ба муҳимтарин саволҳо дар бораи закот ҷавоб медиҳем.
Закот чист ва чарофарз аст?Закот чист?- Закот калимаи арабӣ буда, маънояш покӣ, нумӯ, афзоиш ва баракат мебошад. Дар дини Ислом закор — пардохти ҳиссаи муайяни мол ё пул ба ашхоси ниёзманд аст. Ин яке аз панҷ рукни асосии дини мубин буда, пас аз шаҳодат, намоз ва рӯза яке аз муҳимтарин фарзҳои илоҳӣ ҳисобида шудааст.Чаро закот фарз аст ва он ба киҳо дода мешавад?- Худованд дар ояти 60-уми сураи Тавба дар Қуръони карим додани закотро фарз гуфтааст. Дар ҳамон оят шахсони закотгиранда ҳам муайян шудаанд:
— Фақирон;
— Мискинон;
— Коргузорони ҷамъоварии он;
— Дилҷӯшудагон (барои ҷалби дилҳои ғайримуслимҳо ба Ислом);

— Барои озод кардани бардагон;
— Барои пардохти қарзи қарздорон;
— Дар роҳи Аллоҳ (барои корҳои хайр);
— Ва мусофирон (дар роҳ мондагон).
Дар Қуръон ва ҳадис гуфта мешавад, ки закот боиси тозашавии мол, пайдоиши баракат ва ёрии ниёзмандон мегардад.
Кай закот доданҳатмӣ мешавад?- Вақте ки миқдори пул ё мол ба ҳадди нисоб расид ва аз он як соли қамарӣ гузашт, пардохти закот фарз (ҳатмӣ) мегардад.
Нисоби закот дар соли 2026Нисоби закот дар соли 2026 чӣ қадар аст?Агар аз 64 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ дошта бошем, закоти он чӣ гуна ҳисоб мешавад?- Агар маблағ аз нисоб зиёд бошад, ҳамаи онро ба 40 тақсим мекунанд — миқдори закот мебарояд. Масалан, агар 75 ҳазор сомонӣ дошта бошед: 75 000 ÷ 40 = 1 875 сомонӣ закот пардохт мешавад.

Аз тилло ва нуқра чӣ гуна закот дода мешавад?- Нисоби тилло 85 гр ва нисоби нуқра 600 гр аст. Аз зеварҳои тиллоӣ 2,125 гр тилло ва аз зеварҳои нуқрагин 15 гр нуқра ё қимати онҳо пардохт карда мешавад. Агар миқдори тилло ё нуқра ба нисоб нарасад, закот воҷиб нест.
Оё аз молу амволи тиҷоратӣ ҳам закот дода мешавад?- Бале. Нисоби закот аз тамоми моли тиҷорат ҳисоб мешавад ва дар ин сурат нархи фурӯши мол эътибор дорад. Масалан, молеро бо 3 ҳазор сомонӣ харидед ва бо 3,5-4 ҳазор сомонӣ мефурӯшед — нархи фурӯш 3,5-4 ҳазор сомонӣ асос мешавад. Яъне, асосан нархи фурӯши мол ба инобат гирифта мешавад.
Аз пули қарз додашуда закот дода мешавад?- Агар қарздор эътироф кунад, ки қарздор аст ва онро мепардозад, закот аз он воҷиб мешавад. Назди Имом Абӯҳанифа пас аз баргардонидани қарз адои закоти солҳои гузашта низ воҷиб мегардад. Аммо агар қарздор нодор бошад, мункири қарз бошад ё онро кашола диҳад, дар ин ҳолатҳо закот воҷиб намегардад.
Аз хонаи ба иҷора додашуда закот дода мешавад?- Аз фоидаи иҷора закот пардохта мешавад, ба шарте ки маблағи ба дастомада ба нисоб расад ва як сол аз он гузарад. Агар хона барои тиҷорат бошад, аз нархи худи хона закот дода мешавад.
Аз манзил ва мошин закот дода мешавад?- Хонае, ки барои зиндагӣ истифода мешавад ва мошине, ки мавриди истифодаи шахсӣ аст — аз инҳо закот воҷиб нест. Агар хона ё мошин барои тиҷорат бошад — закот воҷиб мешавад.

Оё аз пули закот роҳ сохтан мумкин аст?- Бале, яке аз масрифҳои закот «дар роҳи Худо» аст. Бинобар ин, як қисми пули закотро дар сохтани роҳ сарф кардан ҷоиз аст.
Ба кӣ закот дода намешавад?Ба кадом хешовандон закот додан мумкин нест?- Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) ба падару модар, падаркалон ва модаркалон, фарзандон ва набераҳо, ҳамсар — закот додан дуруст нест. Аммо ба хусуру хушдоман, агар фақир бошанд, закот додан ҷоиз аст.
Ба кӣ дигар закот дода намешавад?- Закот ба сарватмандон, ба идораҳои давлатӣ ё барои умури умумии сохтмон (берун аз «роҳи Худо») дода намешавад. Закот танҳо ба 8 гурӯҳи дар боло зикршуда дода мешавад.
Аз моли майит закот дода мешавад?- Аз моли майит закот дода намешавад, зеро дар закот ният шарт аст ва майит аҳли ният нест. Аммо агар майит барои адои закот васият карда бошад, аз сеяки молаш закотро адо мекунанд. Агар ворисон ҳама болиғ бошанд, метавонанд бештар аз сеяк низ закот диҳанд.
Агар маблағ барои хариди хона ҷамъ карда бошам, закот медиҳам?- Агар шахс барои харидани хона ё замин маблағе ҷамъ карда бошад, вале пас аз як соли соҳиби нисоб шудан на хона харида тавонист ва на замин, закоташро адо мекунад. Аммо агар пеш аз гузаштани сол онро сарф кунад, закот воҷиб намешавад.
Агар молам ба нисоб нарасида бошад, аммо касе бароям закот диҳад- гирифтан ҷоиз аст?- Бале, агар дороии инсон ба нисоб (64 ҳазор сомонӣ) нарасида бошад, ӯ закот гирифта метавонад.
Кай закот пардохта мешавад — дар аввали сол ё охири сол?- Вақте ки мол ба андозаи нисоб расид ва як соли қамарӣ аз он гузашт, адои закот воҷиб мегардад.
ЭЗОҲ: Ин мавод бо истифода аз посухҳои расмии сомонаи Шӯрои уламо таҳия ва бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон мувофиқа шудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)