Ихроҷи қариб 1000 паноҳҷӯи афғонистонӣ дар як моҳ. Рамазон Раҳимзода гуфт, “вақте қонунро шикастанд, ихроҷ мешаванд”
Вазири корҳои дохилӣ далели ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз хоки Тоҷикистонро ба қонуншиканӣ аз сӯи онҳо рабт дода гуфт, “гарчанде, онҳо қонунӣ иқомат доштанд, вақте қонунро шикастанд ихроҷ мешаванд”. Тибқи иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар камтар аз як моҳ қариб 1000 паноҳҷӯи Афғонистон аз Тоҷикистон ронда шудаанд.
Хабари ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон давоми тақрибан як моҳи охир бештар расонаӣ мешавад. Қаблан, хабарҳео ҳам нашр шуда буд, ки гӯё нерӯҳои амниятии тоҷик ба таври шифоҳӣ ба паноҳҷӯён 15 рӯз мӯҳлат дода буданд, то хоки Тоҷикистонро тарк кунанд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, зимни нишасти матбуотии рӯзи 7-уми август дар шарҳи масъалаи ихроҷи шаҳвандони Афғонистон аз Тоҷикистон кӯтоҳ чунин гуфт:
Дар ҳамин ҳол, СБМ гуфтааст, ки дар наздик ба як моҳи охир- аз 17-уми июл то 10-уми август 1 ҳазору 647 нафар аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён-Бандари Шерхон ба Афғонистон баргаштаанд. Аз инҳо 976 нафар аз хоки Тоҷикистон ихроҷ шуда, 671 тани боқимонда ихтиёрӣ барои дидани хонаводаашон рафтаанд.
Ин созмон, ки вуруду хуруҷи шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва баръаксро аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён – Бандари Шерхон ҳисоб мекунад, гуфтааст, дар 25 рӯз камтар аз як моҳи охир 687 шаҳрванди Афғонистон барои ёфтани кор, дидани хешовандон ва рафтан ба кишварҳои дигар ба Тоҷикистон омадаанд.
Аз ин пештар, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфта буд, ки ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон ба далели нақзи қонунгузории кишвар дар робита ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ сурат мегирад.
Ин мақоми давлатӣ далели ихроҷи онҳоро “ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари сеюм, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ” рабт дода буд.
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки хабари ихроҷи паноҳандагони афғонистонӣ аз Тоҷикистон расонаӣ мешавад.
Чанде қабл хабаргузории “Khaama Press”-и Афғонистон бо нашри гузорише аз додани муҳлати 15-рӯза аз сӯи маъмурони амниятӣ барои тарки Тоҷикистон ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ хабар дода буд. Ин расона навишта буд, ки ин муҳлат “нигарониҳои ҷиддиро” дар миёни ҳазорҳо муҳоҷири афғонистонӣ, аз ҷумла онҳое, ки ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат доранд, ба бор овардааст.
Манбаъ афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон аз аввали моҳи июл боздошти муҳоҷиронро дар минтақаҳое чун шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ “шадидтар кардаанд” ва бисёре аз афрод бидуни огоҳии пешакӣ ва ё имкони шикояти ҳуқуқӣ аз ҷойи кори худ боздошт ва ба Афғонистон бозпас фиристода шудаанд.
Қаблан, дар вокуниш ба ихроҷи иҷбории паноҳҷӯёни афғонистонӣ, Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон хоста буд, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, ҷилавгирӣ карда, онҳоро ба кишвари сеюм фиристанд.
Ёдовар мешавем, ки дар гузашта тибқи иттилои ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон бештар аз 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон паноҳанда ҳастанд ва онҳо асосан дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ кору зиндагӣ мекунанд. Ҳоло маълум нест, ки баъди ихроҷҳои пайдарпай шумораи онҳо чанд нафар боқӣ мондааст.

“Ҳамаашон қонунӣ иқомат доштанд, лекин вақте қонунро шикастӣ ғайриқонунӣ мешавад. Ҳамин хел не? Азбаски масъалаи ихроҷ кардани онҳо дар салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ набуд, ба мо дахл надорад. Лекин қонунро шикастанд, гарчанде қонунан ба қайд гирифта бошанд, онҳо вақте қонуншиканӣ карданд, ихроҷ мешаванд”.
Дар ҳамин ҳол, СБМ гуфтааст, ки дар наздик ба як моҳи охир- аз 17-уми июл то 10-уми август 1 ҳазору 647 нафар аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён-Бандари Шерхон ба Афғонистон баргаштаанд. Аз инҳо 976 нафар аз хоки Тоҷикистон ихроҷ шуда, 671 тани боқимонда ихтиёрӣ барои дидани хонаводаашон рафтаанд.
Ин созмон, ки вуруду хуруҷи шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва баръаксро аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён – Бандари Шерхон ҳисоб мекунад, гуфтааст, дар 25 рӯз камтар аз як моҳи охир 687 шаҳрванди Афғонистон барои ёфтани кор, дидани хешовандон ва рафтан ба кишварҳои дигар ба Тоҷикистон омадаанд.
Аз ин пештар, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфта буд, ки ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон ба далели нақзи қонунгузории кишвар дар робита ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ сурат мегирад.
Ин мақоми давлатӣ далели ихроҷи онҳоро “ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари сеюм, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ” рабт дода буд.
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки хабари ихроҷи паноҳандагони афғонистонӣ аз Тоҷикистон расонаӣ мешавад.
Чанде қабл хабаргузории “Khaama Press”-и Афғонистон бо нашри гузорише аз додани муҳлати 15-рӯза аз сӯи маъмурони амниятӣ барои тарки Тоҷикистон ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ хабар дода буд. Ин расона навишта буд, ки ин муҳлат “нигарониҳои ҷиддиро” дар миёни ҳазорҳо муҳоҷири афғонистонӣ, аз ҷумла онҳое, ки ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат доранд, ба бор овардааст.
Манбаъ афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон аз аввали моҳи июл боздошти муҳоҷиронро дар минтақаҳое чун шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ “шадидтар кардаанд” ва бисёре аз афрод бидуни огоҳии пешакӣ ва ё имкони шикояти ҳуқуқӣ аз ҷойи кори худ боздошт ва ба Афғонистон бозпас фиристода шудаанд.
Қаблан, дар вокуниш ба ихроҷи иҷбории паноҳҷӯёни афғонистонӣ, Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон хоста буд, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, ҷилавгирӣ карда, онҳоро ба кишвари сеюм фиристанд.
Ёдовар мешавем, ки дар гузашта тибқи иттилои ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон бештар аз 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон паноҳанда ҳастанд ва онҳо асосан дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ кору зиндагӣ мекунанд. Ҳоло маълум нест, ки баъди ихроҷҳои пайдарпай шумораи онҳо чанд нафар боқӣ мондааст.
Комментарии (0)