Баъди марги шаш кӯдак аз дасти волидон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак оилаҳои осебпазирро рӯйхат кардааст
Марги дастикам 6 кӯдак аз сӯйи падару модар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кӯдак дар Тоҷикистонро нигарон кардааст ва баҳси онро ба вуҷуд оварда, ки оилаҳои осебпазир шинохта ва феҳрист шаванд.
Миҷгона Бобоҷонзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон (Омбудсмен) рӯзи 4-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки кушта шудани 6 кӯдак дар Фархор, Қубодиён ва Турсунзода аз сӯйи волидон, мавзӯи осебпазир будани кӯдаконро бори дигар доғ кард.
“Ҳаводиси охир андешидани тадбирҳои ҷиддӣ дар самти ҳифзи кӯдаконро собит кард”, - гуфт Бобоҷонзода.
Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори Шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон афзуд, боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки кӯдак аз сӯйи падару модар кушта мешавад.
Дар пайи ин, ба иттилои Қодирӣ, дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар оилаҳои осебпазир шинохта ва рӯйхат шудаанд.
Ба қавли ӯ, агар падар ё модар ва ё шахсони сарпарасти кӯдак нашъаманд ё майнӯш бошад, бемории музмин бошад ва ё дар қайди бемориҳои равонӣ бошад, оилаи осебпазир шинохта шудааст.
Суҳайлӣ Қодирӣ гуфт, ки аз рӯйи ин тартиб, дар шаш моҳи охир аз ду оилаи осебпазир кӯдакон гирифта шуда ва ба муассисаҳои давлатӣ ҷой карда шудаанд.
Аммо, ба қавли Қодирӣ, ин ҳам наметавонад аз ҳама навъи шиканҷаи кӯдакон пешгирӣ кунад.
Аз ҷумла, шаби 21-уми июн Юлдуз Бозороваи 24-сола аз ноҳияи Қубодиён як духтар ва ду писари хурдсолашро бо корд захмӣ кард. Дар пайи ин, Хадича - духтараки шашмоҳае, ки ҳамроҳ бо ду бародараш (яке 4 ва дигари 5-сола) бо захми корд бистарии беморхона буд, субҳи 5-уми июл дар шуъбаи эҳё ҷон бохт. Ду бародараш шифо ёфта, аз беморхона рухсат шуданд.
Як манбаъ гуфт, ин зан баъди захмӣ кардани кӯдакон мехост худро ҳам корд занад, аммо дасташ хато рафта, каме осеб дид. Сабаби ба чунин кор даст задани ӯ маълум нест.
Ҳодисаи дигар шаби 29 ба 30-юми июн, дар ноҳия Фархор рух дод: Мадина Ҳалимоваи 27-сола худ ва 4 фарзанди ноболиғашро ба дарёи Сурхоб партофт.
Худи зан ҷон ба саломат бурд, вале 4 фарзанди ӯ ба ҳалокат расиданд. То ҳол се кӯдаки ин зан - Зайнаб Абдуллохонзодаи 3-сола, Муҳаммад Шарифзодаи 2-моҳа ва Ёсамин Абдуллохонзодаи 2-сола аз дарёи Сурхоб ва Панҷ пайдо шуданд. Латофати панҷсола то ҳол пайдо нагардидааст.
Он вақт аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб ба “Азия-Плюс” гуфтанд, “зан баъди он, ки аз зани дигар гирифтани шавҳараш огоҳ мешавад, бо мақсади қасд гирифтан, шабона худ ва кӯдаконашро ба дарё меандозад”.
Ҳоло ин зан дар боздошт қарор дошта, нисбаташ тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомӣ “одамкушӣ” парванда боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 сол зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ мекунад.
Шавҳар ва наздикони зан иддао доранд, ки “бемории рӯҳӣ” доштани зан сабаби ба ин кор даст задани ӯ шудааст. Вале вакили дифои Мадина Ҳалимова, ки чанд бор бо зерҳимояаш дар боздоштгоҳ ҳамсуҳбат шудааст, фарзияи “бемории руҳӣ доштан”-и занро рад карда, мегӯяд, “сабаби ба ин кор даст задани ӯ рашки зиёд аст”.
Аз сӯйи падар то марг шиканҷа кардани фарзанд пурсарусадотарин ҳодисаи чанд вақти ахир буд. Парвиз Одинаев, марди 40-солаи сокини шаҳри Турсунзода, рӯзи 26-уми июл писари 15-солааш Хусравро барои дуздии маблағ ва носкашиву арақнӯшӣ муҷозоти сангин кард.
Дар асоси иттилои ВКД, ӯ пойи писарашро ба паси мошин баста, онро чанд метр ронд. Наврас осеби ҷиддии ҷисмонӣ бардошта, ҷон бохт.
Пайвандони ин наврас бархе ҷузъиёти ҳодисаро ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онро метавонед аз пайди зер мутолиа кунед.
Дар маҷмӯъ, ба иттилои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак хушунат нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон масъалаи ҳалталаб ва доғ боқӣ мемонад. Ба иттилои ин ниҳод, танҳо давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ хушунат нисбати кӯдакон 30 дарсад зиёд шудааст, ки ин нигаронкунанда аст.
Миҷгона Бобоҷонзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон (Омбудсмен) рӯзи 4-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки кушта шудани 6 кӯдак дар Фархор, Қубодиён ва Турсунзода аз сӯйи волидон, мавзӯи осебпазир будани кӯдаконро бори дигар доғ кард.
“Ҳаводиси охир андешидани тадбирҳои ҷиддӣ дар самти ҳифзи кӯдаконро собит кард”, - гуфт Бобоҷонзода.
Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори Шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон афзуд, боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки кӯдак аз сӯйи падару модар кушта мешавад.
Дар пайи ин, ба иттилои Қодирӣ, дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар оилаҳои осебпазир шинохта ва рӯйхат шудаанд.
Ба қавли ӯ, агар падар ё модар ва ё шахсони сарпарасти кӯдак нашъаманд ё майнӯш бошад, бемории музмин бошад ва ё дар қайди бемориҳои равонӣ бошад, оилаи осебпазир шинохта шудааст.
Суҳайлӣ Қодирӣ гуфт, ки аз рӯйи ин тартиб, дар шаш моҳи охир аз ду оилаи осебпазир кӯдакон гирифта шуда ва ба муассисаҳои давлатӣ ҷой карда шудаанд.
Аммо, ба қавли Қодирӣ, ин ҳам наметавонад аз ҳама навъи шиканҷаи кӯдакон пешгирӣ кунад.
“Оилаҳои осебпазир шинохта шудаанд, вале ҳеҷ имкон надорад, ки мо дар ҳар оила як нафарро гузорем, ки кӯдаконро назорат кунанд. Масъулияти падару модар, мактаб, ҷомеа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҷоннок карда шавад”, - иброз дошт Қодирӣ.
Се ҳодисаи пурсарусадои қатли фарзанд
Ин баҳс дар нишасти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз он бархост, ки дар як моҳи ахир 2 модар ва 1 падар дар умум шаш фарзанди ноболиғи худро ба қатл расониданд.Аз ҷумла, шаби 21-уми июн Юлдуз Бозороваи 24-сола аз ноҳияи Қубодиён як духтар ва ду писари хурдсолашро бо корд захмӣ кард. Дар пайи ин, Хадича - духтараки шашмоҳае, ки ҳамроҳ бо ду бародараш (яке 4 ва дигари 5-сола) бо захми корд бистарии беморхона буд, субҳи 5-уми июл дар шуъбаи эҳё ҷон бохт. Ду бародараш шифо ёфта, аз беморхона рухсат шуданд.
Як манбаъ гуфт, ин зан баъди захмӣ кардани кӯдакон мехост худро ҳам корд занад, аммо дасташ хато рафта, каме осеб дид. Сабаби ба чунин кор даст задани ӯ маълум нест.
Ҳодисаи дигар шаби 29 ба 30-юми июн, дар ноҳия Фархор рух дод: Мадина Ҳалимоваи 27-сола худ ва 4 фарзанди ноболиғашро ба дарёи Сурхоб партофт.
Худи зан ҷон ба саломат бурд, вале 4 фарзанди ӯ ба ҳалокат расиданд. То ҳол се кӯдаки ин зан - Зайнаб Абдуллохонзодаи 3-сола, Муҳаммад Шарифзодаи 2-моҳа ва Ёсамин Абдуллохонзодаи 2-сола аз дарёи Сурхоб ва Панҷ пайдо шуданд. Латофати панҷсола то ҳол пайдо нагардидааст.
Он вақт аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб ба “Азия-Плюс” гуфтанд, “зан баъди он, ки аз зани дигар гирифтани шавҳараш огоҳ мешавад, бо мақсади қасд гирифтан, шабона худ ва кӯдаконашро ба дарё меандозад”.
Ҳоло ин зан дар боздошт қарор дошта, нисбаташ тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомӣ “одамкушӣ” парванда боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 сол зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ мекунад.
Шавҳар ва наздикони зан иддао доранд, ки “бемории рӯҳӣ” доштани зан сабаби ба ин кор даст задани ӯ шудааст. Вале вакили дифои Мадина Ҳалимова, ки чанд бор бо зерҳимояаш дар боздоштгоҳ ҳамсуҳбат шудааст, фарзияи “бемории руҳӣ доштан”-и занро рад карда, мегӯяд, “сабаби ба ин кор даст задани ӯ рашки зиёд аст”.
Аз сӯйи падар то марг шиканҷа кардани фарзанд пурсарусадотарин ҳодисаи чанд вақти ахир буд. Парвиз Одинаев, марди 40-солаи сокини шаҳри Турсунзода, рӯзи 26-уми июл писари 15-солааш Хусравро барои дуздии маблағ ва носкашиву арақнӯшӣ муҷозоти сангин кард.
Дар асоси иттилои ВКД, ӯ пойи писарашро ба паси мошин баста, онро чанд метр ронд. Наврас осеби ҷиддии ҷисмонӣ бардошта, ҷон бохт.
Пайвандони ин наврас бархе ҷузъиёти ҳодисаро ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онро метавонед аз пайди зер мутолиа кунед.
Дар маҷмӯъ, ба иттилои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак хушунат нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон масъалаи ҳалталаб ва доғ боқӣ мемонад. Ба иттилои ин ниҳод, танҳо давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ хушунат нисбати кӯдакон 30 дарсад зиёд шудааст, ки ин нигаронкунанда аст.
Комментарии (0)