< Боздошти шавҳар бо гумони ба худкушӣ расонидани занаш дар Зафаробод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти шавҳар бо гумони ба худкушӣ расонидани занаш дар Зафаробод

Боздошти шавҳар бо гумони ба худкушӣ расонидани занаш дар Зафаробод
Дар ноҳияи Зафаробод марди 34-солае бо гумони ба худкушӣ расонидани ҳамсараш боздошт шудааст. Дар ин бора ВКД хабар дода, аммо аз исми зану шавҳар ном набурдааст.

Манбаъ гуфтааст, ҳамсари 28-солаи ин мард, ки сокини ноҳияи Зафаробод будааст, рӯзи 10-уми июл, тақрибан соати 11:30 дар оғилхонаи манзили истиқоматияш худро ба дор овехтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, сабаби ин амали зан “муомилаҳои бераҳмона ва ҷабру зулми шавҳараш” нисбати ӯ будааст.

Дар ҳоле, ки назари боздоштшуда ва пайвандони ӯ дар робита ба ин ҳодиса маълум нест, мақомот гуфтааст, алайҳи шавҳари зан бо иттиҳоми “ба худкушӣ расонидан” (моддаи 109 қисми 2 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Бар асоси ин иттиҳом, ба дастгиршуда аз 5 то 8 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Бояд гуфт, ҳолатҳои ба худкушӣ расонидани келин аз ҷониби шавҳар ва ё хушдоман дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чанд шавҳару хушдоман бо ҷурми ба худкушӣ расонидани келини хонадон боздошт шуда буданд.

Яке аз чунин ҳодисаҳои пурсадусадотарин соли 2022 дар ноҳияи Файзобод рух дода буд. Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, барои ба худкушӣ расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон шуда буд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон дар соли гузашта дар кишвар 259 нафар занону духтарон ба худкушӣ ва суиқасд ба он даст задаанд.

Сабабҳои даст ба худкушӣ задан бемориҳои рӯҳӣ, шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ унвон мешаванд.

Омори 5 солаи худкушӣ ва сабабу омилҳои онро дар маводи "Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?" хонед.

Комментарии (0)

Оставить комментарий