< Ректори пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ректори пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст

Ректори пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст
Аюб  Усмонзода, ректори ҳамакнун пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои гирифтани пора гунаҳкор ва ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.

Як манбаъ аз Додгоҳи вилояти Суғд хабар дод, ки Аюб Усмонзода барои гирифтани пора ба миқдори калон аз сӯйи шахси мансабдор (моддаи 319, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳкор ва 7 соли зиндон маҳкум карда шуд. Ҳукми ӯ 26-уми июни соли 2025 содир шудааст.

Вале мақомоти расмӣ иттилоъ надоданд, ки сухан сари чанд пул меравад ва ректор онро дар кадом шароит гирифтааст.

Тафсилоти бештар оид ба ин қазия ҳоло дастрас нест.

Ҳамчунин, назари маҳкумшуда, наздиконаш ва ё вакили дифои ӯ ба ин ҳукм номаълум аст. Талошҳои мо барои тамос бо онҳо бенатиҷа анҷомид.

Бояд гуфт, Аюб Усмонзода 11-уми марти соли ҷорӣ аз сӯйи мақомоти амнияти вилояти Суғд боздошт гардида буд.

Пас аз боздошт, ҳамсари Аюб Усмонзода ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “шавҳарам бегуноҳ аст ва ман бовар дорам, ки ҳақиқат ошкор мешавад”.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Аюб Усмонзода дар пайи боздошти Парвиз Рӯзизода, декани факултети биология ва химияи ин донишгоҳро дастгир шуд. Аммо маълум нест, ки боздошти онҳо то куҷо ба ҳам алоқамандӣ дорад.

Парвиз Рӯзизода як моҳ пеш, 13-уми июни соли 2025, баъди талаби айбдоркунандаи давлатӣ дар боздоштгоҳ даргузашт. Сабаби марги ӯ бемории қалб гуфта мешавад.

Марги собиқ деканро чанд манбаъ аз Раёсати ДДХ ва Додгоҳи вилояти Суғд тасдиқ карда буданд. Ба қавли яке аз манобеи мо, “айбдоркунандаи давлатӣ ба Рӯзизида 17 сол талаб кардааст ва соати 10-и шаби 13-уми июн дили ӯ аз кор мондааст. Парвиз Рӯзизодаро рузи 14-уми июн дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт ба хок супориданд”.

Он замон аз Додгоҳи вилояти Суғд гуфта буданд, ки “парвандаи номбурда (Парвиз Рӯзизода) тибқи бандҳои гуногуни ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ - модддаи 319 (пора гирифтани шахси мансабдор) ва 139 (ҳаракатҳои зуроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) баррасӣ мешуд”.
Назари вакили дифоъ ва ё наздикони марҳум маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки боздошти кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бори аввал расонаӣ намешавад. Моҳи феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабарии худ Сафар Салимзода, сардори Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро  муассисаи фасодзада номида, гуфта буд, ки дастикам 49 мавриди ҷиноятҳои  коррупсионӣ дар ин донишгоҳро ошкор карданд.

Салимзода гуфта буд, нисбат ба панҷ корманди донишгоҳи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардид. Нисбати онҳо ҳукм содир шудааст ё не маълум нест.

Комментарии (0)

Оставить комментарий