< Вазорати маориф ният дорад, то соли 2029 ба низоми таҳсили 12-сола гузарад. Ин чӣ гуна амалӣ мешавад? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазорати маориф ният дорад, то соли 2029 ба низоми таҳсили 12-сола гузарад. Ин чӣ гуна амалӣ мешавад?

Вазорати маориф ният дорад, то соли 2029 ба низоми таҳсили 12-сола гузарад. Ин чӣ гуна амалӣ мешавад?
Вазорати маориф ва илми кишвар нақша дорад, ки дар соли таҳсили 2029-2030 ба низоми таҳсили 12-сола гузарад. Дар асоси нақша, дар ин сурат, қабул ба синфи якум аз 6-солагӣ оғоз шуда, таҳсили асосӣ то синфи 10-ум ҳатмӣ мешавад.

Ин масъала чанд рӯз пеш дар ҳамоише дар Вазорати маориф ва илм баррасӣ шуд.

Баҳси гузариш ба таҳсили 12-сола солҳост дар Тоҷикистон идома дорад ва дар гузашта Вазорати маориф ва илм гузариш ба ин низомро дар солҳои наздик ваъда медод, вале маълум набуд, ки кай ин тағйирот дар низоми таҳсил ҷорӣ мегардад.

Аз Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилот ба “Азия-Плюс” гуфтанд, нақшаи марҳила ба марҳила гузаштан ба ин низом ва дигар санадҳо таҳия ва аллакай, ба Вазорати маориф ва илми кишвар пешниҳод шудааст.

“Тибқи нақша, дар сурати пеш наомадани мушкил ва амалкард аз рӯйи нақшаи таҳияшуда, соли таҳсили 2029-2030 ин низом ҷорӣ мегардад ва аввалин маротиба кӯдакони 6-сола ба синфи 1 пазируфта мешаванд. Тибқи барнома, соли 2040-2041 аввалин муҳассилини низоми нав синфи 12-ро хатм мекунанд”, - гуфтанд аз ин ниҳод.

Аз рӯйи маълумоте, ки аз ин пажӯҳишгоҳ дастрас гардид, “баъди ҷорӣ гардидани низоми таҳсили 12-сола таҳсилоти ҳатмии асосии умумӣ 10-сола шуда, хонандагоне, ки дар 6-солагӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, аввалин маротиба синфи 10-ро дар соли таҳсили 2038-2039 хатм мекунанд ва аз ҳамин сол гузариш ба таҳсилоти хатмии 10-сола дар Тоҷикистон пурра амалӣ мегардад”.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ба қонуни "Дар бораи маориф" тағйирот ворид гардид, ки таҳсил дар синфҳои 10-11-ро ҳатмӣ мегардонад. Агар хонандагон ин синфҳоро дар мактаб нахонанд, таҳсилро бояд дар коллеҷҳо ё мактабҳои касбӣ идома диҳанд.

Аз Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилот гуфтанд, дар таҳсили 12-сола хатмкунандагон дар баробари гирифтани шаҳодатномаи хатми мактаби миёнаи умумӣ, инчунин соҳиби шаҳодатнома дар бораи ин ё он ихтисос (касбу ҳунар) мегарданд. Зеро дар низоми нав аз рӯйи истеъдоду қобилияти хонандагон таълим дар равияҳои касбӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, бо ҷорӣ шудани ин низом давомнокии таҳсилоти ибтидоии умумӣ 5 сол (синфҳои 1-5), таҳсилоти умумии асосӣ 5 сол (синфҳои 6-10) ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 2 (синфҳои 11-12) солро ташкил хоҳанд дод.

Ба иттилои манбаъ, гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил зина ба зина амалӣ шуда, дар марҳилаи аввал барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ барои синфи 1 (6-сола) таҳия ва нашр мешавад ва дар марҳилаҳои баъдӣ барои синфҳои болоӣ мавод таҳия мешавад. Тибқи нақша, барои хонандагони синфи 1-и шашсола на зиёда аз 17-18 соат дарс дар як ҳафта пешбинӣ мешавад.

Мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда, пеш аз гузариши пурра ба ин низом аввал теъдоде аз кӯдакони 6-сола бо кӯдакони 7-сола ба синфи як пазируфта мешаванд. Онҳо аз рӯйи нақшаи таълими мавҷуда таҳсил карда, баробари кӯдакони дар 7-солагӣ ба синфи як пазируфташуда мактабро хатм мекунанд.
 

Мушкили таҳияи барнома ва китобҳои дарсӣ

Аз рӯйи нақшае, ки пажӯҳишгоҳ таҳия кардааст, бояд аллакай соли таҳсили 2023-2024 марҳилаи озмоишии ин низом оғоз мегардид, аммо ба гуфтаи масъулин, бо пеш омадани чанд мушкил ин кор ба таъхир уфтод. Аз ин ниҳод аз мушкилиҳо мушаххас ном набурданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир яке аз мушкилоти асосӣ ин таҳияи барнома ва китоби дарсӣ аст. Гуфта мешавад, ки танҳо дар соли аввали гузариш тақрибан барои 42 ҳазор хонандаи синфи 1-и 6-сола 5 номгӯй китоб таҳия ва нашр шавад, ки хароҷоти зиёд тақозо мекунад.

Инчунин ҷойи нишаст, таҷҳизот ва норасоии омӯзгорон аз мушкилоти дигар гуфта шуданд.
 

Таърихчаи мавзуъ

Зарурати гузаштан ба низоми таҳсили 12-сола ҳанӯз солҳои 2009 ва 2011 дар паёмҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зикр гардида буд.

Баъдтар, расиҷумҳур дар паёми соли 2015 ба парлумон изҳор намуда буд, ки то гузаштан ба низоми таҳсили 12-сола бояд тамоми мактабҳо бо омӯзгорон пурра таъмин карда шаванд.

Ҳанӯз соли 2017 Нуриддин Саид, вазири маорифи вақт зимни нишасти хабарӣ изҳор намуда буд, ки аз соли 2020 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба низоми таълими 12-сола гузашта, ин ҷараён тадриҷан ва дар муддати чандин сол сурат хоҳад гирифт.

Соле пеш Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мусоҳиба бо нашрияи “Омӯзгор” гуфта буд, таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон то соли 2030-юм 12-сола мешавад ва қабул ба синфи 1-ум аз 6-солагӣ оғоз меёбад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий