< ВКД ҳалокати 3 ноболиғ дар пайи сӯхтор дар Ваҳдатро шарҳ дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ВКД ҳалокати 3 ноболиғ дар пайи сӯхтор дар Ваҳдатро шарҳ дод

ВКД ҳалокати 3 ноболиғ дар пайи сӯхтор дар Ваҳдатро шарҳ дод
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳалокати 3 ноболиғ, ки ҳама узви як хонавода буданд, дар пайи як сӯхтор дар Ваҳдатро шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, ҳодиса нимашабии 7 ва 8-уми июн рух дода, сабаби сӯхтор “беназорат гузоштани шамъ” аст.

ВКД гуфт, ки ҳодиса дар деҳаи Ҷангалободи шаҳри Ваҳдат дар манзили Карим Холмуродов рух додааст.

“Оташсӯзӣ масоҳати 35 метри мураббаъро фаро гирифта, дар натиҷа, аз дуди ғализ 3 фарзанди ноболиғи шахрванд Холмуродов К.А. ҷони худро аз даст доданд”,-гуфта мешавад дар хабарномаи ин ниҳод.

Маълум нест, ки ин сӯхтор чӣ қадар хисороти молӣ дар пай доштааст.

Мақомот мегӯянд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Ҳамасола дар кишвар садҳо ҳодисаи нохӯши сухтор рух медиҳад, ки дар натиҷаи он чанд нафар ба ҳалокат расида, молу ашёи зиёди мардум ба коми оташ меравад. Мақомот аксаран сабаби сӯхторро расиши сим ё аз беэҳтиётии худи сокинон унвон мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ давоми соли 2024-ум дар Тоҷикистон 1 ҳазору 175 сӯхтор сар зад,  ки дар натиҷаи онҳо 17 нафар, аз ҷумла, 11 ноболиғ ҷони худро аз даст додаанд. Соли 2023-юм бошад 1 ҳазору 269 сӯхтор рух дода, дар онҳо 23 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки сӯхторҳои соли гузашта 43 милиону 822 ҳазор сомонӣ зарар дар пай доштаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий