< Харобкориҳои боди шадид дар Ишкошим ва Шаҳринав » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Харобкориҳои боди шадид дар Ишкошим ва Шаҳринав

Харобкориҳои боди шадид дар Ишкошим ва Шаҳринав

Барои муайян намудани хисороти расида аз ин ҳодисот комиссияи ноҳиявӣ ташкил шудааст. Ба зудӣ муайян мешавад, ки ин ҳодиса чӣ миқдор хисорот расонидааст

Боди тунд дар ноҳияи Ишкошим ва Шаҳринав боми Маркази рушди барвақтии кӯдак ва мактабро тахриб кардааст.

Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки бегоҳи рӯзи 3 май, соати 16:36 дақиқа бар асари шамоли сахт болопӯши дуюми хонаи истиқоматии як сокини ҷамоати деҳоти Р. Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим чаппа шудааст.

Дар натиҷа боми чаппашуда, болои бинои Маркази рушди барвақтии кӯдакон афтида ба он зарар расондааст.

Тибқи гузориши КҲФ, барои муайян намудани хисороти расида аз ин ҳодиса, комиссияи ноҳиявӣ ташкил шудааст ва фаъолият дорад.

Ҳодисаи ба ин монанд дар ҷамоати деҳоти Само, деҳаи Қадиҷуйбори ноҳияи Шаҳринав рух додааст.

"Борони шадид ва шамоли сахт болопӯши толори варзиши МТМУ №4, ки 20 метр дарозӣ ва 10 метр бар дошт, ба замин сарозер шуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҳоло комиисияи ноҳияҳо ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз номусоидии ҳаво то 6 май дар саросари кишвар ҳушдор дод.

Тибқи гузориши ин инҳод, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамол сахту тунд мевазад.

Ин ниҳод ҳушдор медиҳад, ки боронҳои шадид метавонанд сабабгори рониши замин шаванд, бахусус дар минтақаҳои осебпазир ва мардум бояд, дар чунин рӯзҳо ҳушёру омодаи муқовимат ба ҳар гуна ҳодисаҳо, бахусус омадани сел бошанд.

Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат дода намешавад.

Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий