< Тоҷикистон парвозҳо бо ду кишварро аз сар мегирад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон парвозҳо бо ду кишварро аз сар мегирад

Тоҷикистон парвозҳо бо ду кишварро аз сар мегирад

Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои нақлиётиро бо кишварҳои Эрон ва Ҳиндустон, ки бинобар пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, аз сар мегирад

Тоҷикистон парвозҳо бо Ҳиндустон ва Эронро аз сар мегирад. Дар ин бора ба РИА Новости Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар додааст.

Ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои кишварҳо пас аз танаффуси дусолаи марбут ба пандемия аз коронавирус ба парвоз шурӯъ мекунанд.

"Тоҷикистон парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Нурсултон-Душанбе ва Душанбе-Теҳрон-Душанберо аз сар мегирад. Ҳар як парвоз ҳафтае ду маротиба анҷом хоҳад шуд", - афзуд манбаъ.

Ин ниҳод афзудааст, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аллакай интиқоли мусофирон ба Деҳлӣ ва бозгаштро оғоз кардааст. Парвозҳо ба Теҳрон тавассути ширкати Iran Air сурат мегирад. Санаи дақиқи парвози нахустин мушаххас нашудааст.

Мусофирон, ки ба Тоҷикистон меоянд, бояд шаҳодатномаи (санҷиши PCR) мавҷуд набудани коронавирусро пешниҳод кунанд. Ин ҳуҷҷат барои 72 соат эътибор дорад. Ба кӯдакони то 3-сола шаҳодатнома лозим нест.

Оҷонсӣ афзуд, дар ояндаи наздик Тоҷикистон теъдоди парвозҳои мунтазам ба Алмаато, Дубай, Истанбул, Тошканд ва шаҳрҳои мухталифи Русияро афзоиш хоҳад дод.

Қарор аст, теъдоди парвозҳо ба Қазоқистон аз 1 май то аввали июн афзоиш ёбад. Гуфта мешавад, ки то поёни тобистон шумори парвозҳо миёни Душанбе ва Алмаато бояд дар ҳафта ба шаш парвоз бирасад.

Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи марти соли 2020 дар пайи пандемияи COVID-19 Тоҷикистон парвозҳои байналмилалиро бо аксари кишварҳо мутаваққиф кард.

Дар натиҷа, бисёре аз шаҳрвандон хорҷ банд монданд. Барои ба ватан баргаштани онҳо парвозҳои чартерӣ ташкил карда шуданд.

Беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ имкон дод, ки маҳдудиятҳои қаблан ҷорӣшуда тадриҷан бардошта шаванд.

Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий