Барномаи даъвати сарбозӣ дар Воруху Чоркӯҳ иҷро шуд
Ҷамоати Воруху Чоркӯҳ ҳаммарзи Исфара бо Қирғизистон дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиш нақшаро ба иҷро расонидаанд
Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара бо ироаи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бо шурӯъ шудани маъракаи даъвати баҳорӣ дар кишвар ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара имрӯз нақшаи даъватро шарафмандона ба иҷро расониданд.
“Даҳҳо ҷавонони деҳоти ин ҷамоатҳо, ки майли рафтан ба хидмати ҳарбиро доштанд, имрӯз дар як маросим ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар карда шуданд” - гуфт, Шомадов.
Бино ба иттилоъи манбаъ, субҳи имрӯз дар майдони ба номи Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳри Исфара ҳамоиши сафарбаркунии наваскарон бо иштироки масъулини ҳукумат, комиссарияти ҳарбӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ доир шудааст.
Дар Тоҷикистон маъракаи даъвати ҳарбӣ дар ду давра баҳор ва тирамоҳ шурӯъ мешавад.
Бино ба фармони раисҷумҳур, даъвати баҳорӣ, ки моҳҳои апрел-майи соли 2022 - ро дарбар мегирад, шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, барои сарбозӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даъват мешаванд.
Ба ин гурӯҳ мардони аз 18 то 27-сола дохил мешаванд.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)