< Садҳо муаллим аз Шаҳринав ба муҳоҷират рафтаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Садҳо муаллим аз Шаҳринав ба муҳоҷират рафтаанд

Садҳо муаллим аз Шаҳринав ба муҳоҷират рафтаанд

Далели асосии рӯй ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардани омӯзгорон аз Тоҷикистон кам будани андозаи маошашон арзёбӣ мегардад

Тайи камтар аз як соли охир беш аз 300 омӯзгор дар ноҳияи Шаҳринав тарки касб кардаанд.

Шаҳло Юлдошева, масъули бахши кадрии шуъбаи маорифи ноҳия ба нашрияи "Садои мардум" гуфтаст, аз моҳҳои апрел ва майи соли 2021 то феврали соли 2022, дар маҷмӯъ, 322 омӯзгор бо сабабҳои гуногун тарки кор карданд.

Аз рӯи таҳлилҳо 214 омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудаст, ки бештари омӯзгорон ба Русия кӯч мебанданд. Дар феҳрасти онҳое, ки тарки соҳа кардаанд, аз ҷумла омӯзгорони ҷавоне зикр шудаанд, ки баъди хатми донишгоҳҳо бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба кор қабул мешаванд, аммо баъди 1-2 моҳ ба муҳоҷират мераванд.

Омили аслии тарки пеша кардани омӯзгорон камии маоши онҳо арзёбӣ шудаст.

Қаблан Мушаррафа Шарифова, мудири шуъбаи маорифи ноҳия бо таъйиди тарки соҳа кардани омӯзгорон изҳор дошта буд, ки маоши мансабии омӯзгорони навкор ҳамагӣ 500-600 сомониро ташкил медиҳад, ки барои хароҷоти рӯзгор намерасад.

"Ҳатто директорони мактабҳо ихтиёрӣ аз кор рафтанд. Чанд корманди шуъба низ тарки кор карданд. Онҳо мегӯянд, ки бо 700 - 800 сомонӣ моҳона имкони пешбурди зиндагӣ нест", - афзуда буд мудири маориф.

Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои ҷалби омӯзгорон бархе имтиёзу сабукиҳо аз ҷумла додани замину манзили истиқоматӣ пешбинӣ гардидаст.

Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий