Роҳи Душанбе-Хуҷанд баста шуд
Яке аз шоҳроҳҳои хатарнок дар кишвар бар асари фаромадани тарма боз баста шуд: ҳанӯз маълум нест, ки ҳаракати нақлиёт кай боз мешавад
Роҳи Душанбе-Хуҷанд барои ронандагон муваққатан баста шуд.
Дар ин бора ширкати роҳбони IRS, ки ба пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бар асари фаромадани тарма ҳаракат дар шоҳроҳ барои ронандагон дастнорас шуд.
"Айни замон ҳама гуна ҳаракат манъ аст",- гуфт IRS.
Холо коргарони корхона рохро тоза карда истодаанд. Ба ронандагон тавсия дода шуд, ки роҳҳои алтернативӣ ҷустуҷӯ кунанд ва аз ҳаракат дар роҳҳои хатарнок худдорӣ кунанд.
Тарма на танҳо як бахше аз ин масир, балки дарёи Варзобро ҳам бастааст. Аз ҷумла дар километри 48—71-уми роҳ гузаштан номумкин шудааст.
Ширкат мегӯяд, техникаи лозима фиристода шуда, мутахассисон саъй доранд, ки оқибатҳои тармаро ҳарчи зудтар бартараф намоянд.
Ёдовар мешавем, ки шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бар асари фаромадани тарма борҳо баста шудааст. Роҳ ба руйхати роҳҳои хавфноктарини кишвар дохил карда шудааст.
Он ягона роҳи пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо марказ мебошад, ки ҳаракат тариқи он бо пардохти маблағ сурат мегирад.
Ба қатори роҳҳои хатарноки ҳамчунин Душанбе – Лахш, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб ва Хоруғ – Ҷеландӣ дохил мешаванд.
Сарчашма: Sputnik Tajikistan
Комментарии (0)