< Сарраёсати маорифи Душанбе, гуфт омӯзгорон набояд барои театру кино билетфурӯшӣ кунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сарраёсати маорифи Душанбе, гуфт омӯзгорон набояд барои театру кино билетфурӯшӣ кунанд

Сарраёсати маорифи Душанбе, гуфт омӯзгорон набояд барои театру кино билетфурӯшӣ кунанд
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри як эълон аз сокинон ва падару модари мактабхонҳо хостааст, ки дар сурати ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ ва ҷалби фарзандонашон ба намоишҳои театриву филмҳо, дар вақти дарс ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Ин ниҳод дар ҳоле чунин эълонро дар саҳифаи фейсбукияш нашр намудааст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба толибилмон чиптаҳои намоишномаҳои театерӣ фурӯхта шуда, омӯзгорон  онҳоро дар намоишномаҳо ҳамроҳӣ мекунанд.

Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умуми шаҳри Душанбе дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, ки мақсади нашри эълони мазкур васила қарор нагирифтани омӯзгор барои кори театру кино мебошад.

»Бигзор омӯзгорон намоишномаҳои тетериро дар дарсҳои тарбиявӣ таблиғ намоянд ва ба хонандагон маълумотҳо бидиҳанд. Аммо омӯзгор восита нашавад, ки ба василаи ӯ чиптаҳо фурӯхта шаванд.  Омӯзгорро бе ин ҳам масъулияти бузург дорад», — гуфт  Бобозода.

Ин масъули маорифи Душанбе ҳамчунин гуфт, ҳарчанд то имрӯз дар мавриди сафарбар шудани мактабхонҳо ба театер ё филмҳо аз сӯйи сокинон ва ё волидон ба Сарраёсати маорифи пойтахт шикоятҳо ворид нашуда бошад ҳам, онҳо бо нашри эълони мазкур мехоҳанд ин масъулиятро худи волидон  бар дӯш бигаиарнд.

»Яъне ҷараёни дарс халаладор нашавад ва ин бор аз дӯши омӯзгорон бардошта шуда, бигзор падару модарон фарзандонашонро ба намоишномаҳри театерӣ баранд. Бигзор мактабхонҳо бо падару модари худ рӯзҳои истироҳат ё ҳар вақти дигар  ба тетар бираванд. Дар ин баробар қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  низ  амалӣ карда мешавад ва волидайн масъулият ҳис кунанду барои фарзандони худ вақт ҷудо намоянд»,-мегӯяд ӯ.


Аммо дар эълони Сарраёсати марифи пойтахт гуфта мешавад, ки ҷалби тарбиятгирандагону хонандагон ба намоишҳои театарӣ ва тамошои филм танҳо бо ризояти падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақти фориғ аз дарсҳо ба роҳ монда шуда, дар ин самт ҷадвали алоҳида аз ҷониби Сарраёсати маориф ва шуъбаҳои ноҳияиҳои шаҳри Душанбе таҳия намегардад.


Қаблан театрҳои пойтахт намоишномаҳоро ба мактабҳо барои мусоидат намудан пешниҳод мекарданд ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ҷадвал тартиб медоданд, ки рӯзи муайяншуда кадом хонандагони кадом мактабҳо ба намоишномаҳо бурда мешаванд. Ҳоло бошад ин ҷадвалҳо аз байн бурда шудаанд», — гуфт Асомиддин Бобозода.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ин эълонаш хостааст, ки дар ҳолати аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимӣ ба таври маҷбурӣ ҷалб кардани тарбиятгирандагону хонандагон ба намоишҳои театрӣ ё филмҳо метавонанд арзу шикоятҳои худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи Душанбе  2213092 ё почтаи электронии Dushanbe@mtu.tj ирсол намоянд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий