< Бонки миллӣ фаъолияти ФҚХ “Истиқлол”-ро қатъ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бонки миллӣ фаъолияти ФҚХ “Истиқлол”-ро қатъ кард

Бонки миллӣ фаъолияти ФҚХ “Истиқлол”-ро қатъ кард
Дар Тоҷикистон як ташкилоти қарзии хурд фаъолияташро қатъ кард

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии боз як ташкилоти қарзии хурд хабар дод.Бино бар иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, ин навбат ФҚХ «Истиқлол» бар ҳам дода шуд.

Гуфта мешавад, мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости ФҚХ «Истиқлол"-ро ҷиҳати бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрии ФҚХ «Истиқлол» қонеъ намуд.

Тибқи қарори мазкур ҳамакнун иҷозатномаи ФҚХ «Истиқлол» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, ки аз 14 ноябри соли 2012 гирифта буд, аз эътибор соқит дониста мешавад.

Ин ниҳод сабаби бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзиро шарҳ надодааст.

Мақомоти ваколатдори ФҚХ «Истиқлол» вазифадор карда шуд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳиро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад, афзудааст манбаъ.Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 26 фонди қарзии хурди дигар фаъолият мекунад.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Комментарии (0)

Оставить комментарий