"Аз мо нест": Аҳмади Масъуд куҷост?
Қаблан расонаҳо аз қавли собиқ муовини волии Панҷшер хабар дода буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон аст.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар такзиби ин хабар гуфт, Аҳмади Масъуд дар хоки Афғонистон ва дар канори нерӯҳои муқовимат қарор дорад.
"Мо маҳалли ҳузури ӯро ба далоили амниятӣ наметавонем ошкор кунем. Дақиқ наметавонем бигӯем, ки ӯ дар Андаробҳо аст, Панҷшер, Бадахшон ё Тахор. Амири ҷавон пушти фаъолиятҳои худ аст ва Тоҷикистон нарафтааст", - гуфт манбаъ.
Қаблан Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовамат низ ба Sputnik Афғонистон гуфта буд, ки Аҳмади Масъуд дар Афғонистон аст.
Гуфтугузорҳо дар бораи маҳалли будубоши раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, пас аз он доғ шуд, ки расонаҳо ба нақли қавл аз Кабир Восиқ, собиқ муовини волии Панҷшер гуфтанд, Аҳмади Масъуд дар Тоҷикистон аст.
"Ҳар аз гоҳе ба Афғонистон сафар мекунад, то бо фармондеҳони манотиқи мухталиф дидор кунад. Ӯ ҳамчунин ба кишварҳои мухталиф сафар ва онҳоро дар мавриди лузуми мубориза бо "Толибон"* мутақоид мекунад", - гуфтааст Восиқ.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфт, Кабир Восиқ ном нафаре дар Ҷабҳаи муқовимат нест ва бо ин ном касе аз раҳбарон ошноӣ надорад.
"Ҳар касе ҳаст, нест, ӯ аз ҷараёни корҳо дар ҷабҳа ва фаъолияти раҳбаронаш хабар надорад. Ҳадди ақал, мо ҳамчунин шахсро намешиносем, аммо аз ин шоеапароканиҳо чӣ ҳадаф дорад, таҳқиқ хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, як иттиҳоди зиддитолибонии Афғонистон аст, ки аз сӯи Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, роҳбари муқовимати аввал (1996-2001) раҳбарӣ мешавад.
Нерӯҳои Ҷабҳа дар ҳоли ҳозир дар куҳистоноти Панҷшер, Бағлон, Тахор, Бадахшон ва дигар вилоятҳо ҳузур доранд ва гоҳ-гоҳ ахборе аз задухӯрдҳои онҳо бо нерӯҳои "Толибон"* дарз мекунад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон 16 август як рӯз пас аз суқути Кобул ба дасти "Толибон"* аз бақоёи урдуи миллӣ, фармондеҳони собиқи муҷоҳидин ва хезишҳои мардумии Афғонистон эъломи мавҷудият кард.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикисн ва Русия
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)