ГЕНЕРАЛ ЯТИМОВ БА НАФАҚА ГУСЕЛОНИДА МЕШАВАД?
Манобеи сомонаи "Ахбор” мегӯянд, генерал-полковник Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), ягона узви ҳукумати ин кишвар, ки ба синни нафақа расидааст, ба наздикӣ ба нафақа гуселонида мешавад. Ба гуфтаи ин манобеъ, масъалаи барканории генерал Ятимов аз тобистони соли 2018, ки ӯ ба синни 63 расид, матраҳ буд, вале "таҳаввулоти ахир” зоҳиран ин равандро суръат бахшидааст. Ба ақидаи бисёриҳо, бо рафтани Ятимов фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон метавонад ба сурати инқилобӣ орому роҳат шуда, заминаро барои ҳалли хеле аз мушкилоти сиёсии кишвар фароҳам созад. Албатта, агар ба ҷои Ятимов як Ятимови дигар наояд...
Як манбаи сомонаи "Ахбор” дар доираҳои ҳукуматии Тоҷикистон рӯзи 8 март хабар дод, ки масъалаи ба нафақа гусел кардани генерал-полковник Саймумин Ятимов дар сатҳи болотарин дар миён гузошта шудааст ва қарор аст, ба наздикӣ амалӣ шавад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, президент Эмомалӣ Раҳмон вақте чанд сол пеш сиёсати ҷавонсозии синни аъзои ҳукуматро пеш гирифт, талаб гузошта шуд, ки аъзои ҳукумат баробари расидан ба синни 63 бо тантана ба нафақа гуселонида шаванд ва ба кадрҳои ҷавон роҳ кушоянд.
"Талаби президент аст дар масъалаи синни вазирон ва ҳеҷ кас ин талабро бекор накардааст. Ва ҳеҷ кас ҳам истисно ё ивазнашаванда нест,” – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар ҳоли ҳозир, аз 21 узви ҳукумати Тоҷикистон танҳо як нафар – Саймумин Ятимов, ки моҳи июли соли 2018 63-сола шуд, ба синни нафақа расидааст. Рӯзи 18 марти соли ҷорӣ вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, моҳи июл муовини сарвазир Маҳмадтоир Зокирзода ва моҳи ноябр вазири маориф ва илм Нуриддин Саид низ ба синни 63 мерасанд.
Дар як моҳи охир Эмомалӣ Раҳмон чандин мансабдори баландпояро ба ҳамин далели "бо сабаби ба нафақа баромаданашон” аз вазифа озод кард. Аз ҷумла раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ Худойбердӣ Холиқназар ва муовинаш Сайфулло Сафарзода, муовини вазири фарҳанг Ибодуллоҳ Машраб, раиси Агентии таъминоти махсус Лолахон Раҳмонзода дар моҳи феврал ва рӯзи 4 март 3 узви калидӣ ва собиқадори командаи Эмомалӣ Раҳмон – котиби Шӯрои амният генерал Абдураҳим Қаҳҳоров, ёрдамчии президент дар умури амният ва дифоъ генерал Шералӣ Хайруллоев ва мудири котиботи президент Матлубхон Давлатзода бо чунин далел – "ба сабаби ба нафақа баромадан” – аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.
Бисёриҳо дар ин сели фармонҳои аз мақом барканор кардани мансабдорони солхӯрда паёми рӯшан ба Саймумин Ятимовро медиданд ва мегуфтанд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҳама ба тадриҷ ба тасмими асосиаш – барканории Саймумин Ятимов бо айни далели "ба сабаби ба нафақа баромадан” торафт наздик мешавад.
Сарусадоҳо дар бораи омодагии Душанбе ба барканории Саймумин Ятимов ин дафъа дар пасманзари қазияи Шарофиддин Гадоев баланд шуданд. Ин сиёсатмадори мухолиф баъди бозгашташ аз Тоҷикистон мақомоти қудратии Тоҷикистонро ба одамрабоӣ айбдор кард ва гуфт, ки ӯро аз Маскав бо кумаки мақомоти қудратии Русия ғайриқонунӣ рабуда ва маҷбуран ба Тоҷикистон бурданд. Душанбе таҳти фишорҳои байналмилалӣ маҷбур шуд, ин мухолифашро баъди 15 рӯзи боздошт ба Аврупо баргардонад, вале қазияи Гадоев ба обрӯи ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ зарбаи сахти манфӣ зад.
Дар пайи ин қазия манобеи мухталиф аз Душанбе хабар доданд, ки масъалаи аз кор рафтани чандин роҳбари калидии мақомоти қудратӣ, аз ҷумла Ятимов ба далели кашидани пои ҳукумат ба ин моҷарои байналмилалии одамрабоӣ ва рехтани обрӯи давлат дар миён аст ва қазияи Гадоев, ба гуфтаи ин манобеъ, "сари бисёриҳоро мехӯрад.”
Яке аз ҳамсуҳбатони "Ахбор” гуфт, "ба сабаби ба нафақа баромадан” барканор шудани генерали пурнуфуз Шералӣ Хайруллоев низ то ҳадде аз қазияи Гадоев маншаъ мегирад, чунки президент аз ӯ нороҳат шудааст, ки натавонист вазирони қудратиро контрол кунад ва ба ин моҷаро роҳ дод.
Аммо дар посух ба ин суоли "Ахбор”, ки оё рафтани Ятимов, агар анҷом шавад, низ ба қазияи Гадоев иртибот дорад?, манбаи мо дар доираҳои ҳукуматӣ гуфт, "ман инро тасдиқ карда наметавонам. Фақат гуфта метавонам, ки то қазияи Гадоев низ ин масъала матраҳ буд, вале ба гирифтани Ятимов аз мақом то ҳол ҷуръат ё ирода намекарданд. Албатта, таҳаввулоти ахир бетаъсир нест ва имкон дорад, ки ин равандро тезонда бошад.”
Аммр мухолифонаш ӯро ба пойбандӣ ба мактаби давлатдории макиавеллизм ва ба саркӯби шадиди мухолифин ва дигарандешон айбдор мекунанд ва бар ин назаранд, ки дар саргаҳи таъқиботи сиёсиву динии солҳои охир ӯ ва командаи ӯ истодаанд.
Нозирони умур мегӯянд, нуқтаи авҷи нуфузи Саймӯмин Ятимов солҳои 2014-2016 буд ва ҳоло, дар пайи то ҳадде иваз шудани меҳварҳои сиёсӣ дар Душанбе намояндагони насли нав, асосан афроди наздик ба писари калонии президент ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо суръат ба мадди аввал мебароянд ва дар назари онҳо саркӯбгариҳои Ятимов як сиёсати дақёнусӣ менамояд.
Дар ҷиноҳи ислоҳталабон дар дохили ҳукумат низ назарҳо нисбат ба Ятимов ва шеваҳои кори ӯ чандон мусбат нест. Ба ақидаи "кабӯтарҳо”, ҷиноҳи генералҳо ба раҳбарии Ятимов дар Тоҷикистон фазоеро сохтанд, ки мисли соли 1937 аст ва ҳукумати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ як режими бераҳми саркӯбгар ва ҳатто диктаторӣ ба намоиш мегузорад.
"Мероси Ятимов, албатта, яксон нест. Аз як тараф, дуруст аст, ки ӯ амният ва суботро нигоҳ дошт, вале бо кадом қимат? Сармоягузорон аз кишвар фирор карданд, давлатҳои Ғарб аз ҳамкории зичтар бо Душанбе парҳез мекунанд. Дар шароите, ки Тоҷикистон барои сохтани нирӯгоҳи Роғун ва дигар тарҳҳои бузург шадидан ба сармоя ниёз дорад, Ятимов бо ин оппозитсиясуркуниҳояш ҳамаро тарсонду гурезонд. Дар доираҳои дипломатӣ Ятимовро ҳатто "Берияи тоҷик” ном мебаранд, ки беасос нест,” – мегӯяд як таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон, ки ба далелҳои амниятӣ аз бурдани номаш худдорӣ мекунад.
Дар посух ба ин суол, ки мероси асосии даврони Ятимов чӣ хоҳад буд?, ин таҳлилгар гуфт: "Ятимов асосан бо саркӯби оппозитсия, тарсондани дигарандешон, видеоҳои "секси муллоҳо” ва "фермаи ҷавоб” – як ниҳоди таблиғотии бадном ва душмансоз дар ёд мемонад. "Хидмат”-и дигари Ятимов аз байн бурдани ҳукми қонун ҳамчун як меъёри муҳими давлатдорӣ буд. Мутаассифона, таъқибот ва парвандабофӣ дар даврони ӯ ба авҷи аълояш расид ва мулоҳизоти сиёсӣ ҷои ҳукми қонунро гирифт. Агар касе мухолиф ё мунтақиди ҳукумат буд, ҳар айберо, ки хоҳанд, ба гарданаш бор мекунанд ва касе дар муқобили ин мошини таъқиботӣ ҳеҷ шонси ҳимоят аз худашро надорад.”
Бисёре аз нозирони умур муътақиданд, ки бо рафтани Ятимов фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон ба сурати инқилобӣ орому роҳат хоҳад шуд ва замина барои ҳалли хеле аз мушкилоти сиёсии мавҷуда, ки дар аҳди ӯ ба вуҷуд омаданд, фароҳам хоҳад омад.
"Албатта, агар ба ҷои ӯ як нафари муътадилгаро ва ҷавобгӯи шароит ва арзишҳои муосир биояд, на як Ятимови дигар,” – мегӯянд ҳамсуҳбатони "Ахбор”.
ЯТИМОВ Саймумин Сатторович 23 июли соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1976 риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Саймумин Ятимов соли 1976, баъди хатми Донишкадаи Кӯлоб собиқаи кориашро ба ҳайси муаллими фанни забону адабиёти тоҷҷик дар мактабҳои рақами 15 ва сипас 10-уми зодгоҳаш – ноҳияи Фархор оғоз карда, баъди адои хидмати ҳарбӣ (солҳои 1977-1979) боз ба касби муаллимӣ дар мактаби рақами 10 баргаштааст.
Аммо дар тарҷумаи ҳоли расмии Ятимов гуфта мешавад, ки ӯ "фаъолияти меҳнатиашро аз иҷрои вазифаҳои корманди оперативӣ ва роҳбарӣ дар сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, дастгоҳи марказии Кумитаи Амнияти Давлатии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.”
Саймӯмин Ятимов солҳои 1992-1996 мудири шуъба дар ҳукумати вилояти Хатлон кор карда, соли 1996 ба Душанбе омад ва дар вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳайси сафир оид ба супоришҳои махсус ба кор пардохт. Ӯ солҳои 1997-2000 мушовири сафири Тоҷикистон дар Эрон, солҳои 2000-2005 муовини вазири амнияти Тоҷикистон буд. Соли 2005 Ятимов боз ба кори дипломатӣ баргашт ва то соли 2007 дар мақоми муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон ва солҳои 2007-2010 дар Брюссел мақоми сафири Тоҷикистон дар Белгия, Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва чанд кишвари аврупоӣ кор кард.
Соли 2010 Саймӯмин Ятимов аз Аврупо ба Душанбе баргашт ва моҳи майи ҳамон сол муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва алакай моҳи сентябр, баъди ҳамагӣ чор моҳи кор дар ин мақом дар пайи моҷарои машҳури фирори 25 маҳбуси овозадор аз боздоштгоҳи Кумитаи амният, ки мунҷар ба барканории роҳбаронаш шуд, раиси ин Кумитаи таъйин шуд. Моҳи ноябри соли 2013, дар пайи пирӯзиаш дар интихоботи навбатии президентӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Ятимовро дубора раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъйин кард.
Саймӯмин Ятимов соли 2001 дар мавзӯи "Асосҳои идеологии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон” рисолаи номзадӣ ва соле баъд дар мавзӯи "Хумайнигароӣ ва идеологияи сиёсати берунаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар низоми нави равобити байналмилалӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Моҳи июли соли 2017 Ятимов узви вобаста (член-корреспондент)-и Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд.
Саймӯмин Ятимов 5 фарзанд дорад. 25 августи соли 2017 ӯ соҳиби рутбаи нави ҳарбии генерал -полковник шуд. Саймӯмин Ятимов ҳамчунин бо орденҳои Спитамен дараҷаи II, Зарринтоҷ дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Источник: https://akhbor.com/-p8740-171.htm

МЕРОСИ ЯТИМОВ: СЕКСИ МУЛЛОҲО, ОППОЗИТСИЯСУРКУНӢ, ФЕРМАИ ҶАВОБ...
Тарафдоронаш Саймӯмин Ятимовро аз аъзои донишманди ҳукумати кунунии Тоҷикистон ва саҳми ӯ дар таъмини амният ва суботро дар кишвар муҳим мешуморанд. Ба ақидаи онҳо, Ятимов тавонист тинҷиро дар Тоҷикистон нигоҳ бидорад.Аммр мухолифонаш ӯро ба пойбандӣ ба мактаби давлатдории макиавеллизм ва ба саркӯби шадиди мухолифин ва дигарандешон айбдор мекунанд ва бар ин назаранд, ки дар саргаҳи таъқиботи сиёсиву динии солҳои охир ӯ ва командаи ӯ истодаанд.
Нозирони умур мегӯянд, нуқтаи авҷи нуфузи Саймӯмин Ятимов солҳои 2014-2016 буд ва ҳоло, дар пайи то ҳадде иваз шудани меҳварҳои сиёсӣ дар Душанбе намояндагони насли нав, асосан афроди наздик ба писари калонии президент ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо суръат ба мадди аввал мебароянд ва дар назари онҳо саркӯбгариҳои Ятимов як сиёсати дақёнусӣ менамояд.
Дар ҷиноҳи ислоҳталабон дар дохили ҳукумат низ назарҳо нисбат ба Ятимов ва шеваҳои кори ӯ чандон мусбат нест. Ба ақидаи "кабӯтарҳо”, ҷиноҳи генералҳо ба раҳбарии Ятимов дар Тоҷикистон фазоеро сохтанд, ки мисли соли 1937 аст ва ҳукумати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ як режими бераҳми саркӯбгар ва ҳатто диктаторӣ ба намоиш мегузорад.
"Мероси Ятимов, албатта, яксон нест. Аз як тараф, дуруст аст, ки ӯ амният ва суботро нигоҳ дошт, вале бо кадом қимат? Сармоягузорон аз кишвар фирор карданд, давлатҳои Ғарб аз ҳамкории зичтар бо Душанбе парҳез мекунанд. Дар шароите, ки Тоҷикистон барои сохтани нирӯгоҳи Роғун ва дигар тарҳҳои бузург шадидан ба сармоя ниёз дорад, Ятимов бо ин оппозитсиясуркуниҳояш ҳамаро тарсонду гурезонд. Дар доираҳои дипломатӣ Ятимовро ҳатто "Берияи тоҷик” ном мебаранд, ки беасос нест,” – мегӯяд як таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон, ки ба далелҳои амниятӣ аз бурдани номаш худдорӣ мекунад.
Дар посух ба ин суол, ки мероси асосии даврони Ятимов чӣ хоҳад буд?, ин таҳлилгар гуфт: "Ятимов асосан бо саркӯби оппозитсия, тарсондани дигарандешон, видеоҳои "секси муллоҳо” ва "фермаи ҷавоб” – як ниҳоди таблиғотии бадном ва душмансоз дар ёд мемонад. "Хидмат”-и дигари Ятимов аз байн бурдани ҳукми қонун ҳамчун як меъёри муҳими давлатдорӣ буд. Мутаассифона, таъқибот ва парвандабофӣ дар даврони ӯ ба авҷи аълояш расид ва мулоҳизоти сиёсӣ ҷои ҳукми қонунро гирифт. Агар касе мухолиф ё мунтақиди ҳукумат буд, ҳар айберо, ки хоҳанд, ба гарданаш бор мекунанд ва касе дар муқобили ин мошини таъқиботӣ ҳеҷ шонси ҳимоят аз худашро надорад.”
Бисёре аз нозирони умур муътақиданд, ки бо рафтани Ятимов фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон ба сурати инқилобӣ орому роҳат хоҳад шуд ва замина барои ҳалли хеле аз мушкилоти сиёсии мавҷуда, ки дар аҳди ӯ ба вуҷуд омаданд, фароҳам хоҳад омад.
"Албатта, агар ба ҷои ӯ як нафари муътадилгаро ва ҷавобгӯи шароит ва арзишҳои муосир биояд, на як Ятимови дигар,” – мегӯянд ҳамсуҳбатони "Ахбор”.
САЙМУМИН ЯТИМОВ КИСТ?
ЯТИМОВ Саймумин Сатторович 23 июли соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1976 риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Саймумин Ятимов соли 1976, баъди хатми Донишкадаи Кӯлоб собиқаи кориашро ба ҳайси муаллими фанни забону адабиёти тоҷҷик дар мактабҳои рақами 15 ва сипас 10-уми зодгоҳаш – ноҳияи Фархор оғоз карда, баъди адои хидмати ҳарбӣ (солҳои 1977-1979) боз ба касби муаллимӣ дар мактаби рақами 10 баргаштааст.
Аммо дар тарҷумаи ҳоли расмии Ятимов гуфта мешавад, ки ӯ "фаъолияти меҳнатиашро аз иҷрои вазифаҳои корманди оперативӣ ва роҳбарӣ дар сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, дастгоҳи марказии Кумитаи Амнияти Давлатии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.”
Саймӯмин Ятимов солҳои 1992-1996 мудири шуъба дар ҳукумати вилояти Хатлон кор карда, соли 1996 ба Душанбе омад ва дар вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳайси сафир оид ба супоришҳои махсус ба кор пардохт. Ӯ солҳои 1997-2000 мушовири сафири Тоҷикистон дар Эрон, солҳои 2000-2005 муовини вазири амнияти Тоҷикистон буд. Соли 2005 Ятимов боз ба кори дипломатӣ баргашт ва то соли 2007 дар мақоми муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон ва солҳои 2007-2010 дар Брюссел мақоми сафири Тоҷикистон дар Белгия, Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва чанд кишвари аврупоӣ кор кард.
Соли 2010 Саймӯмин Ятимов аз Аврупо ба Душанбе баргашт ва моҳи майи ҳамон сол муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва алакай моҳи сентябр, баъди ҳамагӣ чор моҳи кор дар ин мақом дар пайи моҷарои машҳури фирори 25 маҳбуси овозадор аз боздоштгоҳи Кумитаи амният, ки мунҷар ба барканории роҳбаронаш шуд, раиси ин Кумитаи таъйин шуд. Моҳи ноябри соли 2013, дар пайи пирӯзиаш дар интихоботи навбатии президентӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Ятимовро дубора раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъйин кард.
Саймӯмин Ятимов соли 2001 дар мавзӯи "Асосҳои идеологии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон” рисолаи номзадӣ ва соле баъд дар мавзӯи "Хумайнигароӣ ва идеологияи сиёсати берунаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар низоми нави равобити байналмилалӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Моҳи июли соли 2017 Ятимов узви вобаста (член-корреспондент)-и Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд.
Саймӯмин Ятимов 5 фарзанд дорад. 25 августи соли 2017 ӯ соҳиби рутбаи нави ҳарбии генерал -полковник шуд. Саймӯмин Ятимов ҳамчунин бо орденҳои Спитамен дараҷаи II, Зарринтоҷ дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Источник: https://akhbor.com/-p8740-171.htm
Комментарии (0)