ДАЪВАТИ 7 УЗВИ СОБИҚ АЗ ДОДГОҲИ ОЛӢ: “ГУРУҲИ 24”-РО АЗ РӮЙХАТТИ СИЁҲ БАРОРЕД!
Як гуруҳи аъзои собиқи "Гуруҳи 24” аз Додгоҳи олӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ин созмони феълан дар кишвар мамнӯъро "бинобар сабаби аз байн рафтани хатари "Гурӯҳи-24” ба давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯйхатти созмонҳои экстремистӣ берун кунанд. Меҳрубон Сатторов, яке аз 7 нафаре, ки ин дархостро имзо кардааст, ба "Ахбор” гуфт, ки онҳо ин дархостро рӯзи 25 феврал расман ба Додгоҳи олӣ супурдаанд. "Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов таъсис ёфта, Додгоҳи олии Тоҷикистон 9 октябри соли 2014, дар пайи як силсила тазоҳуроти эътирозии тарафдорони "Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия ва даъват ба як эътироз дар маркази Душанбе фаъолияти ин созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро манъ кард. "Гуруҳи 24” ба ин изҳороти аъзои собиқаш ҳанӯз вокуниш накардааст.
Изҳороти муштараки 7 узви собиқи "Гуруҳи 24” дар саҳифаи Меҳрубон Сатторов шоми 25 феврал дар шабакаи Фейсбук нашр шуд.
Мехрубон Сатторов
ИЗҲОРОТИ ДАСТАҶАМЪОНАИ БАРГАШТАГОНИ "ГУРӮҲИ -24” БА ВАТАН!
Ба иттилои ҳамагон аз ҷумла аъзоёни "Гурӯҳи-24”, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд мерасонем, ки мо як гурӯҳ узви "Гурӯҳи-24” бо хоҳиши худамон сафи "Гурӯҳи 24”- ро тарк карда ба ватан баргаштем ва пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда, айни хол дар фазои орому осоиштаи ватан умр ба сар бурда истодаем.
Бо мақсади фарохам овардани хаёти осоишта, аз дигар аъзои "Гурӯҳи-24”, ки дар хориҷӣ кишвар қарор доранд хоҳиш менамоем, ки бо хоҳиши худашон ба ватан баргарданд. Онҳо пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Ҳамчунин мо дастҷамъона аз Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдори кишвар хоҳиш мекунем, ки бинобар сабаби аз байн рафтани хатари "Гурӯҳи-24” ба давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, он аз руйхатти ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ихтисор карда шавад.
Аз ин лиҳоз кадом аъзои "Гурӯҳи-24” мақсади баргаштан ба ватанро доранд метавонад моро аз саҳифа ва сомонаҳои интернети дастрас намоянд.
Мо омодаем, ки ба Шумо барои баргаштан ба ватан мусоидат намоем.
Собиқ узви олии "Гурӯҳи-24”
1. Сатторов Мехрубон
2. Гиляев Оятулло
3. Сафаров Файзуллочон
4. Султонов Шарифҷон.
5. Ихсомов Ғиёсиддин.
6. Давлатов Шокир.
7. Шарипов Махмадюсуф.
Сарчашма: https://akhbor.com/x-x-p8645-155.htm
Комментарии (0)