< Парвиз Мушарраф эъдом намешавад: додгоҳи Лоҳур ҳукми қатли ӯро бекор кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Парвиз Мушарраф эъдом намешавад: додгоҳи Лоҳур ҳукми қатли ӯро бекор кард

Парвиз Мушарраф эъдом намешавад: додгоҳи Лоҳур ҳукми қатли ӯро бекор кард
Додгоҳи Покистон таъсиси як ҳайати махсуси судиро, ки собиқ раисҷумҳури ин кишвар Парвиз Мушаррафро ба ҳукми қатл маҳкум кард, ғайриқонунӣ хонд. Ҳукми қатли ӯро низ бекор кард

Додгоҳи шаҳри Лоҳур, ҳукми эъдом нисбати собиқ раисҷумҳури Покистон Парвиз Мушаррафро бекор кард, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, додгоҳ таъсиси як суди вижа, ки моҳи декабри соли гузашта Парвиз Мушаррафро барои хиёнат ба давлат ба қатл маҳкум кард, ғайриконститутсионӣ эълон кард. Ҳамин тавр ҳукми баровардаи суди вижа бекор карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бори нахуст дар таърихи Покистон ҳайати суди махсус иборат аз се додрас дар қиболи собиқ кишвардор ҳукми қатл татбиқ намуданд.

Парвиз Мушаррафи 76 – соларо додгоҳи Исломобод  барои хиёнат ва саркашӣ аз Қонуни асосии кишвар ба ҳукми қатл маҳкум намуд.

Қаблан тафтишот муайян намуд, ки  Мушарраф дар замони ҳукмронии ҷумҳурӣ хиёнат содир кардааст. Ин ҳодиса ҳанӯз  соли 2007, замоне рух дод, ки вай дар кишвар вазъияти фавқулодда ҷорӣ кард ва фармон дод, ки аъзои Суди Олӣ ҳабс карда шавад.

Тибқи қонунҳои Покистон, ҳар касе, ки сарқонунро тавассути истифода ё намоиш додани қувва вайрон мекунад, дар хиёнат гунаҳгор дониста мешавад. Ҳамзамон, хиёнати шадид боиси ҷазои қатл ё ҳабси якумра мегардад.

Худи Мушарраф дар ҳоли ҳозир барои муолиҷа дар Дубай қарор дорад. Додгоҳ соли 2016 ба ӯ иҷозат дод, ки барои муолиҷа ба хориҷ сафар кунад. Парвиз Мушарраф нахустин ҳокими низомии Покистон аст, ки муҳокима ва маҳкум мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий