ҶУЗЪИЁТИ ТО ҲОЛ НОГУФТАИ ҲАМЛА БА ПОСГОҲИ САРҲАДӢ ДАР ҒАРБИ ДУШАНБЕ (5 АКСИ НАВ)
Як шоҳиди ҳамлаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии Ишқобод аз мақомоти қудратии Тоҷикистон мегӯяд, дар он ҳамла аз ҷониби нирӯҳои давлатӣ ҳудуди 20 нафар кушта ё маҷруҳ шуданд. Ҳамлагарон, ба гуфтаи ӯ, тавассути Телеграм бо шарикони худ дар дохили Тоҷикистон тамос доштанд ва марзи Афғонистонро бо қаиқҳо гузашта, як рӯз дар деҳаи Лайлакуяи ноҳияи Қубодиён пинҳон шудаанд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳамлагарон аз бозори Қубодиён бо кумаки як сокини маҳаллӣ корду табар ва дигар олоти буранда харида, дар назди усто тез кардаанд ва бегоҳи 5 ба 6 ноябр дар 4 мошин - ду «Опел», БМВ ва «Старекс» (ДАР АКС) – ба сӯи дидбонгоҳи Ишқобод раҳсипор шудаанд. Аввалин силоҳро як зан аз гуруҳи ҳамлагар дар пайи ба доми фиреб афтондан ва куштани прапоршик Изатуллои Абӯбакр ба даст овардааст...
Як манбаъ аз мақомоти Тоҷикистон, ки мегӯяд, шоҳиди бевоситаи ҳамлаи пурқурбонии шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии Ишқобод дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон будааст, бархе ҷузъиёти онро дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” нақл кард. Сомонаи "Ахбор” таъкид мекунад, ки ин ривояти ҳаводиси шаби 6 ноябр бар пояи суҳбати корманди мақомоти амниятӣ аст ва ташхис ва тасдиқи воқеияти он тавассути манобеи дигар тақрибан имкон надорад.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, василаи тамос байни гуруҳи мусаллаҳе, ки аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон гузашт ва ба посгоҳи сарҳадии Ишқобод ҳамла кард, бо тарафдорони онҳо дар дохили Тоҷикистон мессенҷери Телеграм будааст.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, як сол пеш, ҳамлагароне, ки 4 сайёҳи хориҷиро дар ноҳияи Данғара куштанд, низ тавассути ҳамин мессенҷер робита мекарданд.
Ӯ мегӯяд, аъзои ин гуруҳ аксаран ӯзбекзабон буда, дар байнашон онҳое, ки зода ва шаҳрванди Тоҷикистон нестанд, низ будаанд.Ҳамсуҳбати "Ахбор” мегӯяд, мақомоти амниятии Тоҷикистон бар инанд, ки шумораи ҷангиёне, ки марзи Афғонистонро убур кардаанд, шояд бештар аз ин 20 нафар бошад.
Бино ба нақли ӯ, ҳамлагарон ҳанӯз то 3 ноябр, вақте ки дар Афғонистон буданд, тавассути Телеграм бо афроди ба онҳо наздик дар дохили Тоҷикистон тамос гирифта, хостаанд, то барои онҳо 4 мошин омода кунанд ва то рустоҳои ӯзбекнишини «Лайлакуя» ва «Қизил-Нишон» («Эшонқишлоқ»)-и ҷамоати деҳоти Янгийӯли ноҳияи Қубодиён бирасонанд.
Ин 4 мошин - ду мошини тамғаи "Опел” (якеаш "Опел-Зефира”, як БМВ ва як "Старекс” - ҳангоми ҳамла ба дидбонгоҳи Ишқобод ба коми оташ рафтанд ва корпусҳои сӯхтаашон ҳоло дар майдони ҷаримавии БДА ноҳияи Рӯдакӣ нигоҳ дошта мешаванд (НИГАРЕД БА АКСҲО).
Аммо баргардем ба рӯзҳои қабл аз ҳамла. Мусоҳиби "Ахбор” мегӯяд, ҷангиён аз шарикони тоҷикистонии худ хостаанд мошинҳоро бо роҳи Эсанбой бирасонанд ва якбора дар роҳи рафтан ин роҳро хуб биомӯзанд. Бояд гуфт, ки дар ин роҳи валангоре, ки аз минтақаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ то ноҳияи Қубодиён мебарад, тақрибан ягон постоҳи БДА ВКД ҶТ ва камераҳои назоратӣ вуҷуд надоранд. Хулас, ронандаҳои наздик ба ин гуруҳи ҷангиён рӯзи 3 ноябр, рӯзона чанбари мошинҳо бо рақамҳои душанбегии «01»-ро ба самти Эсанбой тоб дода, дар яке аз НФС-ҳои наздик ба ҷамоати деҳоти Лоҳур маводи сӯхт харида, ба роҳ мебароянд. Ҳамзамон дар тӯли сафарашон бо харитаи роҳи Эсанбой шинос мешаванд, то дар шаби оянда ҳангоми бозгашт азият накашанд.
Бино ба иттилои мақомоти амниятии Тоҷикистон, дар ин ҳангом ҳамон рӯзи 3 ноябр ҷангиён аз он тарафи Амударё роҳи дурустро бо «пайраҳаи террор»-и Қубодиён «чен» карда, аз об бо қаиқҳо гузаштаанд ва шабона вориди деҳаи Лайлакуя шуда, дар хонаҳои «ҳампаймон»-ҳои худ камин мегиранд.
Корвони мошинҳои сохти олмонӣ, иборат аз 4 мошин - ду «Опел», БМВ ва «Старекс» - худи ҳамон шаб дар Қизил-Нишону Лайлакуя бо «меҳмонон» вохӯрда, фардояш як тан сокини маҳаллиро вобаста мекунанд, то аз бозори марказии Қубодиён 4-5 адад олоти бурранда, аз қабили табар, корди бузург ва амсоли он дастраскарда ва дар ягон устои чархгар онҳоро тез кунад. Онҳо дониста маҳз сокини деҳаро барои ин кор фиристоданд, зеро нисбати ӯ дар бозор шубҳае нест, - мегӯяд мусоҳиби "Ахбор”.
Баъди он ки корду табар ба террористон расонида мешавад, онҳо бегоҳи сешанбеи 5 ноябр, вақти говгум (нимторик) аз Лайлакуя ба роҳ баромада, соатҳои наздик ба 3-и шаб ба дидбонгоҳи сарҳадии Ишқобод дар наздикии рустои Султонобод мерасанд. Гуруҳи 20-нафараи маргталаб тибқи маслиҳати пешакӣ як нафар занро бо корд наздикии манораи дидбонгоҳ мефиристанд. Ин дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон воқеъ буда, аз байн дарёи Кофарниҳон мегузарад. Он шаб чун шабҳои дигар хело хунук буду шамоли рӯд ба сардии ҳаво (-1 градус) меафзуд…
Соатҳои 3:10 дақиқа,зани маргталаб зери пероҳани сип-сиёҳ корди калонро дар ниём андохта, назди манорамеояд ва аз «қаровул» бо забони ӯзбекӣ (аз хунукӣ ларзида) имдод мепурсад:
-Бачаҷон, дар ин сардии ҳаво раҳгум задам. Илтимос, поён фарову ба ман раҳ нишон деҳ, ва ё то дамидани субҳ маро дар ягон ҷои гарм нигоҳ дор.
Посбон, прапоршик Иззатуллоҳи Абӯбакр занро бо либоси сип-сияҳ дар торикии шаб дида, нахуст сахт метарсад, зеро дар ин минтақаи бекас одам чӣ мекобад ва фикр мекунад, мабодо ҷин бошад? Автомати «Калашников»-ро «заряжать» карда, сӯяш рост мекунад. Зан ба гиря медарояд, ки «ман модарам, раҳм надорӣ?»
Изатулло, ки қорибача буд дилаш ба он зан месӯзад ва силоҳро оҳиста фароварда,аз зинаҳои манораи дидбонӣ поин меравад. Одатан, ки посбонҳо тибқи ҷадвал 1-2 соат пас навбатро иваз мекунанд, чанд сарбози дигар бидуни огоҳӣ ва маслиҳат аз манора фаромадани Изатуллоро дида, фикр мекунанд, шояд барои қазои ҳоҷат фаромада бошад.
Иззатулло бо боварии том, автоматро чун ҳолати муқаррарӣ дар китф партофта, ба зани сиёҳпӯш наздик шуда, ҳангоми ҳолпурсӣ мехостааст дар бораи ӯ маълумоти бештар пайдо кунад, ки дар ин торикӣ чӣ тавр ва аз куҷо дар ин дашт раҳгум задааст?
Ин ҳин зан корди чун алмос тезро аз ниём кашида, «мак»-и солдатро мегирад ва «Калашников»-и ӯро чанд метр дуртар пушти сангу чуқурие, ки ҳамраҳонаш мепоиданд, ҳаво медиҳад. Ин аввалин силоҳе буд, ки ҷангиён дар дидбонгоҳи Ишқобод ба даст оварданд.
Як нафари чолоки ин гуруҳ автоматро гирифта, сӯи дарвозаи дидбонгоҳ давида, дар дохил сӯи онҳое, ки интизори Иззатуллоҳ буданд, беист тир мекушояд ва беш аз 10 нафар (!!!)-ро якбора аз по меафтонад. Аз пушт чанд тани дигар аз шарикони вай, ки барои силоҳ ба қавле дар «навбат» истода буданд, автоматҳоро соҳиб шуда ва вориди амалиёт мешаванд. Садои ногаҳонии тир бонги хатарро дар дидбонгоҳ баланд мекунад. Раҳбарияти дидбонгоҳ ба «боло»-гуруҳи «Алфа»-и ВКД ҶТ дар ш.Душанбе занг зада, оҷилан дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳ хабар медиҳанд ва кумак мепурсанд. То расидани нерӯҳои «Алфа» ба дидбонгоҳи Ишқобод, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳамлагарон дидбонгоҳро, ки як қисми хеле хурди ҳарбист ва нирӯву силоҳи зиёд надорад, муҳосира ва қариб пурра тасарруф мекунанд.
Манбаи мо мегӯяд, дар ин задухӯрде, ки дар он шаби торику сарди 6 ноябр беш аз як соат идома ёфт, ҳудуди 20 нафар аз ҷониби сарбозону афсарони ҳукуматӣ куштаву маҷруҳ шуданд. Ӯ меафзояд, ҷониби дигар низ талафоти сангин дод, вале бо ин вуҷуд, гуруҳи 20-нафари ҷангдидаи ДОИШ то вопасин нафас истодагарӣ карданд.
Бино ба иттилои расмӣ, шаби 6 ноябр як гуруҳи мусаллаҳ ба посгоҳи сарҳадии Ишқобод дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ҳамла кард. Мақомот гуфтанд, ки ҳамлагарон ҳама узви созмони террористии ДОИШ буданд ва аз Афғонистон бо супориши махсус омаданд. Ба гуфтаи мақомот, 15 ҳамлагар кушта ва 4 тани онҳо зинда дастгир карда шуд.
ДОИШ ахиран масъулияти ҳамла ба посгоҳи Ишқободро ба дӯш гирифт ва гуфт, "сарбозони хилофат” дар ин ҳамла 10 низомии Тоҷикистонро куштаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун ҳалокати танҳо як марзбон ва як корманди милисаро тасдиқ кардаанд, вале ба расонаҳо муяссар шуд, ки исми дастикам 5 марзбони милиса ва як корманди корҳои дохилиро, ки шаби 6 ноябр кушта шуданд, маълум кунанд.
Ин 4 мошин - ду мошини тамғаи "Опел” (якеаш "Опел-Зефира”, як БМВ ва як "Старекс” - ҳангоми ҳамла ба дидбонгоҳи Ишқобод ба коми оташ рафтанд ва корпусҳои сӯхтаашон ҳоло дар майдони ҷаримавии БДА ноҳияи Рӯдакӣ нигоҳ дошта мешаванд:
Сарчашма: https://akhbor.com/-p10465-117.htm
Комментарии (0)