< “Ҳабси абад мехоҳем”. Вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба “Крокус” гуфт, аз додрас ҷазои сахттарин талаб мекунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Ҳабси абад мехоҳем”. Вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба “Крокус” гуфт, аз додрас ҷазои сахттарин талаб мекунад

“Ҳабси абад мехоҳем”. Вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба “Крокус” гуфт, аз додрас ҷазои сахттарин талаб мекунад
Вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба толори консертии «Крокус Сити Холл» дар канораи Маскав гуфтааст, барои гумонбарони ин ҳамла ҷазои сахттарин ва ҳабси абад талаб мекунад. Дар доираи ин парванда 19 гумонбар, аз ҷумла чанд шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Ҳамлаи террористӣ ба толори консертии «Крокус Сити Холл» дар Красногорски вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб диданд. Гумонбарони асосии парванда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Радҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов.

Тафтишоти ин ҳодиса қариб ду сол аст идома дорад ва то ҳол маълум нест, ки ҳамаи боздоштшудагон вакили дифоъ доранд ё не.
Музокироти ахири додгоҳӣ аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ғарбии № 2 пушти дарҳои баста ҷараён дорад.

Людмила Айвар, вакили дифои ҷабрдидагони ин ҳамла гуфтааст: «Дар ҷараёни музокироти додгоҳӣ дар доираи муҷозотҳое, ки қонун пешбинӣ мекунад, ба ҳамлагарони мустақим, инчунин дигар афроди марбут ба ин амали террористӣ ба таъини ҷазои ҳарчи сахттар ва одилона — то ҳабси якумрӣ пофишорӣ хоҳем кард».

Ба қавли Людмила Айвар, ҳадафи ҷабрдидагон интиқомгирӣ набуда, «таъмини адолат ва ҳифзи амнияти ҷомеа аст, зеро терроризм ҷиноятест, ки на танҳо ба шахсони алоҳида, балки ба эҳсоси амният дар кишвар зарба мезанад».

Гуфта мешавад, ки ҷониби ҷабрдидагон ҳамчунин, нисбати гумонбарон даъвоҳои шаҳрвандӣ  пешниҳод кардаанд ва барои қонеъ гардонидани он низ вакили дифоъ талош хоҳад кард.

«Ҳаҷми умумии даъвоҳои шаҳрвандӣ ба даҳҳо миллион рубл баробар аст, аммо дар ин масъала мо хушбин нестем, зеро дар сурати қонеъ шудани талабот аз ҷониби додгоҳ, рӯёнидани он ғайриимкон аст», — изҳор доштааст ӯ.

Қаблан гуфта мешуд, ки ҳаҷми даъвоҳои пешниҳодшудаи ин парванда тақрибан 66 миллион рублро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии зарари расида бошад, 6 миллиард рубл гуфта мешавад. Бояд гуфт, 1700 нафар ва чор ташкилот дар доираи ин парванда чун ҷабрдида эътироф шудаанд.

Муҳокимаи додгоҳии гумонбарони ҳамла ба толори консертии «Крокус Сити Холл» 4 августи соли 2025 оғоз шуда, ҳафтае се навбат дар Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ғарбии № 2 дар яке аз биноҳои Додгоҳи шаҳри Маскав сурат мегирад. Парванда аз ҷомеа ва ВАО пӯшида баррасӣ мешавад.

Пештар хабаргузории ТАСС аз қавли вакили дифои ҷабрдидагон гуфта буд, ки Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода дар мурофиаи аввали додгоҳӣ «ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд».

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий