< “Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард

“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, гуфтугӯи 10-соата бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе барои ҳалли баҳсҳои марзӣ роҳ кушод. Ӯ инчунин зикр кард, ки барои имзои созишномаи марзии сеҷониба дар Хуҷанд Шавкат Мирзиёев нақши муҳим бозидааст.

Содир Жапаров дар қисми дуввуми филми ҳуҷҷатиии «Раисҷумҳур», ки дар бораи фаъолияти раисҷумҳури кунунии Қирғизистон бардошта шуда, 6-уми январ интишор шуд, бархе ҷузъиёти баҳсу даргирии марзӣ ва имзои созишномаи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистону Қирғизистонро ошкор кард. Ӯ ба баҳсу низои марзӣ бо Тоҷикистон тамаркуз карда, онро «рӯзи санҷиши таърихӣ ва ғаму андӯҳ» номида, гуфт, «дигар набояд иҷозат дод, ки чунин ҳодисаи талх такрор шавад».

Жапаров ёдовар мешавад, ки пас аз се моҳи раисҷумҳур шуданаш, 28–29 апрели соли 2021 дар Бодканд миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон даргирии мусаллаҳона сар зад, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт.

Раисҷумҳури Қирғизистон аз деҳаҳои марзӣ, хусусан Бодканд, тахриби хонаҳо ва ранҷи сокинон ёд мекунад ва мегӯяд, ки борҳо ба Бодканд рафта, мушкилоти муҳоҷир кардани аҳолӣ ва барқарорсозиро бо чашми худ дидааст.
 
«Дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем"Жапаров мегӯяд, ки моҳи июни соли 2021, баъд аз поёни даргирӣ, ба Душанбе парвоз карда, сипас дар сатҳи олӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардаанд, то оташбас ва музокиротро ба роҳ монанд.

«Мо бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар як утоқ нишаста, тақрибан 10 соат сӯҳбат кардем, баҳси тезу тунд кардем. Дар ниҳоят, мо ба мувофиқа расидем, ки масъалаҳои асосиро бо роҳи сулҳ ҳал кунем, ба низоъи мусаллаҳона роҳ надиҳем ва марз манбаи ҳамкорӣ бошад, на низоъ», — мегӯяд Жапаров.
Ӯ мегӯяд, ки баҳси асосӣ сари 166 км қисматҳое чун Ворух буд ва аз раванди кор бо харитаҳои шӯравӣ ва комиссияҳои муштарак ёд мекунад.


Дар ин филм суханҳои мустақими Эмомалӣ Раҳмон ё ҷузъиёти баҳси дуҷониба оварда нашудаанд. Ҳама чиз танҳо аз забони худи Жапаров ва аз дидгоҳи ӯ нақл мешавад. Ҳамчунин, ҷузъиёти ҳассоси музокирот, масалан кадом тараф чӣ шарт гузошт ва байни онҳо аниқ чӣ гуфтумон шуд, дар филми ҳуҷҷатӣ ошкоро гуфта намешаванд.

Хадамоти матбуоти сарвари Тоҷикистон дар бораи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров дар Душанбе хабар дода, навишта буд, ки дар он масъалаҳои сарҳад, амният ва пешгирии такрори даргирӣ баррасӣ шуданд. Аммо дар мавриди қариб 10 соат баҳси сарони кишвар ҳарфе зада нашудааст.

Жапаров низоъи марзиро ҳамчун «санҷиши таърихӣ» барои ҳар ду давлат ва минтақа тавсиф карда, мегӯяд, ки ба такрори низоъ набояд иҷозат дод ва Қирғизистону Тоҷикистон бояд сарҳадро ба манбаи ҳамкорӣ табдил диҳанд.
 
Имзои созишнома ва баҳси баъди онСарвари Қирғизистон мегӯяд, ки мулоқоти моҳи июни соли 2021 оғози он раванд шуд, ки мушкил аз сатҳи низоъ ба сатҳи ҳуқуқӣ‑дипломатӣ гузарад ва баъдтар бо имзои созишномаи сарҳадӣ байни ду кишвар ба поён расад.

Пас аз анҷоми раванди делимитатсия дар моҳи декабри соли 2024, марҳилаҳои ниҳоии ҳуқуқӣ сурат гирифтанд:
— 13 марти 2025: имзои созишномаи сарҳади давлатӣ дар Бишкек.

— 31 марти 2025: иваз кардани санадҳои тасдиқӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Жапаров бо ишора ба эътирозҳои дохилӣ таъкид кард, ки табодули заминҳо «баробар» ва бо ҳадафи аз байн бурдани қитъаҳои баҳсбарангези «шахматӣ» сурат гирифтааст.

Сарвари кишвари ҳамсоя бар даъвоҳо дар бораи «додани зиёди замин» эътироз карда, дар ин филм мегӯяд, ки «ҳадаф аз созиш аз даст додани ҳудуд на, балки аз байн бурдани манбаъи низоъ буд».

Созишномаи марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон табодули як силсила қитъаҳои баҳсии заминро дар минтақаи Исфара ва Бодканд пешбинӣ мекунад, ки ҳаҷми онҳо тақрибан баробар (ҳар кадом ҳудуди 190–200 га) мебошад.

Тибқи ин тавофуқ, ба ихтиёри Тоҷикистон роҳ, бозори «Дӯстӣ», қитъаҳои атрофи Ворух ва заминҳои назди Исфара гузашта, Қирғизистон соҳиби заминҳои кишоварзӣ дар Лайлак, Лаккон, Мин-Булоқ ва атрофи «Головной» шуд. Тоҷикистону Қирғизистон кадом қитъаҳоро иваз карданд, пурра ин матлаби «Азия-Плюс» мутолиа кунед.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон ҳам дар ҳамон филм имзои созишномаро «лаҳзаи таърихӣ» номид, ки он ба  «баҳсҳои чандинсола хотима дода, барои сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ имкони зиндагии осоишта фароҳам шуд».
 
Нақши Ӯзбекистон дар муайянкунии хати сарҳади се кишварДар филм Жапаров ба нақши Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҳалли гиреҳҳои марзии минтақавӣ ишора мекунад.
«Баҳси марзӣ танҳо бо Тоҷикистон набуд, балки бо Ӯзбекистон низ идома дошт. Ҳалли масъалаи сарҳад бо Ӯзбекистон пеш аз созиш бо Тоҷикистон, барои Қирғизистон як таҷрибаи муҳим ва калидӣ шуд», — мегӯяд ӯ.
Ба ин далел, Жапаров нақши Мирзиёевро ҳамчун раҳбаре, ки барои суботи Осиёи Марказӣ талош мекунад, баланд арзёбӣ кардааст.
Санади сеҷонибае, ки 31-уми марти соли 2025 дар Хуҷанд бо иштироки се раисҷумҳур имзо шуд, нуқтаи буриши сарҳадҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро расмӣ кард.

Сарвари Қирғизистон дар филм таъкид кардааст, ки пас аз имзои созишнома ва қонунӣ шудани он дар парлумонҳо, баҳсҳои ҳудудӣ хотима ёфтанд ва минбаъд ҳар гуна баҳси нав бояд танҳо дар чаҳорчӯби ҳуқуқӣ, на бо зӯри силоҳ, ҳал шавад.

Бояд зикр кард, ки филми ҳуҷҷатии «Раисҷумҳур» аз чоп қисм иборат буда, то имрӯз танҳо ду қисми он нишон дода шуд. Ва он ҳам танҳо бо забони қирғизӣ.



Таърихчаи масоили марзӣГуфтушунидҳо оид ба таъйин намудани хатти марзи умумӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз соли 2002 оғоз шуда буданд. То соли 2022 онҳо номунтазам ва бо танаффусҳои тӯлонӣ гузаронида мешуданд.

Бар асари номуайян будани хати марз дар минтақа бо сабабҳои тақсими обу замин ва роҳу чарогоҳҳо муноқишаҳо рух медод, ки хидматчиёни ҳарбӣ ҳам иштирок мекарданд.

Моҳҳои апрел-майи соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022 дар марзи байни кишварҳо низоъҳои бузургмиқёси мусаллаҳона бо иштироки хидматчиёни ҳарбӣ рух дода, дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок шудаву осеб диданд. Аз соли 2021 бо қарори ҷониби Қирғизистон сарҳад байни кишварҳо баста шуд.

Муноқишаи ахири бузургмиқёс ҷонибҳоро водор намуд, ки ба ҷараёни гуфтушунидҳо суръат бахшанд.

Ниҳоят 21-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон (КДАМ) созишномаи ниҳоии таъини хати марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 27-уми феврал, дар ҷаласаи Жогорку Кенеш (парламенти Қирғизистон) ҷузъиёти созишномаи муайян кардани марз бо Тоҷикистонро шарҳ дод.

Чаро баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба муноқишаи мусаллаҳона печид? Дар ин матлаби таҳлилии «Азия-Плюс» мутолиа кунед.

Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий