< Расонаҳои Афғонистон: тамаркузи Толибон бар мадрасаҳои динӣ, донишомӯзонро нисбат ба дарс дилсард кардааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Расонаҳои Афғонистон: тамаркузи Толибон бар мадрасаҳои динӣ, донишомӯзонро нисбат ба дарс дилсард кардааст

Расонаҳои Афғонистон: тамаркузи Толибон бар мадрасаҳои динӣ, донишомӯзонро нисбат ба дарс дилсард кардааст
​Хабаргузории «8-и субҳ"-и Афғонистон навиштааст, ки пас аз дубора ба сари қудрат расидани Толибон, таълимоти муосир дар Афғонистон аз рӯйи нақша аз байн бурда мешавад.

Ба гуфтаи ин расона, тамаркузи аслии Толибон ба мадрасаҳои динӣ барои омӯзиши масоили мазҳабӣ аст.

Расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки дар бисёре аз мактабҳо, ба ҷойи таълими фанҳои асосӣ, ба монанди риёзӣ, физика ва кимиё замони бештаре ба мавзуъҳои ҷиҳодӣ, сиёсӣ, ҷангӣ ва масоили фикрии вобаста бо гурӯҳи Толибон ихтисос дода мешавад.

Расонаҳо мегӯянд, ки нигарониҳо дар мавриди коҳиши ҳаваси таълимоти муосир ва афзоиши тамаркуз бар мадрасаҳои динӣ дар сохтори омӯзишии Афғонистон ҳамчунон идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки хонандагон ва донишҷӯёни Афғонистон ба далели мушкилоти иқтисодӣ аз раванди омӯзиш маҳрум шудаанд ва аз сӯи дигар, сиёсатҳо ва сахтгириҳои гурӯҳи террористии Толибон, ононро маҷбур мекунад, ки нисбат ба ин раванд дилсард ва беалоқа шаванд.
Бо ин ҳол, аз рӯйи маълумот Толибон дар баробари сохтани як мактаб, бо маблағи зиёд 15 мадрасаи динӣ сохтаанд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий