< Жозе Моуринйо сармураббии “Реал Мадрид” мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Жозе Моуринйо сармураббии “Реал Мадрид” мешавад

Жозе Моуринйо сармураббии “Реал Мадрид” мешавад
​​Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо шартномаеро ба имзо расониданд, ки то тобистони соли 2028 амал мекунад. Гуфта мешавад, ки ҳамаи ҷузъиёти созиш пурра ҳал шудаанд.

Барои қатъи пеш аз муҳлати шартномаи Моуринйо ба бошгоҳи кунунии ӯ — «Бенфика», дастаи «Реал» 6 миллион евро ҷубронпулӣ пардохт мекунад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Моуринйо дар масъалаи трансферҳои бозигарон дар «Реал» ҳаққи овоз ва нақши муҳим хоҳад дошт.

Ёдовар мешавем, ки Жозе Моуринйо солҳои 2010–2013 низ сармураббии «Реал» буд. Дар он давра ӯ ҳамроҳи даста қаҳрамони Испания гардида, инчунин Ҷоми Испания ва Суперҷоми Испанияро ба даст оварда буд.

Бозгашти мутахассиси португалӣ ба «Сантяго Бернабеу» таваҷҷуҳи зиёди мухлисону коршиносони футболро ба худ ҷалб кардааст.


Сарчашма: varzishtv.tj​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий