< Тоҷикистон ба қатори 3 давлати пешсафи ислоҳотгари соҳаи савдо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дохил шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон ба қатори 3 давлати пешсафи ислоҳотгари соҳаи савдо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дохил шуд

Тоҷикистон ба қатори 3 давлати пешсафи ислоҳотгари соҳаи савдо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дохил шуд
​Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ҷойгир намудани Тоҷикистонро дар қатори 3 давлати пешсафи ислоҳотгар дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба самти беҳтаршавии муҳити мусоиди савдо бо назардошти амалӣ гардидани тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои густариши шаффофияти рақамӣ, коҳиши монеаҳои коғазии расмиёти тиҷорат, сатҳи пайвастшавӣ ба инфрасохтори минтақавӣ, мутобиқат ва устуворӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ марбут донистааст.

Аз ҷумла, дар самти густариши шаффофияти рақамӣ OECD масъалаи такмили маълумоти Портали савдои Тоҷикистонро нисбат ба вазъи соли 2022 назаррасу муваффақ иброз намуда, нақши портали мазкурро барои содироткунандагон ба хотири омӯзиш ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ абзори муҳим шуморидааст.

Дар таҳлили OECD коҳиши монеаҳои коғазии расмиёти тиҷорат дар давраи солҳои 2022-2024 дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоби миёна 3,1 фоиз арзёбӣ гардида, оид ба ин нишондиҳанда дастоварди Тоҷикистон дар сатҳи беш аз 12 фоиз баҳогузорӣ шудааст, ки натиҷаи назаррас барои бартараф намудани монеаҳои наздисарҳадӣ ва расмиёти зиёдатии маъмурӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти мутобиқат ва устуворӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби кишвар татбиқи тадбирҳои категорияи «С"-и Созишномаи содагардонии расмиёти савдо (ислоҳоте, ки бо назардошти муҳлати харитаи роҳ то соли 2040 кумаки техникӣ талаб мекунанд)-ро барои бартараф намудани фарқияти байни қонунгузорӣ ва амалияи онҳо таъкид намудааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир гардиши савдои хориҷӣ бо 128 давлати дунё густариш ёфт. Ислоҳоти Тоҷикистон дар самти муҳити мусоиди савдо аз ҷониби ташкилотои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) баланд арзёбӣ гардидааст.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий