Иди Қурбон 2026 дар Тоҷикистон: санаи баргузорӣ маълум шуд
Имсол дар Тоҷикистон Иди Қурбон 2026 рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад. Ба муносибати иди саиди Қурбон сокинони кишвар як рӯз истироҳат мекунанд.
Тавре Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим хабар дод, субҳи 20 май Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҷаласа баргузор намуда, дар асоси мушоҳидаи моҳ ва хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳо санаи дақиқи Иди Қурбонро муайян кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи қарори қабулшуда ва ҳисоби илмӣ оид ба руъяти ҳилол, Иди Қурбон 2026 дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми май фаро мерасад. Намози ид дар тамоми масоҷиди кишвар соати 06:00 баргузор мешавад.
Ҳамзамон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ба муносибати иди Қурбон шаҳрвандон як рӯз истироҳат мекунанд ва рӯзи баъд аз ид корӣ хоҳад буд.

Иди Қурбон 2026 кай аст?
- Санаи Иди Қурбон 2026 дар Тоҷикистон — 27-уми май
- Вақти намози ид — соати 06:00
- Рӯзи истироҳат — 1 рӯз
Комментарии (0)