< Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид

Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
​Иброз гардид, ки бо мақсади муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар ҷумҳурӣ заминаи кофии меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст. Танҳо дар панҷ соли охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи амният» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.

Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм дар асоси абзорҳои байналмилалии дуҷониба, бисёрҷониба ва минтақавии ҳуқуқӣ ташаккул меёбад, ки ба таъмини сулҳ ва амнияти инсоният мусоидат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт кӯшиш менамояд.

Таъкид шуд, ки бо муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ, заминаи қонунгузорӣ ва таҷриба мо метавонем роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризмро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши аҳаммияти амнияти минтақавӣ пайдо намоем.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий